ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Хабар

Амалишавии лоиҳаҳои баҳамфоидаовар

Санаи 05.03.2019  муовини аввали вазири  энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  Султон Раҳимзода,   директори Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ Искандар  Абдуллоев, намояндаи марказ  Екатерина  Стрикелева ва намояндагони ташкилоти ЮСАИД ба донишгоҳ ташриф оварданд. 

Муфассал

Ба ифтихори Рӯзи модарон

7 март дар толори фарҳангии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба ифтихори Рӯзи модар тантанаи ҷашнӣ доир гардид. Ректори донишгоҳ, профессор, узви вобастаи АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло ҳозиринро бо фарорасии баҳори нозанин ва ҷашни бонувон самимона муборакбод намуда, аз ҷумла имброз дошт, ки Зан-модар сарчашмаи пайдоиши ҳаётузиндагӣ, иффату покдоманӣ буда, сиришти модар аз меҳру муҳаббати воло дуруст шудааст. Аввалин нафаре, ки ба мо қадам гузоштан, сухан гуфтан, хушахлоқӣ, поквиҷдонӣ ва ватандӯстиро меомӯзад модар аст. Ин вуҷуди бебаҳо пайвандгари наслҳо,  ояндаи ҳаёти мо ва такмилдиҳандаи маънавиёт дар рушду инкишофи ҷомеа шинохта мешавад. Пешвои муазззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатиашон нисбат ба занону модарон диққати ҷиддӣ дода, нақши онҳоро дар тарбияи дурусти фарзандон, тарзи муошират,  муносибату эҳтиром нисбат ба калонсолон ва дар маҷмӯъ барои тарбияи арзишҳои ахлоқии онҳо муҳим арзёбӣ мекунанд. Дарки воқеият ва камоли маърифату саъодат ба воситаи илму дониш ба даст меояд. Аз ин хотир, бояд дар самти баланд бардоштани маърифатнокии занону модарон кӯшиш намоем. Агар модар бомаърифат ва донишманд бошад маърифатнокии ӯ ба фарзандонашон таъсири зиёд расонида шавқу ҳавасро дар замири фарзандон ба вуҷуд меорад ва ба ин восита онҳо ба омӯзиши илму дониш машғул мешаванд.

Муовини ректор оид ба таълим, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур,  профессорон Гулов Саидалӣ Маъмурович, Қодиров Тура Абдулоевич, дотсент Бобоев Шариф Қаноатшоевич низ бонувони донишгоҳ ва дар шахсияти онҳо тамоми модарону хоҳарони кишварро бо ҷашни фархунда табрик намуданд.

Ансамбли халкии «Гулдаста» барномаи рангини консертиро пешкаши иштирокчиён намуд, ки дар ҳавои суруду мусиқӣ базми дилнишин барпо гашт.  Аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба ҳамаи бонувони донишгоҳ ва ба донишҷӯи курси 1-уми факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ Раҳимзода Меҳрона туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.

Вохӯри бо намояндагони шуъбаи минтақавии Донишкадаи байналмилалии идоракунии об дар Осиёи Марказӣ

          Имрӯз дар пойгоҳи донишгоҳ  вохӯри бо  намояндагони шуъбаи минтақавии Донишкадаи байналмилалии идоракунии об дар Осиёи Марказӣ, ки соли 2001 дар шаҳри Тошкенти   Ҷумҳурии Узбекистон барои ҳалли масъалаҳои минтақавӣ  ва  гузаронидани  корҳои илмӣ-амалӣ вобаста ба  масъалаҳои муҳими  об дар Осиёи Марказӣ  ташкил дода шудааст, баргузор гардид. Намояндагони шуъба оид ба фаъолияти худ  дар самти барқароркунии хокҳои шӯр ва ботлоқшуда,  пайваст будани об, энергетика ва озуқаворӣ, танзими норасоии сарчашмаҳои об дар Осиёи Марказӣ, бахусус Ҷумҳуриҳои Узбекистон, Туркменистон ва Тоҷикистон,  баландбардоштани маҳсулнокӣ ва ҳосилнокии  зироатҳои хоҷагии қишлоқ, роҳҳои ҳалли мушкилоти хоҷагидорон  аз норасоии об қайд намуданд.  Иброз намуданд, ки мо дар оянда ҳамкориҳои қавиро дар самти мазкур бо ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур ба роҳ монда, ҷалби мутахассисони соҳаро барои ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳое, ки бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ мегардад, барои мустаҳкам кардани базаи моддию техникии донишгоҳ ба роҳ монем.

      Ректори донишгоҳ, профессор Салимзода Амонулло Файзулло низ оид ба фаъолияти олимони соҳа дар ҳалли  мушкилоти имрӯзаи об  вобаста ба ивазшавии иқлим дар сайёра, тайёр намудани мутахассисони баландпояи ба бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ибрози ақида намуданд. Меҳмононро бовари кунониданд, ки ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ омодаанд дар ҳали масълаҳои мӯбрами рӯз бо Шумо ҳамкорӣ намуда, донишҷӯёну магистрони донишгоҳро бошад дар доираи лоиҳаҳои фаъолдиятнамудаи Шумо дар вилояти Суғд ҷалб намоянд.  

    

 

 

 

 

Бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Точикистон

Субҳи 16-уми ноябри соли ҷорӣ дар саҳни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Точикистон намоиши асарҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон, кормандон, магистрон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона ширкат варзиданд.

Муфассал

Вохӯриҳо дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ

Санаи 16 июли соли 2018 Ректори Донишгохи аграрии Точикистон  ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур профессор Салимзода Амонулло Файзулло Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби  Хуэҷун Тануро, ки ҳамзамон муовини вазири  кишоварзии ин кишвар мебошад, бо  ҳайати кориаш пазируфт.

Муфассал