Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи забони англисӣ

Rafedrai ANGLISI

 

 

ТУЙҒУНОВ Носир Ҳақбердиевич,

мудири кафедраи забони англисӣ, номзади илмҳои филология, дотсент 

«МО ПЕШ АЗ ҲАМА   БАРОИ РУШДИ СОЛИМИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ТАМОМИ  ТАДБИРҲОРО  МЕАНДЕШЕМ  ВА  ТАНҲО  ДАР  ҲАМИН  ЗАМИНА  ДАР  КИШВАР    ОМӮЗИШИ  ЗАБОНҲОИ  ХОРИҶӢ,  АЛАЛХУСУС,  ЗАБОНҲОИ  РУСӢ   ВА  АНГЛИСИРО  БА  РОҲ  МЕМОНЕМ. АҶДОДОНИ МО БЕҲУДА НАГУФТААНД: «ЗАБОН ДОНӢ - ҶАҲОН   ДОНӢ».  ЭМОМАЛӢ  РАҲМОН.

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур кафедраи забони англисӣ ягона буда, он соли 2001 аз кафедраи забонҳои хориҷӣ ҷудо шудааст. Аз рӯзи таъсисёбии кафедра то соли 2010 м.к. Шамшеров К.Ч. сарварии кафедраро ба ӯҳда дошт.  Шуруъ аз соли 2010 сарварии кафедра ба м.к. Шодиев Ҷ.Т. вогузор карда шуд.

Омӯзгорони кафедра ба донишҷӯёни курси 1, ҳамаи ихтисосхои ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, таҳсили ғоибона ва аспирантону унвонҷӯён аз ду забон: англисӣ ва немисӣ машғулиятҳои амалӣ мегузаронанд. Дар кафедра солиёни зиёд омӯзгорони гуногун фаъолият намуда, таълими забони англисӣ ва немисиро ба роҳ мондаанд, аз он ҷумла, Шамшеров К, омӯзгорони калон Шодиев Ҷ.Т., Азамова М.У., Абдуллоев З., Алишоев З., Исмоилова Р.И., Файзуллоева М.У., Қараев З.Ю., Ҳамидова Т.Ф., Қодирова З.А. Муҳаммадкарим М.Н., Сардорова С.М., Турахонов И.Т., Назирова Г.А., Иброҳимова Х.Қ., Пустиева М.Р., Пулодова М.Н., Давлатов Б.С., Давлатова М.М. ва Бобокаримова Г.Б., ба таълиму тадрис машғул буданд.

Шуруъ аз моҳи сентябри соли 2023 сарварии кафедраро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Туйғунов Н.Ҳ. ба ӯҳда гирифт. Айни замон дар кафедра шумораи омӯзгорон зиёд шуда истодааст, ки аксари онҳо устодони варзида мебошанд, ба монанди Исмоилова Р.И., Муҳаммадкаримӣ М., Хамидова Т. Ф., Бобокаримова Г.Б., Атоева Ҳ.., Дустмуродов Р.Ш., Амакиев Ю. ва дигарон.

Дар кафедра барномаҳои нави таълимӣ ва силлабусҳои фанӣ тайёр карда шудааст, ки бозгӯи талаботҳои ҷомеаи имрӯза буда, мутобиқ ба раванди барномаҳои нави таълимии мактабҳои олии кишвар мебошанд.

Ҳайати омӯзгорони кафедра дар ҳамаи факултаҳои донишгоҳ аз ду фанни таълимӣ ба донишҷӯён дарс мегузаранд. Мутобиқи барномаҳои таълимӣ дар кафедра саволномаҳои тестӣ-имтиҳонотӣ, саволномаҳои рейтингҳои фосилавӣ тайёр карда шудааст. Дар назди кафедра курси кӯтоҳмуддати омӯзиши забони англисӣ ташкил карда шудааст, ки баъди анҷоми курс ба донишҷӯён гувоҳнома (сертификат) дода мешавад.

Таи ду соли охир аз ҷониби омӯзгорони кафедра 6 дастури таълимӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ, якчанд муҳовара ва луғатҳо таҳия шуда ба чоп расидааст.

Аз он ҷумла:

  1. English for Finance students - (муаллифон: Туйғунов Н, Хамидова Т, Мухаммадкаримӣ М)
  2. English for Vet Doctors - (муаллифон: Туйғунов Н, Мухаммадкаримӣ М, Бобокаримова Г.)
  3. English for engineering students - (муаллифон: Туйғунов Н, Бобокаримова Г. Исмоилова Р.)
  4. English for Geodesy and Land Management student - (муаллифон: Туйғунов Н, Исмоилова Р.)

Дар кафедра ба корҳои илмӣ аҳамияти калон дода мешавад.  Омӯзгорони кафедра дар мавзӯи «Омӯзиши истилоҳоти кишоварзӣ дар забонҳои тоҷикӣ-англисӣ-немисӣ ва мураттабсозии фарҳангҳои соҳавӣ» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда истодаанд. Дар ҳамин асос омӯзгорони кафедра дар конфронсҳои донишгоҳӣ ва дигар донишгоҳҳо бо маърӯзаҳо баромад менамоянд ва мақолаҳояшон ба чоп мерасанд. Кафедра бо ташкилотҳои хориҷӣ, бо сафоратхонаи давлати Амрико, сафоратхонаи ҷумҳурии Ҳиндустон, сафоратхонаи ҷумҳурии Олмон ҳамкорӣ дорад ва омӯзгорони кафедра аз рӯи барномаҳои онҳо ба монанди «ITEC», «DAAD» ва ғайра ба ин давлатҳо рафта такмили ихтисос мегузаранд.       

Омӯзгорон ба донишҷӯён дар дарсҳои забонҳои англисӣ ва немисӣ дар бораи муқаддасоти  миллӣ, рамзҳои давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, риояи қоидаҳои донишҷӯӣ сӯҳбатҳо ороста, саволу ҷавобҳо ташкил менамоянд.

Барномаи  корӣ   дар  асосӣ  консепсияи   миллии  тарбия  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, нақшаи корҳои  тарбиявии  донишгоҳ  ва  факултет  тартиб  дода  шудааст.

Ҳайати кафедра    саъю  кӯшиш   доранд, ки   роҳу  усулҳои  самараноки таълиму  тарбияро   истифода  бурда,  дар   тайёр  кардани  мутахассисони  соҳаи  кишоварзӣ  саҳми   худро  гузоранд. Бедории завқ ва масъулияти аз бар намудани дониши касбии донишҷӯ аз эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҳар як омӯзгор вобастагии ногусастанӣ дорад.

 Дар соатҳои тарбиявӣ тамоми масоили корҳои тарбиявии донишҷӯён аз назар гузаронида муҳокима карда мешаванд. Омӯзгори кафедра сарпарастии гурӯҳи академии донишҷӯёнро ба ӯҳда доранд.

Иҷрои корҳои тарбиявӣ дар кафедра хуб ба роҳ мондашуда ба факултет имконият додаст, ки дар тамоми чорабиниҳои донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, дар байни дигар факултетҳо ҷои намоёнро ишғол намоянд.