Кафедраи анатомияи нормалӣ, патологӣ бо ҳистология ва физиологияи патологӣ
НАЗАРОВ Шамсулло Ҳиматович,
мудири кафедраи анатомияи нормалӣ, патологӣ бо ҳистология ва физиологияи патологӣ, номзади илмҳои ветеринарӣ, дотсент
Кафедраи анатомияи нормалӣ, патологӣ бо ҳистология ва физиологияи патологӣ аввалин маротиба соли 1944 бо номи «Анатомия ва зоологияи ҳайвоноти ҳоҷагии қишлоқ» таъсис ёфтааст, ки роҳбарии онро омӯзгори калон Коновалова М.Ф. ба уҳда дошт. Соли 1963 баъди таъсисёбии шуъбаи ветеринарӣ дар назди факултаи зооинженерӣ кафедра бо номи «Анатомия ва ҳистология бо анатомияи патологӣ» фаъолияти худро идома дод, ки онро дотсент Маҷидов Ф.Х. роҳбарӣ менамуд. Аз моҳи феврали соли 2014 то ҳоло роҳбарии кафедраро номзади илмҳои ветеринарӣ, дотсент Назаров Шамсулло Химатович ба уҳда дорад. Соли 1993 факултети ветеринарии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намуд. Фаъолияти кориашро аз соли 1993 ба ҳайси ассистенти кафедраи паразитология ва назофоти ҳайвонот оғоз намудааст.
Аз соли 2004 то 2012 дар вазифаҳои котиби Шӯро, раиси Иттифоқи касабаи факултет, ҷонишини декан ва вазифаи дотсентиро иҷро намудааст.
Соли 2004 дар мавзӯи «Лечебно-профилактической эффективности САП-2 при пастереллезе птиц» рисолаи номзадиашро дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои ветеринарӣ гашт. Аз соли 2014 то ҳол вазифаи мудири кафедраро ба уҳда дорад.
Ҳоло дар кафедра устодон Назаров Ш.Х, Нурмадов К., Зокиров Ф.Ф.., Исвалиев С.М, Хликова А., Шалягин В.В. ва Мирзоева М.Р кор ва фаъолияти илмӣ бурда истодаанд.
Дар кафедра барои тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои тибби байторӣ, тибби байторӣ-фарматсевт, беҳдошт ва озмоиши ветеринарӣ аз фанҳои анатомияи хонагӣ, ситология ва гистология, физиологияи патологӣ ва анатомияи патологӣ омӯзонида мешавад.
Синфхонаҳои кафедра бо скелети ҳайвонот, устухонҳо, ҷасади ҳайвонот, муляжҳо ва бурришҳои гистологӣ ҷиҳозонида шуда, аз забҳхонаҳои ноҳияи Синои ш.Душанбе ва «Боғи ҳайвонот» самаранок истифода бурда мешавад.
Дар давоми солҳои фаъолият зиёда аз 172 мақолаҳои илмӣ ва китобҳои дарсии «Анатомияи хонагӣ», «Физиологияи амрозии ҳайвонот», «Асосҳои илмӣ-амалии ветеринарӣ», Дастурҳо оид ба чорабиниҳои зидди касалиҳои сироятӣ дар Тоҷикистон ва дастурамалҳои фаннӣ чоп гардидаанд.
Ходимони кафедра барои омӯзиш ва мустаҳкам намудани таҳкурсии асосии тафаккури духтури тибби ветеринарӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳои морфологии скелети гӯсфанди тоҷикӣ” тадқиқоти илмӣ бурда истодаанд.
Дар кафедра маҳфили ҷамъияти аъзоёни маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Патология» ба корҳои илмию-тадқиқотӣ ҷалб карда мешаванд .
Дар соли 1995 устоди кафедра Муҳиддинов Д.Р. рисолаи докториро дар мавзӯи: “Морфофункциональное особенности некоторых частей осевого скелета яков Памира в сравнение с крупным рогатым скотом” ҳимоя намуд.
Мақолаи устод Назаров Ш. Ҳ. «Острая токсичность производных тиадиазола-пиримидина» дар конференсияи байналмиллалии фармакологҳо дар шаҳри Воронежи Федератсияи Россия таҳлил ва чоп гардид.
Соли 2002 ихтирои (патенти) №TJ 432 Арзномаи №0200745 аз 13 майи 2002 то 13 майи 2022.
Гувоҳномаи Назаров Ш.Ҳ. муаллифи ихтирои S(7-метил,5- оксо 5Н-134-тиадиазоло (3,2)-а) 2-ил изоторон гидробромид дорои фаъолияти зидди микробӣ мебошад, ба қайд гирифта шуд.
Соли 2004 устоди кафедра Назаров Шамсулло Ҳиматович дар мавзӯи «Лечебно-профилактической эффективности САП-2 при пастреллезе птиц» ҳимояи номзадӣ дифоъ намуд.
