Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи беҳдошти ветеринарӣ

Imatshoev I

 

  ИМАТШОЕВ Иматшо Холдорович,

 мудири кафедраи беҳдошти ветеринарӣ, номзади  илмҳои ветеринарӣ, дотсент   

 

 

Бо мақсади таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландпояи соҳаи ветеринарӣ бо фармони ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур таҳти №51 аз 16.06.2011 с. дар назди факултети тибби ветеринарӣ, кафедраи беҳдошти ветеринарӣ ташкил карда шуд.

Дар кафедра аз рӯзи таъсисёбиаш дотсентон Иматшоев И.Х., Шадыбаева Р.Ҳ. омӯзгорони калон  Шеров Н.Ф., Соҳибов Ш.С., Азизов Р.А., омӯзгорон Тупалов А.Ф., Кулобизода Б.С. ва ташхисгар Назарова М.М. кору фаъолият карда истодаанд.

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш кафедра фаъолияти худро дар самти тайёр намудани мутахассисони баландпояи беҳдошт ва озмоиши ветеринарӣ, тибби ветеринеарӣ, тибби ветеринарӣ-фарматсевт, технологияи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ, метрология, стандартизатсия ва сертификатсия ва инчунин тайёр намудани маводҳои таълимӣ бо забони давлатӣ равона намудааст. Айни ҳол зиёда аз 36 дастури методӣ ва 5 китоби дарсии тахассусӣ ба забони давлатӣ тайёр карда шудааст.

fakulteti tibbi veterinari

Дар кафедра аз рӯи 16 фан ба донишҷӯёни факултетҳои тибби ветеринарӣ, зооинжинерӣ ва агробизнес дарс гузаронида мешавад, ки аз онҳо фанҳои зерин; зооантропозоонозҳо ва зооантропаразитҳо, бехатарии биологии маҳсулотҳо (биологическая безопастьност сыря и продуктов животного происхождения), беҳдошти ихтибори ветеринарӣ (ветеринарно санитарная экспертиза), молшиносӣ, бехатарии биологӣ ва ихтибори молҳо (товароведение, биологические безопастностьи и экспертиза товаров), беҳдошти микробиологӣ (санитарная микробиология), озмоиши ветеринарии судӣ (судебная ветеринарная экспертиза), назорати давлатӣ дар вақти воридот ва содирот (государственный ветеринарный надзор при импорте и экспорте), назорати давлатии ветеринарии дар истеҳсолот (производственный ветеринарно-санитарний контроль), назофот бо беҳдошти хӯрока (гигиена питание) фанҳои тахассуси ба ҳисоб мераванд.

Мақсади тайёр намудани мутахассисони беҳдошти ветеринарӣ иборат аст:

  1. Пешгирии бемориҳои зооантропозоонозӣ ва зооантропаразитӣ;
  2. Пешгирии воридоти маҳсулоти ғизоии олудаи барангезандаҳои сироятӣ;
  3. Экспертизаи беҳдоштию – микробиологии маҳсулоти ғизоӣ;
  4. Ба аҳолӣ пешниҳод намудани маҳсулоти ғизоии аз чиҳати беҳдоштӣ хушсифат ва коршоям;
  5. Ҳифзи муҳити зист ва солимии инсон ва ҳайвонот;
  6. Назорати беҳдоштию - назофотӣ аз болои фаъолияти муассисаҳои коркарди маҳсулоти чорводорӣ.

Кафедраи беҳдошти ветеринарӣ фаъолияти худро бо ҳамкории дуҷониба бо Маркази миллии ташхиси бехатарии озуқавории Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Марказҳои ташхиси бехатарии озуқавории шаҳру ноҳияҳои марказӣ ва берун аз марказ ба роҳ мондааст.

Дар тӯли фаъолияти худ кафедра зиёда аз 180 нафар мутахассисони соҳаи беҳдошт ва озмоиши ветеринариро барои истеҳсолот тайёр ва сафарбар намудааст, ки айни ҳол онҳо баҳри таъмин намудани амнияти бехатарии озуқаворӣ дар соҳаҳои гуногуни давлатӣ кору фаъолият намуда истодаанд.