ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Хабар

Санаи 5 сентябри соли 2017 Вохӯрии ректори донишгоҳ бо донишҷӯёни хориҷӣ

Санаи 5 сентябри соли 2017 дар донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур вохӯрии ректори донишгоҳ, узви  вобастаи АИК ҶТ, профессор  Салимзода Амонулло Файзулло  бо  донишҷӯёне, ки  тибқи  мубодила дар доираи  созишномаи ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии  кишоварзии Кемеровои ФР барои таҳсил  фиристонида шуданд,  баргузор гардид.

Салимзода Амонулло Файзулло  донишҷӯёнро  бо самимият қабул  намуда,  ба онҳо саломатӣ ва  хониши аълоро  таманно намуданд. Донишҷӯёни хориҷӣ низ ба ректори донишгоҳ барои шароит фароҳамовардан ва қабули  самимонаашон  изҳори  минатдорӣ  намуда, иброз доштанд, ки дар давоми таҳсил бо баҳои хубу аъло хонда сазоворӣ боварии Шумо мегардем.