Соли 2004 дар Санкт-Петербург мақолаи устод Назаров Ш. Ҳ. дар мавзӯи: «Изучение специфическое активности и определение оптимальной терапевтической САП-2 дар конференсияи байналмиллалӣ таҳлил ва чоп гардид.
Соли 2004 мақолаи устод Назаров Ш. Ҳ. Дар мавзӯи «Производственное испытания практической и профилактической эффективности САП-2 при пастреллезе» дар маҷалаи ветеринарияи тибби Санкт-Петербург чоп гардид.
Соли 2005 мақолаи устод Назаров Ш. Ҳ., Салимов Т.М. дар мавзӯи «Эффективность САП-2 при пастреллезе птиц» дар маҷалаи ветеринарияи ш. Москва чоп гардид.
Бемориҳои паррандагони хонагӣ соли 2006 дар нашриёти (MSDSP), Душанбе, муаллиф Назаров Ш. Ҳ.
Тавсияҳо оиди касалиҳои сироятии парандагон (MSDSP) 2006.
Тавсияҳо оиди касалиҳои ғайрисироятии парандагон (MSDSP), Душанбе, муаллиф Назаров Ш. Ҳ.
Дастурамал оиди паҳншавӣ, табобатӣ ва пешгуии касалии зукоми парандагон. Нашриёти «Ҳумо» муаллифон Назаров Ш.Ҳ., Салимов Т.М. соли 2008.
Китоби «Физиологияи амрозии ҳайвонот» муаллифон Назаров Ш. Ҳ., Абдуллоев У. издательство «Сабрина-К» шаҳри Душанбе 2015, 200 саҳифа.
Дастури услубӣ барои дарсҳои озмоишӣ аз фанни ҳистологияи ҷузъӣ Нурмадов К; Душанье, 2015сол.
Дастури услубӣ барои дарсҳои озмоишӣ аз фанни «Ситология, эмбриология ва ҳистологияи умумӣ», муаллифон дотсент Нурмадов К; Ивалиев С
Эпизоотологияи ҷузъӣ, китоби дарсӣ, издательсто «Меҳрочграф», Душанбе 2016 Раҳматзода Н., Сатторӣ И.,Назаров Ш. Ҳ.
Ҳоло дар кафедра: дотсентон; Назаров Ш.Х ., Нурмадов Қ., омузгори калон Зокиров Ф.Ф., Исвалиев М.С., Халикова А.,Шалягин В. ва Мирзоева М. ба донишҷӯён дарс гуфта кор ва фаъолияти илмӣ ва кори кураторӣ бурда истодаанд.
Корҳои таълимию методӣ: Устодони кафедра дарсро бо донишҷӯёни факултетҳои тибби ветеринарӣ ва зооинженерӣ (шӯбаҳои рӯзона ва ғоибона) дар синфхона бо маводҳои таълимӣ ҷиҳозонидашуда мегузаронанд.
Дар вақти гузаронидани дарсҳо устодони кафедра аз рӯи фанҳои анатомияи нормалӣ ва патологӣ, морфология, гистология ва физиологияи патологӣ, аз таҷҳизотҳои мавҷуд буда, асбобҳои аёнии техники, бозорҳои ш. Душанбе ва боғи ҳайвоноти шаҳр самаранок истифода мебаранд.
Корҳои илмию - тадқиқотӣ: Айни ҳол устодони кафедра (Абдуллоев У.,) оиди омӯхтани тарзи муайян намудани вазни ченакҳои устухон ва мушакҳои тирӣ дар гусфандҳои зоти тоҷики Назаров Ш. Ҳ.- «Пешгирӣ ва табобати касалии пастереллёзи парандагон дар шароити Тоҷикистон» Зокиров Ф.Ф.- «Муфтхурони занбури асал» Исвалиев С.- «Таъсири пробиотики субтилен бо ишкор намудани реаксияи ғайрихос ба туберкулин”.
Дар се соли охир аз тарафи устодони кафедра зиёда аз 36-то мақолаҳои илмӣ ва дастурамалҳо аз чоп баромадаанд.
Корҳои тарбиявӣ: Дар кафедра корҳои тарбиявӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Ба 7 нафар омӯзгорони кафедра барои гузаронидани корҳои тарбиявию фарҳангӣ 7 – гурӯҳи донишҷӯёни соли таҳсили сеюм вобаста карда шудаанд ва онҳо фаъолияти худро дар асоси нақшаи тасдиқшуда амалӣ намуда истодаанд. Куратори гуруҳи 1-Исвалиев С; Куратори гуруҳи 2 ум-Зокиров Ф.Ф. ;Куратори гуруҳи 3-Назаров Ш.Х; Куратори гуруҳи 4- Мирзоева М Шалягин В; Куратори гуруҳи 5-Нурмадов К; ва куратори гуруҳи 3-Назаров Ш, ҳамзамон саркуратори курси сеюмро ба ухда дорад. Дар давоми сол бо донишҷӯёни ҳар як гуруҳ 16 маротиба соати кураторӣ дар рӯзи муайяншуда гузаронида шудааст.