Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи назарияи иқтисодӣ

Shamoliddin

 НАСРИДДИНОВ Шамолиддин Сайфиддинович,

мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Кафедра соли 1964 бо номи иқтисоди сиёсӣ ва соли 1996 бо талаботи замон номи он ба назарияи иқтисодӣ иваз карда шудааст.

 Мудирони кафедра:

  • солҳои 1964-1996 – д.и.и., профессор Миракилов.Т.М.
  • солҳои 1996-2005 – д.и.и., профессор Эргашев А.Э.
  • солҳои 2005- д.и.и., профессор Самандаров И.Ҳ.
  • солҳои 2006- н.и.и., дотсент Олимов А.Х.
  • солҳои 2007- н.и.и., дотсент Баева Н.Х.
  • солҳои 2007-2010 д.и.и., профессор Пириев Ҷ.С.
  • солҳои 2010-2016 д.и.и., профессор Ашуров И.С.
  • солҳои 2016-2018 н.и.и., дотсент Бобоев Ш.Қ.
  • солҳои 2018-2021 н.и.и., дотсент Ашуров Ш.А.
  • аз соли 2021-2026 н.и.и., дотсент Кабировзода С.Ҷ.
  • аз соли 2026 то ҳозир н.и.и., Насриддинов Ш.С.

Ҳайати коллективи кафедра: Пиризода Ҷ.С. д.и.и., профессор, н.и.и., дотсент Ашуров Ш.А., Кабирзода С.Ҷ., Насриддинов Ш.С., Пирназаров Ш.М., омӯзгорони Махсуддинов А.М., Ятимова Б.М., Абдуалимов Ф.Ҷ. ва лаборант Сафарзода А.Т.

Устодони кафедра аз фанҳои: назарияи иқтисодӣ, асосҳои назариявии рушди устувори кишоварзӣ, бизнес - нақша, назария ва таърихи рушди сайёҳӣ, , нархгузорӣ, макроиқтисодӣ, таъмини бехатарӣ дар сайёҳӣ ва таърихи афкори иқтисод дар шуъбаҳои рӯзонаву ғоибонаи ҳамаи факултетҳои донишгоҳ дарс мегузаранд.

Мувофиқи талаботи дохили донишгоҳӣ ва бо дастгирии раёсати донишгоҳ матни мухтасари лексияҳои фаннӣ аз чоп бароварда шуда, нусхаи электронии онҳо дар китобхонаи донишгоҳ ҷойгир карда шудааст. Устодони кафедра дарсҳои худро ба дараҷаи баланди тахассусӣ гузаронида, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгӯ омода намоянд. 

Барои самаранок гузаронидани дарсҳо ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷуён дар кафедра як қатор дастурҳои методӣ тайёр карда шудааст: аз он ҷумла курси мухтасари лексия доир ба фанҳо, силлабусҳои фаннӣ, дастурҳои методӣ оид ба иҷрои кори хатми бакалаврӣ, рисолаи магистрӣ, кори курсӣ ва назоратӣ омода гардида аст.

Устодони кафедра дар асоси мавзуи кори илмӣ-тадқиқотии тасдиқшуда барои солҳои 2025-2030 «Принсипи рушди устувори Ҷумҳури  Тоҷикистон дар шароити гузариш ба иқтисодиёти «Сабз» » корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда, мувофиқи нақшаҳои тасдиқшуда ҳисоботҳо ва мақолаҳои илмӣ чоп карда истодаанд. Дар давоми понздаҳ соли охир дар назди кафедра зиёда аз 11 аспирантон рисолаҳои номзадии худро ҳимоя кардаанд.

Кори тарбиявӣ дар давоми сол аз гузаронидани соатҳои кураторӣ суҳбатҳо бо волидайни донишҷӯён иборат мебошад. Устодони кафедра ба ҳайси кураторони гӯруҳҳои академӣ фаъолият доранд. Дар соатҳои кураторӣ ба масъалаҳои рӯзмарраи сиёсӣ – иқтисодию-иҷтимоӣ  ва дар бораи баланд бардоштани сатҳи кӯшишу ғайрат, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ, интизом, омӯхтани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва риояи талаботҳои дохили донишгоҳӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад.