ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Факултети Зооинженерӣ

Декан: ҚОДИРОВ Тура Абдуллоевич, н.и.к., профессор

     Соли 1943 дар пойгоҳи шуъбаи зоотехникии факултети агрономӣ ҳамчун факултети зоотехникӣ ташкил шуда, соли 1976 факултети зооинженерӣ номгузорӣ гардидааст. Нахустин декании факултет, дотсент Пихачек Мария Ивановна (1945-1954) буд. Дар солҳои минбаъда вазифаи декани факултетро профессор Ғаффоров Абдузунун Қаҳорович (1954-1973), дотсент Ҳамроев Содиқ Абдуллоевич (1973-1983), дотсент Шамсиев Мулло Азизович (1983-1995), дотсент Қодиров Тура Абдуллоевич (1995-2005), Қосимов Р. (2005-2013), Амиршоев Файзулло Сафарович (2013-2015), Шамсиев А. Г. (2015-2017)  ба зимма доштанд. Аз июли соли 2017 профессор Қодиров Т.А.  сарвари факултет  то ҳол.

    Дар солҳои гуногун дар факултет олимони машҳури соҳаи чорводорӣ ба монанди академик Алиев Ғ.А., профессорон Ратсиборский В.А., Рудко П.Д., Алтшулер В.Е., Колесник Н.Н., Шардаков П.Н., Пешковский, Илин И.Н., Черних Я.И., Штепан Н.И., Ванновский Т.Я., Лебедев И.Г., Солдатенков Н.И., Мансурова М.У., Форсихонов С.И., Маҷидов Ф.Х., Исломов И.И., дотсентон Пехачек М.И., Горбунова Н.А., Ларсева С.К., Мамин Н.О., Файзиев Ғ.Ф., Умаров М.У., Самиев А.С., Саидов Ғ.А., Ҳамроев С.А., Сафаров Ҳ.М., Манякин А.Г., Дудукалов В.М., Горшкова К.Г., Ҷалолова Т.Д., Қодиров Р.К., Аллагужин А.А., Гладишев А.А. ва дигарон, ки аксарияташон на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он эътироф гардидаанд, фаъолият намудаанд.

     Ҳоло дар  факултет 6 кафедра: "Хӯронидани чорвои хоҷагии қишлоқ ва таҳлили хӯрока",  "Зоотехнияи ҷузъӣ", "Зотпарварӣ ва генетикаи чорвои хоҷагии қишлоқ", "Ихтиология ва физиологияи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ", "Технологияи коркарди маҳсулоти чорводорӣ"  ва "Забон ва адабиёти тоҷик" мавҷуд аст.

     Ба донишҷӯён зиёда аз 50 нафар олимон, аз ҷумла, 9 профессор, 18 дотсенту  номзадҳои илм ва 25  омӯзгори калону ассистентҳо таълим медиҳанд. Ҳамаи 6 кафедраи факултет бо лабораторияҳои махсусгардонидашуда таъмин мебошанд, ки онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. 

Факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассис тайёр мекунад:

     Ихтисоси зоотехния.   Ин ихтисос соли 1943 дар пойгоҳи шӯъбаи зоотехникии факултети агрономӣ ба фаъолият оғоз намудааст.       Ихтисоси  зоотех ния, яке аз ихтисосҳои асосии факултети зооинженерӣ ба ҳисоб меравад. Ин ихтисос дар муддати фаъолияти 67- солаи худ зиёда аз 3470 нафар мутахассиси соҳибихтисосро тайёр кардааст.

    Ихтисоси технологияи истеҳсолот ва коркарди  маҳсулоти кишоварзӣ (чорводорӣ). Ин ихтисос бо тақозои замон  соли 2000 дар пойгоҳи ихтисоси зоотехнияи  факултет таъсис дода шуд.

     Ихтисоси занбӯриасалпарварӣ. Дар факултет аз рӯи ихтисоси технологҳои истеҳсол ва коркарди маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ бо асосҳои стандартикунонӣ  барои тайёр намудани мутахассисон соли 2005 шурӯъ намуданд.
Ихтисоси моҳипарварӣ.  Соли 2008 таъсис дода шуд. Соҳаи моҳидорӣ ва моҳипарварӣ дар инкишофи хоҷагии қишлоқ, алалхусус чорводории ҶТ нақши муҳим мебозад. Тоҷикистон иқтидори бузурги сарватҳои обӣ дорад. Аз ҷумла: ҳавзҳо, кӯлҳо, обанборҳо, дарёҳо, наҳрҳо, шабакаи  заҳкану заҳбӯрҳо . Ҳамаи  онҳоро барои сайду парвариши моҳиҳо истифода бурдан мумкин аст.

    Ихтисоси паррандапарварӣ. Бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 ихтисоси паррандапарварӣ кушода шуд. Дар ин бахш барои истеҳсоли маҳсулоти соҳа, нисбати дигар соҳаҳои чорводорӣ 3-5 маротиба камтар вақт, меҳнат, хӯрока ва дигар мавод сарф мешавад.