Кафедраи физика
АНАҚУЛОВ Музаффар Мамадалиевич,
мудири кафедраи физика, номзади илмҳои техникӣ
Кафедраи физика соли 1931 ташкил карда шудааст.
Мудирони кафедра:
- 1931-1933 – Г. Якобсон
- 1933-1937 – И.И. Булаников
- 1937-1938 –А.П. Писаров
- 1938 -1940 – А.К.Типирников
- 1940-1943 – А.Макаров
- 1943-1946 – Б.М.Якобский,
- 1946-1947 – Ф.Н.Бомчебовский
- 1947-1952 – А.Я.Олимов
- 1952-1965 – И.Ф.Шикдов
- 1965-1966 – А.С.Саидов
- 1966-1988 – А.С.Бобов
- 1988-1995 – А.З. Осимов,
- 1995-2001 – профессор С.С.Сабуров
- 2001-2003 – профессор У.М.Маллабоев
- 2003-2012 – дотсент И.С.Содиќов
- 2012-2015 – дотсент З. Файзуллоев
- 2015 - 2018 – Р. Холов
- Аз соли 2018 то им рӯз – Анақулов М.М.
Ҳайати устодон ва кормандони кафедра: дотсентон: Файзуллоев З. Анақулов М.М., Холов Р. - омӯзгори калон, Раҳимов С.Т. – омӯзгори калон, ассистентон: Хуррамшоева Ф., Розиқова М., Раҳмонов С., Шарипов С.Р., Олимов С.Тва Латипова С. – лаборант.
Устодони кафедра дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ дар шуъбаҳои рӯзонаву ғоибона аз фанҳои физика, биофиизка, агрометеорология, метеорология ва иқлимшиносӣ, асосҳои гидрофизика, физикаи замин, консепсияҳои табиатшиносии муосир, метрология, стандартизатсия ва сертификатсия ва асосҳои радиоэкология дарсҳои амалию назариявӣ мегузаранд.
Мувофиқи талаботи дохилидонишгоҳӣ ва бо дастгирии раёсати донишгоҳ матни мухтасари лексияҳои фаннӣ аз чоп бароварда шуда, нусхаи электронии онҳо дар китобхонаи электронии донишгоҳ ҷойгир карда шудааст. Устодони кафедра дарсҳои худро ба дараҷаи баланди тахассусӣ гузаронида, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шогирдонашон сирру асрори табиатро ба хубӣ дарк намоянд.
Барои самаранок гузаронидани дарсҳо ва баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён дар кафедра як қатор китоб ва дастурҳои таълимию методӣ аз чоп баромадаанд: аз ҷумла: 1. китоби дарсӣ; метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (муаллифон: Анақулов М.М., Раҳимов С.Т., Пирмадов М.Д. ва Ҳасанов А.А.), Биофизика ва асосҳои физика (муаллифон: Ёғибеков П.Ё., Файзуллоев З.), биофизика (қисми 1) (муаллиф: Файзуллоев З.), биофизика (қисми 2) (муаллифон: Файзуллоев З., Ёғибеков П.Ё.), ҳалли масъалаҳо аз физика (муаллиф: Файзуллоев З., Раҷабов У); 2. Дастурҳои методӣ: корҳои лабораторӣ аз физика (муаллифон: Файзуллоев З., Хуррамшоева Ф.), маълумоти асосӣ ва корҳои озмоишӣ аз физика (муаллиф: Анақулов М.М.) ва ғайра.
Омузгорони кафедра дар асоси мавзуи кори илмӣ-тадқиқотии тасдиқшуда барои солҳои 2019-2024 “Тадқиқи хосиятҳои гармофизикӣ ва электрофизикии моеъҳо ва маҳлулҳо” корҳои илмӣ-тадқитқотӣ бурда, мувофиқи нақшаҳои тасдиқшуда ҳисоботҳо ва мақолаҳои илмӣ чоп намуда истодаанд. Омӯзгорони кафедра ҳар сол дар конференсияҳои илмӣ-ҷумҳуриявӣ, дохили донишгоҳ ва берун аз он иштирок карда, бо мавзуҳои илмӣ баромад мекунанд. Омӯзгорони кафедра барои ба равияҳои илмии номбурда ҷалб намудани донишҷӯён саҳми арзанда дошта, бо онҳо корҳои илмӣ- тадқиқотӣ мебаранд.
Дар таърихи кафедра ва соҳаи илм аз тарафи Файзуллоев З. бори аввал дастгоҳи тадқиқотии боркашии гидростатикӣ омӯзиши хосиятҳои маҳлулҳо ва моеъҳо сохта ба истифода дода шуд, ки унвонҷӯён то ҳол корҳои илмии худро идома дода истодаанд. Аз тарафи устодони кафедра дар давоми мавҷудияти кориашон 1 патенти хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 15 дастурамалҳои методӣ ва зиёда аз 170 мақолаҳои илмӣ чоп карда шудаанд.