Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи воситаҳои энергетикӣ ва бехатарии меҳнат

Kamolov T

 

Камолов Тоҳир Мухторович,

мудири кафедраи воситаҳои энергетикӣ ва бехатарии меҳнат, номзади илмҳои текникӣ, дотсент

 

Кафедраи воситаҳои энергетикӣ  ва бехатарии меҳнат дар натиҷаи муттаҳидшавии кафедраҳои тракторҳо ва автомобилҳо  ва бехатарии фаъолияти ҳаётӣ  моҳи декабри   соли 2015 таъсис дода шудааст.     

Кафедраи тракторҳо ва автомобилҳо  моҳи сентябри соли 1946 ва кафедраи бехатарии фаъолияти ҳаётӣ соли 1979 ташкил  шудаанд.

 Дар айни замон  дар кафедра  аз фанҳои  тракторҳо ва автомобилҳо, сӯзишворӣ ва масолеҳи молиданӣ, техникаи гармӣ ва истифодабарии гармӣ дар кишоварзӣ, бо гармӣ таъминнамоии  кишоварзӣ, бехатарии фаъолияти ҳаётӣ дар истеҳсолот, бехатарии фаъолияти ҳаётӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, эргономика ва психологияи муҳандисӣ, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дарс омӯхта мешаванд.

Айни замон дар  кафедра номзадҳои илмҳои техникӣ, дотсентон  Ка-молов Т.М. - мудири кафедра  (аз соли 2001), Ризоев И.Б. (аз соли 1988), Насридинов А.С. (аз соли 1989),  омӯзгорони  калон Муҳаммадиева С. Ғ. (аз соли 2014),  Бобоев И.Ф. (аз соли 2007),  ассистентон Шокирхӯҷаев А.А. (аз соли 2007),  Назиров Н.С. (аз соли 2018),  Ҷаборзода Н.Ҷ. (аз соли 2010),  Абдулов Я. (аз соли 2021) ,  Қурбонов А. (аз соли 2021) ба таълиму тарбия машғуланд.

Таҷҳизоти таълимии озмоишгоҳҳои кафедра  дар факултет  яке аз беҳтарин  ба ҳисоб меравад. Дар кафедра  озмоишгоҳ ва синфхонаҳои амалкунандаи сохти трактору автомобилҳо, санҷиши муҳаррикҳои дарунсӯз ва дастгоҳҳои сӯзишворидиҳанда, таҷҳизоти барқии трактору автомобилҳо, сузишворӣ ва масолеҳи молиданӣ,  техникаи гармӣ, бехатарии фаъолияти ҳаётӣ дар истеҳсолот ва бехатарии фаъолияти хаётӣ дар холатҳои фавқулодда мавҷуд буда,  барои омӯзиш омода мебошанд.

 Дар кафедра дар даврони Истиқлолият  12 китоби дарсӣ, 6 дастури услубӣ барои иҷрои корҳои курсӣ, 122 дастури услубӣ барои  гузарони-дани машғулиятҳои  амалию озмоишӣ   ва бештар аз 425  мақолаҳои илмӣ омода шуда, чоп шудаанд.

Самтҳои кори илмии кафедра гуногун буда, аз соли 1959 бо тадқиқоти кори дизелҳои тракторӣ дар шароити кӯҳсор оғоз шудааст. Инчунин дар кафедра тадқиқотҳо оид ба гузаронидани кори муҳаррикҳои дизелии  тракторӣ ба сӯзишвории газӣ-дизелӣ , равғанмолии трансмиссияи тракторҳоро дар шароити ҳарорати баланд ва чанголудии ҳаво; дар соҳаи истифодабарии энергияи офтоб барои талаботҳои технологии кишоварзӣ;  истифодабарии форсункаҳо, насосҳои сӯзишворидиҳандаи фишорбаланд ва муҳаррикҳои  дизелӣ дар шароити экстремалии ноҳияҳои пахтакори Тоҷикистон; дар самти  баҳодиҳии нишондодҳои техникӣ-иқтисодии агрегати кишоварзӣ бо трактори газӣ-турбинӣ   ва  бехатарии мошинҳои ҳаракаткунанда дар асоси таҳлили ба талаботҳои бехатарӣ мутобиқ будани ҳолати техникии онҳо;  ҳолати муҳофизати меҳнат  дар хоҷагиҳои иҷоравӣ ва деҳқонӣ гузароида шудаанд.

Дар айни замон устодони кафедра таҳти роҳбарии  мудир  дотсент Камолов Т. М. дар  мавзӯҳои «Коркарди тарзҳои  сарфаи   сузишворӣ ва масолеҳи  молиданӣ  барои  муҳаррикҳои тракторӣ ва баланд бардоштани  самаранокии  системаи  сӯзишворидиҳанда», «Роҳҳои истифодабарии манбаҳои алтернативии энергия дар  Тоҷикистон», «Баланд  бардоштани дараҷаи бехатарии мошинҳои ҳаракаткунанда дар комплекси аграрӣ -саноатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такомул додани усулҳои муҳандисию-техникӣ ва воситаҳои пешгирии захмдоршавӣ» ва «Пешгӯии ҳолатхои фавқулодда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  корҳои тадқиқотӣ бурда  истодаанд.

mk traktpr 2

Кафедра бо олимон ва пойгоҳҳои илмии Донишгоҳи техникии Тоҷи-кистон ба номи М.Осимӣ,  Донишгоҳи аграрии Санкт - Петербурги  Федератсияи Руссия, Пажуҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии механиконӣ ва барқикунонии шимолу шарқи  Федератсия Русия, Донишгоҳҳои  шаҳрҳои Кассел, Берлин ва Ройтлингени  Ҷумҳурии Федеративии Олмон алоқаи илмӣ  дорад .

Кафедра бо истҳсолот алоқаи зич дорад ва чунин соҳаҳоро дар бар мегирад: гузаронидани ёрии методӣ бо мутахассисони муҳофизати меҳнати хочагиҳои сохаи кишоварзӣ; расонидани ёрии амалӣ барои ҷорӣ намудани системаи идоракунии  муҳофизати меҳнат дар хоҷагии таълимии донишгоҳ; нигоҳ доштани робитаҳои доимӣ бо Бозрасии назорати техникии Вазорати кишоварзӣ, нозироти техникии иттифоқҳои касабаи коркунони соҳаи агросаноатӣ, кафедрахои донишгоҳҳои ҷумҳурӣ; омӯхтани комёбиҳои нави илм ва истеҳсолоти пешқадам дар кори  бехатарии фаъолияти меҳнат; ҷорӣ намудани дастгоҳҳо оид ба истифодабарии манбаҳои барқароршавандаи энергия дар хоҷагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Натиҷаи чунин ҳамкориҳо буд, ки соли 2018 дар хоҷагии ба номи Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор филиали кафедра кушода шуд.

mk traktpr