Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи "Ботаника ва экологияи кишоварзӣ"

 

СУЛАЙМОНОВА Ибодат Дилбаршоевна,

мудири кафедраи  ботаника ва экологияи кишоварзӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ

 Яке аз аввалин кафедраҳои донишгоҳ буда, соли 1931 бо номи "Ботаника ва физиологияи растаниҳо" таъсис ёфтааст. Соли 1938 бо номи «Ботаника ва микробиология» ва соли 1988 таҳти унвони "Ботаника ва экологияи кишоварзӣ" табдили ном мекунад. Аввалин сарвари кафедра омӯзгор В.С. Шардаков (1931), минбаъд сарварии онро устодон В. Городетский (1931-1932), С.С. Москаленко (1932-1947), П.П. Чуваев (1974-1952), профессорон О.Ш. Шукуров (1952-1958), Ю.В. Медведев (1958-1965), дотсентон Э.Ҳ. Ҳайдаров (1965-1983), Юнусов С.Ю. (1983-2006, 2009-2012), Давлатов С.Х. (2006-2009), Мирзоев И.А. (2012-2018) ба уҳда доштанд. Аз моҳи сентябри соли 2018 вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои кишоварзӣ Сулаймонова И.Д. ба дӯш доштанд.  Дар кафедра тайи солҳои гуногун олимони шинохта Н.И. Исоев, Л.С. Исҳоқова, И.Д. Мина, М.М. Маҳбубов, профессорон С. Раҳимов, Г. Раҳмихудоев, У. Холдоров, Н.А. Аҳмадов, Бобоҷонов В.А., Давлатзода С.Х. дотсентон фаъолияти илмию омӯзгорӣ кардаанд.

Ҳоло дар кафедра дотсентон Сулаймонова И.Д., Мирзоев И.А., Акрамов У.Х., Воҳидова К.А., Комилзода А.Д., омӯзгорон Азамов У.О., Расулов М.З., Саидов С.Э.,  Шозиёева Ч.П., Кулиев Қ.Ҳ., Тавакалшоева Ш.Х. ва Ғайратов Қ.Х. фаъолияти илмиву омӯзгорӣ доранд.

Олимони кафедра дар тартибу танзими китобҳои нодири соҳа, ба мисли «Муайянкунандаи растаниҳои ҳавзаи дарёи Варзоб», «Красная книга Таджикской ССР», «Ботаника қисми 1 ва 2», «Китоби сурхи Тоҷикистон» ва «Флораи Тоҷикистон» (китоби бисёрҷилда) "Экологияи кишоварзӣ", "Феҳристи ботаникии растанихои Тоҷикистон" ва  "Ботаника" саҳми илмӣ гузоштаанд.

Кафедра барои омода намудани ихтисоси 330106-"Экологияи кишоварзӣ» махсус гардонида шудааст. Дорои 3 аудитория буда, ҳамаи онҳо бо лавозимоти таълимӣ таҷҳизонида шудаанд.

Олимони кафедра тӯли 4 соли охир дар мавзӯи «Баҳодиҳии агроэкологии омилҳои ҳаётӣ ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ» кори илмӣ анҷом дода, 2 монография, 4 китоби дарсӣ, 10 дастур, 180 мақолаи илмӣ, 1 тавсиянома рӯи чоп овардаанд. Ҳамчунин аз рӯи корҳои илмии хеш соҳиби 2 шаҳодатномаи муаллифӣ гардидаанд

Бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва 85 солагии Донишгоҳии аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур се нафар омӯзгорони кафедра бо ифтихорномаи Кумитаи Ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдони карда шуданд.

Имрӯзҳо ҳайати устодони кафедра дар мавзӯи «Таъсири гармшавии иқлим ба маҳсулнокии зироатҳои кишоварзӣ» кори илимӣ тадқиқоти гузаронида истодаанд.