Кафедраи идораи замин ва кадастр
АЛИЕВ Нозим Нумонович,
мудири кафедраи идораи замин ва кадастр, номзади илмҳои географӣ, дотсент
Аз соли 1993 сар карда дар назди факултети гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон қабули донишҷӯён бо ихтисоси 31.09.00 - «Танзими замин» шурӯъ гардид.
Соли 1996 дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз таркиби кафедраи истифодабарии системаҳои гидромелиоративӣ, кафедраи “Танзими замин” ташкил карда шуд, ки дар он омӯзгорон, дотсент Ғуломҷонов А.Ғ., омӯзгори калон Оев О.Т., Саидов К.Т., Қодирова З.А., Қурбонов Т.М., ёваромӯзгор Ҳасанов А.А., ва корманди ёрирасон Пиров Б.А. ба кор оғоз карда буданд.
Аввалин мудири кафедра дотсент Ғуломҷонов А.Ғ., солҳои 1996-1999, 2003-2008, Омӯзгори калон Оев О.Т., 1999-2003 ва н.и.и. дотсент Ҳасанов А.А., аз 2008 то 2023, аз сентябри соли 2023 то имрӯз н.и.г. Аливе Н.Н. роҳбарии кафедраро ба ӯҳда доранд.
Кафедра дорои базаи мустаҳками замонавӣ буда, аз 4- синфхонаи фаннӣ бо таҷҳизотҳои замонавӣ ҷиҳозонидашуда, иборат мебошад. Соли 1998 аввалин мутахасисон ба истеҳсолот равон карда шуда то имрӯз зиёда аз 1200-нафар хатмкунандагон лоиҳаи дипломӣ иҷро намуда, соҳиби маълумоти муҳандис-заминсоз, гаштаанд. Соли хониши 2019-2020 дар донишгоҳ факултети Идораи замин ва геодезия ташкил карда шуд ва номи кафедра аз “Заминсозӣ” ба “дораи замин ва кадастр” иваз карда шуд. Айни замон дар кафедраи мазкур аз руйи ду ихтисос мутахассисон барои фаъолият дар истеҳсолот омода карда шуда истодаанд, ки инҳо “Заминсозӣ” ва “кадастри замин” мебошанд. Дар ихтисоси “Кадастри замин” соли 2021 аввалин шуда 27 нафар донишҷуй таҳсили худро оғоз намуданд.
Кафедра солҳои 2016-2021 дар мавзӯи «Истифодаи заминҳои корам ва ҳифзи он дар шароити нави хоҷагидорӣ», айни замон дар мавзӯи “Мониторинги истифодаи заминҳои корам дар минтақаҳои кадастрии ҶТ” кори илмӣ бурда истодааст. Аз рӯзи таъсисёбиаш кафедра бо Донишгоҳи Давлатии Заминсозии шаҳри Москва, Донишгоҳи миллии тадқиқотии “Институти ирригатсия ва механизатсияи ш.Тошканд”, Донишгоҳи аграрии ш.Остона ва Иститутҳои шаҳрҳои давлатҳои Хитой, Шветсия, Венгрия ва Германия ҳамкорӣ дорад.