Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи меваю сабзавот ва токпарварӣ

Jamshed

 

 

 

СОЛИҲОВ  Ҷамшед Мирзоевич,
и.в. мудири кафедраи меваю сабзавот ва токпарварӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент

 Меваю сабзавотпарварӣ, кафедра, баробари таъсисёбии донишгоҳ ташкил ёфтааст. Аввалҳо ба он Ховренко М.А., Жучков Н.Т., Тупиков сарварӣ менамуданд. Солҳои 1952-1968 ба кафедра дотсент Гулмамедов М.Г. роҳбарӣ менамуд. Соли 1968 дар асоси кафедраи "Боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ" кафедраи "Ҳимояи наботот" кушода шуд. Кафедра соли 1984 аз нав таъсис ёфт ва ба он дотсент Силвандер В.Т. сарварӣ кард. Солҳои 1993-1997 ба кафедра доктори илмҳои биологӣ, профессор Гулов С.М. сарварӣ кардааст. Аз соли 1997 то 2003 сарварии кафедраро Корманди шоистаи Тоҷикистон Урунов Ф.У. Солҳои 2003-2008 сарварии кафедраро дотсент Воҳидов А.В. Солҳои 2008-2018 номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Маҳмадқулов Ҳ.М. Солҳои 2018-2020 номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Эмомов Х.А. ба уҳда дошт.

Аз 1 ноябри соли 2020 то имрӯз сарварии кафедраро дотсент Солиҳов Ҷ.М.. ба ӯҳда дорад. Дар кафедра ҳоло устодони бомаҳорат профессорон Гулов С.М., Ахмедов Т.А.,  Назиров Ҳ. дотсент Солиҳов Ҷ.М. омӯзгорони калон Аюбов Э. ва Мирзоев Ш.Ҷ. ассистентон Раҳмонеов Ш., Давлатова Р. ва Юлдошев З  фаъолият доранд . Дар муҳлати таъсиси худ кафедра зиёда аз 1500 мутахассиси баландихтисоси соҳаи боғу токпарварӣ ва сабзавоткориро тайёр карда, ба истеҳсолот фиристодааст.

Дар кафедра донишҷӯён аз рӯи ду ихтисос  740204-“Меваю сабзавотпарварӣ” ва 7402042501-“Агрономи боғпарвар-иқтисодиёт” таҳсил доранд.

Дар кафедраҳои мазкур олимон ва устодони соҳибтаҷриба фаъолият намуда, ба таълиму тарбияи донишҷӯён ва таёр намудани мутахассисони варзидаи муҷтамеи агросаноатӣ машғуланд. Хатмкунандагон метавонанд дар соҳаи боғдорӣ, меваю сабзавот ва ангурпарварӣ фаъолият намоянд. Баъди хатми Донишгоҳ метавонанд ҳамчун мутахассис  ба  хоҷагиҳои деҳқонӣ,  саҳҳомӣ, шартномавӣ ба сифати роҳбар кор ва фаъолият намоянд. Ҷумҳурии мо ба мутахассисони баланд ихтисос ва болаёқати соҳаҳои боғпарварӣ, меваю сабзавот ва ангурпарварӣ эҳтиёҷи калон дорад. Ғайр аз ин онҳо метавонанд ба сифати сармутахассиси соҳа дар идораи кишоварзӣ, ассосиятсияҳои саҳҳомии боғутокпарварии ноҳияҳо, дар секторҳои  ҳукуматӣ ҳамчун мутахассис кор ва фаъолият   намоянд.

   kafedra meva