Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ

 

ДАВЛАТОВ Мақсудҷон Нарзиалиевич,
мудири кафедраи парандапарварӣ  ва занбӯриасалпарварӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент

Кафедраи парандапарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ аз моҳи сентябри соли 2014 аз дохили кафедраи зоотехнияи ҷузъӣ ҷудо гардида, бо роҳбарии доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Шарипов А. фаъолиятро оuоз кардааст.

Ҳоло дар кафедра номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Давлатов М.Н., д.и.к., профессор Шарипов А., д.и.к., академики АИКТ Комилзода Д.Қ., н.и.к., дотсент Раҳматова С.А., омӯзгори калон, Зубайдов К.Ш. ва ташхисгар Каримзода Б.Р. банди корҳои таълимӣ ва тадқиқотҳои нав мебошанд.

Дар кафедра солҳои охир бо ташаббуси мудири кафедра сексияи занбӯриасалпарварӣ ва парандапарварӣ кори худро оuоз кардааст, ки дар он дӯстдорони соҳа ва донишҷӯён гирд омада, таҷрибаи худро онҳо дар ин сексия сайқал медиҳанд. Аз давраи ташкилёбӣ дар кафедра 8 нафар унвонҷӯён таҳти роҳбарии профессор Шарипов А. рисолаи номзадии худро оид ба масъалаҳои соҳаи занбӯриасалпарварӣ ҳимоя кардаанд. Айни ҳол дар кафедра 1 унвонҷӯ, 2 докторант ва 2 магистр машғули корҳои илмӣ мебошанд.

Ин кафедра вобаста ба талаботи бозори меҳнат мутахассисони соҳаи парандапарварӣ ва занбӯриасалпарвариро тарбия карда, ба воя мерасонад. Дар кафедра айни замон китобҳои дарсӣ, дастурамалҳо ва дастурҳои методӣ барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, корҳои мустақилона ва дарсҳои назариявӣ зиёданд. Омӯзгорони кафедра ба донишҷӯёни факултетҳои агрономӣ, агробизнес, боuдорӣ ва зооинженерӣ тартиби ташкил ва идоракунии соҳаи парандапарварӣ ва занбӯриасалпарвариро меомӯзонад.

Аз тарафи омӯзгорони кафедра дар солҳои охир 3 китоби дарсӣ «Асосҳои назариявии занбӯриасалпарварӣ», «Афзоишдиҳӣ ва корҳои селексионӣ дар занбӯриасалпарварӣ» ва «Технологияи нигоҳубини оилаи занбӯри асал» аз чоп бароварда шуданд.

Кафедра бо Шуъбаи технология ва селексияи занбӯри асали Институти чорводории АИКТ, КВДЗ «Асали Тоҷикистон», КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон», ҶДММ «Шайхи Холмаҳмад»-и ноҳияи Рӯдакӣ, ΧДММ «Асал»-и ноҳияи Рашт, ҶДММ «Рушди Парандапарварӣ», Институти занбӯриасалпарварии шаҳри Рязани Федератсияи Россия, ДДАР-АКМ ба номи К.И. Тимирязеви ш. Москва ҳамкории зич дорад.

Дар солҳои охир бо ташаббуси мудири кафедра бо дастгирии лоиҳаи «Мукамалгардонии нақшаҳои таълимӣ» дар назди кафедра озмоишгоҳи занбӯриасалпарварӣ бо тамоми таҷҳизоти лозимӣ ташкил карда шуд, ки дар он санҷиши маҳсулоти занбӯри асал, омӯзиши хусусиятҳои биологии занбӯрон, иҷрои корҳои зотпарварӣ гузаронида мешавад.

Инчунин, бо корбарии қисми илм ва маркази робитаҳои донишгоҳ ва дастгирии барномаи рушди чорводорӣ аз тарафи омӯзгори кафедра, номзади илмҳои кишоварзӣ Зубайдов К.Ш. лоиҳаи занбӯриасалпарварӣ тартиб дода шуда, дар асоси он дар хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии «Ҳисор»-и назди донишгоҳ ташкили 100 оилаи занбӯри асал ва иҷроиши корҳои зотпарварӣ дар занбӯриасалпарварӣ дар назар дошта шудааст.