Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи барқикунонии ва автоматикунонии кишоварзӣ

Nurov Bahriddin

 

НУРОВ Баҳриддин Зайдуллоевич,
мудири  кафедраи барқикунонӣ ва автоматикунонии кишоварзӣ, номзади  илмҳои  техникӣ, дотсент 

 

Кафедраи «Барқикунонӣ ва автоматикунонии кишоварзӣ» соли 1991 ташкил ёфтааст. Дар тӯли фаъолияти кафедра омӯзгорон Дробинин Д.И., Аминҷонов Х., Узоқбоев М., Толмачёв Г., Юсупов С., Идиятулин Р., Қурбонов Т. ва Сангинова Г. кор кардаанд. Омӯзгорони кафедра ба ғайр аз факултети механиконии кишоварзӣ дар факултетҳои гидромелиоративӣ, идораи замин ва геодезия, боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ, агробизнес ва дар шӯъбаи  ғоибонаи факултетҳои донишгоҳ ба таълиму тадрис машғуланд. Дар соли 1995  аввалин маротиба донишҷӯёни ихтисоси 7406050102 -«Барқикунонии  кишоварзӣ» лоиҳаи дипломии худро бо муваффақият ҳимоя намуда, соҳиби диплом ва муҳандиси соҳаи барқикунонӣ ва автоматикунонии кишоварзии хоҷагии қишлоқ гардиданд. Аз соли 2019 роҳбарии кафедраро  н.и.т., дотсент Нуров Б.З. ба уҳда дорад.

Имрӯз бошад, профессор Юлдашев З.Ш., номзадони илм Мирзоев Ш.И., Нуров Б.З. ва Қурбонов А., омӯзгори калон: Назаров Т.Ш., Валиев Н.В., Шарофов Ш., Аҳмадов Ш., Маҳмуродов Р., Ассистентон: Салимбеков Д.Д., Туразода Ф.О., Мирзошоев Ҳ., Сатторов С.  ва лабарантон Майдаева Л.С., Олияҷони Ҳ. ба кору таълиму тарбияи донишҷӯён машғул буда, аз паи ҷустуҷӯи дастовардҳои илми мебошанд.

Корҳои таълимӣ

Баззаи методӣ-техникӣ (синфхонаҳо, маводҳои техникӣ ва овезаҳо)

Бо дастгирии раёсати донишгоҳ ва факултет кафедра соҳиби 12 снфхона ва лабораторияҳои замонавӣ мебошад.

  

Қайд кардан бо маврид аст, ки бо ёрии омӯзгорони кафедра Мирзоев Ш.И., Аҳмадов Б.Р.,  Сабзалии Мисриён, Қурбонов А.М  ва    Ахмедов Ш дар кафедра   китобҳои «Истифодабарии таҷҳизоти барқӣ»,  «Асосҳои электроника ва ҷузъиёт», «Ассҳои илмӣ-амлии механиконии кишоварзӣ» ва «Мошинҳои барқӣ» бо тавсияи Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикситон  аз чоп бароварда шуд инчунин  50 дастури методӣ зиёда аз 420  презентатция, 130 овеза бо забони давлатӣ,  зиёда аз 15 лавҳаҳои лабараторӣ ва 32 макетҳои амалкунанда пешниҳод гардидааст, ки дар раванди таълим истифода бурда мешавад тайёр карда шудааст.

Кафедра дар самти гӯзаронидани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва равона додани корҳои илмӣ бо муассисаҳои  коргоҳи “Мошнсози”-и шаҳри Душанбе, шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳо, маркази гармию-барқдиҳии шаҳри Душанбе, шабакаҳои равшанидиҳии Душанбе шаҳр, НБО-и Норак, НБО-и Роғун, СНБО Варзоб , донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ  ҳамкории зич дорад.

Корҳои илмӣ

Самтҳои асосии корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра ба тарҳрезӣ ва такмилдиҳии технологияи истифодабарии манбаъҳои алтернативии энергия, дар Тоҷикистони равона карда шудааст мавзӯъи илми кафеда  «Тадқиқоти энергосарфанокии истифодаи энергия дар равандҳои энерготехнологии соҳаи кишоварзӣ» мебошад. Устодони кафедра 73 мақолаи илмӣ ба забони тоҷикӣ чоп намуда,  соҳиби 6 шаҳодатномаи ихтироотӣ гардида  ва 76 маротиба дар конфронсҳо ва симпозиумҳо  баромад  кардаанд. Инчунин  аз рӯи таҷриба ва таҳқиқотҳои илмӣ омӯзгорони кафедра зиёда аз 34 мақолаҳои илмию услубии худро дар рӯзномаю маҷалаҳои бурунмарзӣ ба нашр расонидаанд.

Дар кафедра Ҷаъмияти илмии донишҷуён бо номи «Нерӯи барқ асоси зиндагист» фаъолият менамояд, ки бевосита донишҷуён низ бо  мавзӯъи илмии кафедра якҷо корҳои илми худро пеш мебаранд.

Омӯзгорон ва донишҷуён  дар озмунҳои навъовари ва ихтироъкори иштирок менамоянд, ки натиҷаҳои дилхоҳро ба даст овардааанд ба монанди Одинаев Н  соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд вилояти Суғд дар озмуни соли фарҳанги техникӣ  иштирок намуда дар байни донишҷуёни Донишгоҳҳои олии Ҷумҳурӣ ҷойи аввалро сазовор гардид, инчунин донишҷӯи курси 4 Исломов Дилшод соли 2015 дар озмӯни навоварҳои беҳтарин , ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми ҶТ баргӯзоргардид  ҷои дуюмро ишғол намуад . Ба ғайр аз ин донишҷуёни зерин дар   озмунҳо  иштирок карданд ва ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд:   Курси 3 гурӯҳи 3: Амиров А, Ғаниев О., Зарипов С., Ҷобиров К.,  Курси 4 гурӯҳи 4,Қосимзода Р., Муҳтоҷов М.,  Раҳимов А., Олимов Ш., Саидов А.,Курси 4 гурӯҳи 5 Исроилов И., Маликов М., Сафаров Ф.,Курси 5ум шуъбаи ғоибона Юсуфзода И., . Амоназода  А., Бобоев И. соли 2018 дар Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ иштирок намуда Юсуфзода бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.

Аз тарафи профессори кафедра Юлдашев Зарифљон Шарифович ва дотсент Мирзоев Ш.И. дар соли 2021 ду адад патент гирифта шудааст;

— комплекси энергетики барои бо энергия таъмин намудани равандњои  технологи. Шокиров Ф.Ш., З.Ш.Юлдошев, Ботуров К., Юлдошев Р.З.// Патенти хурд № TJ1172 RT. IPC (2006) F 03 D 9/25. A 01 C 3/02. Ф 01 К 11/02. - № 2101497, ариза 12.01.2021. Бул. № 172,

- дастгоҳ барои муайян кардани самаранокии истифодаи энергия дар равандҳои технологияи энергетикӣ. В.Н.Карпов, З.Ш. Юлдошев, Р. Юлдошев, Т.М. Камолов, Ш.И. Мирзоев, Л. Касобов.// Патенти хурд № TJ1167 RT. IPC (2006) H 05 B 1/02. Г 05 Д 23/00. . -№ 2021498, ариза. 13.01.2021. Бул. № 172