Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи зироаткорӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво

Davlatov Salmon

 

ДАВЛАТОВ Салмон Ҳақназарович,

мудири кафедраи зироаткорӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво, номзади  илмҳои кишоварзӣ, 

 Яке аз куҳантарин кафедраҳои донишгоҳ буда, соли 1931 баробари таъсисёбии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур ташкил шудааст. Аввалин сарвари кафедра дотсент Назаркин В.В. (1931-1937) буда, минбаъд Иванов В.Н. (1937-1947) ва олимони шинохта мисли Горбунов А.И., Қаюмов Г.К., Кабаев В.Е., Нурматов А.Н.,Эргашев Р.Э., Ҳомидова И.Ҷ., профессорон Сардоров М.Н., Литвинов В.Н., Валиев А.В., Норов М.С.  Қодиров Қ. вазифаи сарварии кафедраро бар ӯҳда доштанд Ҳоло роҳбарии кафедраро дотсент Давлатов С.Ҳ. ба уҳда дорад

      Дар солҳои гуногун олимони шинохта, мисли Қурбонов А., Шредер Р.Н., Мокин Н.М, Уклонская А.В., Матов А.Н., Муратов В.Х., Эргашев Р.Э., Фозилова Т.Б., Гулмамедова Н.К., Ҳотамов М.Т., Раҳимов Ҳ., Нуров Ш. дар кафедра фаъолияти илмиву омӯзгорӣ кардаанд.

Ҳоло дар кафедра профессорон Қодиров Қ.Ғ., Сардоров М.Н., Норов М.С., дотсентон., Абдурашидова И.Ҷ., Давлатов С.Ҳ., омӯзгори калон Аламуратов Б.Б., омузгор Мустафоқулова М.О.,фаъолияти илмию омӯзгорӣ доранд. Устодони кафедра аз рӯи 13 фан ба донишҷӯёни тахассусҳои гуногун таълим медиҳанд.

Кафедра барои омода намудани ихтисоси 740201-"Агрономӣ» ва 740201-2501-«Агрономӣ, иқтисодчӣ, менеҷмент» 1-74020101-Маргзорпарварӣ (чарогохҳпарварӣ) «Агроном чарогохпарвар» махсус гардонида шудааст.

Бо сарпарастии муасисаи давлатии Маркази лоихави Рушти чорводори ва чарогоххо дар кафедра як озмоишгох ташкил карда шудааст, ки он бо лавозимоти таълимӣ таҷҳизонида шудааст ва инчунин як ихтисоси нав 74020101-Маргзорпарварӣ (чарогохпарвари) кушода шудааст.

Ҳамчунин аз рӯи корҳои илмии хеш соҳиби 5 шаҳодатномаи муаллифӣ гардидаанд. Олимони кафедра  муаллифони навъҳои тезпазаки ҷави «Ифтихор-86», ҷуворимаккаи «Шӯҳрат», чормағзи заминии «Тоҷикистон-10», «Тоҷикистон-15», маҳсари «Шифо», кунҷити «Шаҳноза», зағири «Ҳисор-10», сули «Тоҷики-70», қатраборони “Зиддӣ”, юнучқаи “Вахш-300” мебошанд.