Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи "Менеҷмент ва соҳибкорӣ"

Boboazizov Sh

БОБОАЗИЗЗОДА Шамшод Абдуғафур,
мудири кафедраи менеҷмент ва соҳибкорӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Кафедраи менеҷмент ва соҳибкорӣ соли 1978 аз ҳайати кафедраи иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ ҳамчун кафедраи идоракунии иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ ҷудо ва таъсис дода мешавад. Мудири аввалини кафедра шодравон Анваров М.А. – н.и.и., дотсент таъин карда мешавад. Солҳои 1980-1986 кафедраҳои иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ ва идоракунии иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ якҷоя карда шуда, мудири он н.и.и., дотсент Ковалев Н.К. интихоб мегардад. Солҳои 1986-1997 бо ташкил шудани лабораторияи мошинҳои электронии ҳисоббарор (АВОК) кафедра бо номи идоракунӣ ва информатика ташкил карда шуда, мудирии он ба уҳдаи д.и.и., профессор Назаров А.А. вогузор карда мешавад. Соли 1997 дар натиҷаи ворид намудани тағйирот ба сохтори кафедраҳои донишгоҳ, кафедра бо номи менеҷмент ва соҳибкорӣ ташкил карда шуда, вазифаи мудирии онро то соли 2006 н.и.и., дотсент Миркамолов А. Солҳои 2008-2019 н.и.и., дотсент Исломов Ғ.Ҳ.иҷро намудааст. Аз соли 2019 то инҷониб вазифаи мазкурро н.и.и., дотсент  Бобоазиззода Ш.А. ба уҳда дорад.

Аз соли ташкилшавии кафедра дар он олимони соҳаи иқтисодиёт ба монанди Анваров М.А., Ковалев Н.И., Бобоҷонов Н.Б., Назаров А.А., Асроров И.А., Мадаминов А.А., Миркамолов А., Акрамов Ш., Мирзоев Б., Элмуродов З., Ҷамолиддинов Н., Ойев Х., Шукуров И., Ғуломов Х., Исмоилов А.А., Адылова Н.Х., Аббосов М., Анваров И.М., Асенова З., Зоиров Ф.Н., Раҳимов М.Ғ.  ва дигарон фаъолият намудаанд.

Омӯзгорони кафедра аз фанҳои таълимии асосҳои менеҷмент, асосҳои соҳибкорӣ, асосҳои маркетинг, менеҷменти стратегӣ, менеҷменти молиявӣ, низоми идоракунии корхона, менеҷменти инноватсионӣ ва идоракунии зиддибуҳронӣ дар шуъбаҳои рӯзонаву ғоибонаи ҳамаи факултетҳои донишгоҳ дарсҳои назариявию амалӣ мегузаранд.

Барои донишҷӯён ба ғайр аз омӯхтани фанҳои замонавии ба ихтисосашон тааллуқ дошта дарси тарбиявию ҳаётӣ гирифтан ниҳоят зарур аст. Аз ин рӯ қисми таркибии корҳои тарбиявию маданӣ фаъолияти устодони кафедра мебошад, ки донишҷуёнро ба маърифатнокӣ, боинтизомӣ, меҳнатдӯстӣ поквиҷдонӣ ва ватанпарварӣ ҳидоят менамояд.

Корҳои тарбиявии кафедра дар асоси Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи дастуру супоришҳои директивӣ ва доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ ташкил ва гузаронида мешавад.

Мувофиқи талаботи дохилидонишгоҳӣ ва бо дастгирии раёсати донишгоҳ матни мухтасари лексияҳои фаннӣ аз чоп бароварда шуда нусхаи электронии онҳо дар китобхонаи электронии донишгоҳ ҷойгир карда шудааст. Устодони кафедра   дарсҳои   худро   ба   дараҷаи   баланди   тахассусӣ гузаронида, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шогирдонашон усулу услубҳои нави иқтисоди бозоргониро вобаста ба фанни омӯхташаванда хуб азхуд намоянд.  

Барои самаранок гузаронидани дарсҳо ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷуён дар кафедра якқатор дастурҳои методӣ тайёр карда шудаанд, аз он ҷумла, курси мухтасари лексия доир ба фанҳои таълимӣ, силлабусҳои фаннӣ, дастурҳои методӣ оид ба иҷрои кори хатми бакалаврӣ, рисолаи магистрӣ, кори курсӣ, таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ ва ғайра.

Устодони кафедра дар асоси мавзӯи «Баланд бардоштани сатҳи таъминнокӣ бо кадрҳои идоракунӣ – асоси тараққиёти истеҳсолоти кишоварзӣ» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда, мувофиқи нақшаҳои тасдиқшуда ҳисоботҳо ва мақолаҳои илмӣ аз чоп баровардаанд. Дар давоми понздаҳ соли охир дар назди кафедра зиёда аз 10 нафар аспирантону унвонҷӯён рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд. Ҳоло бошад омӯзгорони кафедра дар асоси мавзӯи тасдиқшуда барои солҳои 2016-2020 дар мавзӯи “Нақши кадрҳои идоракунӣ дар таъмини рушди устувори сектори аграрии Тоҷикистон” корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодаанд.