Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи бехатарии маҳсулоти ғизоӣ

Minhojov Sab

 

МИНҲОҶОВ Сабриддин Назриддинович,

мудири кафедраи бехатарии маҳсулоти ғизоӣ, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент

Сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ дар ҷаҳони имрӯза хусусияти глобалӣ пайдо намуда, масъалаи мураккаби комплексӣ мебошад ки барои ҳалли он кӯшишу талошҳои  зиёд аз ҷониби олимони соҳаҳои химия, биохимия, микробиология, токсиология ва дигар илмҳо, инчунин аз ҷониби истеҳсолкунандагони маҳсулоти ғизоӣ, хадамотҳои санитарию  эпидимологӣ, ташкилотҳои давлатиро талаб менамояд. Дар ҳалли ин масъала бевосита истеъмолкунандагон низ бояд зираку ҳушёр бошанд. Аҳамияти масъалаҳои сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ сол то сол рӯ ба афзоиш аст, зеро таъмини бехатарии ашё ва маҳсулоти ғизоӣ яке аз омилҳои асосии муайянкунандаи тансиҳатии одамон ва солим нигоҳ доштани генофонди миллат ба ҳисоб меравад.

Кафедраи сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ бо қарори Шурои олимони ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аз 30.08.2019 дар пойгоҳи кафедраи технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзии факултети агробизнес таъсис ёфтааст. Аз моҳи сентябри соли 2022 инҷониб иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраро дотсент Минҳоҷов С. Н. бар ӯҳда дорад.  Устодони кафедра аз фанҳои тахассусӣ бештар ба донишҷӯёни ихтисоси 19030205 «Технологияи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ» ва 54010106 «Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия дар КАС» дарсҳои назариявӣ ва машғулиятҳои амалӣ мегузаранд. Айни ҳол дар кафедра профессор Бобохонов Р.С., дотсентон Неъматуллоев З.С., Минҳоҷов С.Н. ва омӯзгорон Ятимов Ф.Ҷ., Солиев Х.Р., Сатторов Ф.А., Раҳматуллоев У.Н ва Наимов Ҷ. ба таълиму тадрис машғул мебошанд. 

Кафедра дорои иқтидори баланди илмӣ мебошад. Дар кафедра 1-нафар доктори илм профессор; 2-нафар номзади илм, дотсент; 1-нафар омузгори калон ва 4-нафар ассистент фаъолият доранд.

Кафедра зодаи замони бозсозӣ ва иқтисоди бозоргонӣ аст. Устодон кушиш доранд, ки мутобиқи талаботи  равандҳои ҷомеа ба корҳои илмӣ даст зананд. Кафедра бо Агентии метрология, стандартизатсия, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои саноатии мамлакат, марказҳои ташхизи сифати ноҳияҳои мамлакат, Пажуҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии мамлакат робитаҳои илмӣ, тадқиқотӣ ва истеҳсолӣ дорад.

КОРҲОИ МЕТОДӢ

Кафедра барномаҳои нави таълимиро кор карда баромадааст, ки бозгӯи талаботи ҷомеаи имрӯза буда, мутобиқ ба раванди барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои нави мактаби олии кишвар мебошад. Ҳайати омӯзгорони кафедра дар асоси барномаҳои навин дар якчанд ихтисосҳои мавҷудаи донишгоҳ аз фанни бехатарии маҳсулоти ғизоӣ ва системаи стандартҳои ХАССП дарсҳои назариявию амалӣ мегузаронанд.

Мутобиқи барномаҳои таълимӣ дар кафедра саволномаҳои тестии имтиҳонӣ, номгӯи мазӯъҳои корҳои мустақилона, мавзуъҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои баромади донишҷӯён дар конференсияҳо, саволномаҳо ва варақаҳои тестӣ барои аттестатсияи донишҷӯён ва санҷиши дониши онҳо аз рӯи фанҳои кафедра таҳия намудаанд. Аз ҷониби устодони кафедра доир ба навиштани корҳои курсӣ ва рисолаи хатм, инчунин гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба забонҳои тоҷикӣ дастурҳои методӣ ба нашр расонида шудаанд.

КОРҲОИ ИЛМИЮ ТАДҚИҚОТӢ

Дар кафедраи сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ омода намудани кадрҳои илмии унвондошта дуруст ба роҳ монда шуда, айни замон 2 нафар докторанти кафедра: Ятимов Ф.Ҷ. ва Сатторов Ф.А. таҳти роҳбарии профессор Салимзода А.Ф.  корҳои илмӣ-тадқиқотии худро идома дода, дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Дар баробари ин дар пойгоҳи кафедра 3 нафар дар докторантура ва 3 нафар дар шуъбаи магистратура ба таълим фаро гирифта шудаанд.

КОРҲОИ ТАРБИЯВИЮ ФАРҲАНГӢ

Корҳои тарбиявию фарҳангӣ, аз ҷумла: давомоти донишҷӯён ба дарс ва вазъи дониш аз худкунии онҳо, риояи вазифаҳои донишҷӯи ДАТ ва содиқ будан ба савганди донишҷӯӣ, риояи сарулибоси донишҷӯӣ ва ахлоқу одоби ҳамида, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, беҳтар нигоҳ доштани асбобу анҷоми таълимӣ, синфхонаҳо ва бинои таълимӣ, муносибати боэҳтиромона нисбат ба якдигар ва устодон аз ҷониби омузгорони кафедра дар дарсҳои кураторӣ пеш бурда мешавад.

Дар фаъолияти кории кафедра самти асосии фаъолиятро сарпарастии гуруҳҳои академӣ ва соатҳои тарбиявӣ ташкил мекунанд. Дар соатҳои тарбиявӣ тамоми масоили корҳои тарбиявии донишҷӯён аз назар гузаронида шуда, муҳокима карда мешаванд. Омӯзгорони  кафедра: Неъматуллоев З.С., Минҳоҷов С. Н., Солиев Х.Р., Сатторов Ф.А. ва Наимов Ҷ. сарпарастии гурӯҳҳои донишҷӯёнро ба зима доранд.