Кафедраи механикаи назариявӣ ва гракфикаи муҳандисӣ
ЮНУСОВА Сурайё Сафарбеговна,
мудири кафедраи механикаи назариявӣ ва гракфикаи муҳандисӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ
Кафедра соли 1954 ташкил шудааст. Дар кафедра профессорон Ризоев А.Б., Ғаффоров А., дотсентон Исоев У.П. номзади илмҳои техникӣ Ҷамилзода М. омӯзгорони калон Бердиев С.С. Абдураҳмонова Ш.А., Муҳибуллоев Б.Х., ассистентон Саидамиров С.М., Валиев С.З., Ашуров Т.Ш. ва Наҷмуддинов Н.Ф. фаъолияти омӯзгорию илмӣ менамоянд.Корҳои илмӣ-тадқиқотии омӯзгорони кафедра дар мавзӯи «Такмилдиҳии равандҳои технологии мошинҳои ҳосилғундор ба роҳи беҳтарнамоии механизмҳои ҳаракатовар» аз рӯи натиҷаи он аз тарафи омӯзгорони кафедра, хусусан дотсент Тиллоев С.Т. соҳиби зиёда аз 41 патент гаштаанд. Олимони кафедра дар симпозиумҳо, конференсияҳои байналмилалии хориҷи кишвар иштирок намуда бо ихтироотҳои хеш таваҷҷӯҳи аҳли илмро ба худ ҷалб намудаанд.
Профессорон Аҳмадов Б.Р. Ризоев А.Б., Ғаффоров А.Ғ., дотсентон Баҳриев Ғ.Б., Тиллоев С., Исоев У.П. ва дар таъмин намудани фанҳои кафедра бо адабиётҳо, дастурҳои методӣ бо забони тоҷикӣ ва таҳияи овезаҳо, стендҳо, макетҳо ва ғ. саҳми арзанда доранд. Имрӯзҳо фанҳои кафедра то 90 фисад бо адабиётҳои таълимии забони тоҷикӣ таъмин мебошад. Ба кафедра панҷ синфхонаи махсусгардонидашуда барои фанҳои механикаи назариявӣ ва ҷузъиёти мошинҳо, геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ, назарияи механизму мошинҳо, ки бо таҷҳизоту макетҳо ва стендҳои амалкунанда муҷаҳаз мебошад вобаста шудааст.
Дар даврони истиқлолияти Ватани маҳбубамон аз тарафи олимони факултет 11 китобидарсӣ, 35 дастуриметодӣ, 501 мақолаҳои илмӣ таҳия кардашуда ва соҳиби зиёда аз 41 патенту ихтироот гаштаанд. Кафедра дар самти механизмҳои сайёравӣ барои мошинҳои кишоварзӣ корҳои илмӣ намуда истодаанд.