ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Хабар

Нишасти матбуотӣ

15 июли соли равон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бо иштироки масъулини донишгоҳ ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ аз рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Мароми пойтахт», «Дониш», маҷаллаҳои «Тоҷикистон», «Кишоварз», телевизиони «Ҷаҳонннамо», радиоҳои Тоҷикистон, «Садои Душанбе» нишасти матбуотӣ доир гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Салимзода Амонулло Файзулло дар бораи фаъолияти таълимию илмӣ, тарбияву фарҳангӣ, иқтисодиву хоҷагидории донишгоҳ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2018 – 2019 ва нақшаҳо дар соли хониши 2019-2020 мухтасар маълумот доданд.

Идомаи нишаст ба тариқи саволу ҷавоб сурат гирифт. Рӯзноманигорон ба саволҳои хеш роҷеъ ба  роҳҳои баланд намудани маҳсулнокии чорво ва нақши омӯзгорони донишгоҳ дар ин самт; самаранокии боғҳои интенсивӣ ва аз ҷониби олимони донишгоҳ гузарогидани машғулиятҳои омӯзишӣ бо мутахассисону кишоварзон дар бораи зиёд намудани майдонҳои низоми нави истеҳсолии боғу токзор; тадбирҳои донишгоҳ роҷеъ ба боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим; чораҷӯиҳои донишгоҳ дар бораи бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон; дар кадом поя қарор доштани таъминот бо кадрҳои унвондор дар кафедраҳо ва дигар пурсишҳо ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд

Нишасти матбуотӣ ошкоро ва бо рӯнамо (презентатсия), ки дар он аз ҷадвалу диаграмма, суратҳо ва дигар маводи намоишӣ самаранок истифода гардид, бисёр ҷолибу хотирмон гузашт.