ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОТЕМУР

Факултети Агрономӣ

 
 Декан: Комилзода Анис Давлатҷон, н.и.к., дотсент

Факултети агрономӣ нахустин факултети Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур буда, таърихи он бо раванди ташаккули донишгоҳ, ки соли 1931 дар заминаи Донишкадаи осиёимиёнагии меваю сабзавот дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфт, ҳамсон аст. Таърихи факултет бо санаи таъсисёбии донишгоҳ ва марому ҳастии донишгоҳ бо номи факултет ҳамвазн мебошад. Зеро донишгоҳ аз рӯзҳои аввали ифтитоҳ барои истеҳсолот танҳо агроном омода мекард. Дар сохтори идоравии донишкада то соли 1934 факултет вуҷуд надошт, моҳи декабри соли 1934 факултети агрономӣ ба фаъолият оғоз намуд. Он ягона боргоҳи таълиму тарбияи олим-агрономҳо дар ҷумҳурӣ мебошад.

Аввалин сарвари факултет, дотсент Ю.М. Полишук буд, ки тӯли солҳои 1934-1941 ин вазифаи пурмаҳсулро ба дӯш дошт. Тӯли солҳои 1934-1939 дар донишгоҳ танҳо як факултети агрономӣ фаъолият дошт ва шумораи кафедраҳои он ба 16 расида буд, ки дар он 32 нафар омӯзгорон фаъолият мекарданд. Солҳои 1945-1948-1952 вазифаи сарварии факултетро олими машҳури шӯравӣ, профессор Мешеряков А.М. ва минбаъд дотсент Бончковский Ф.Н.(1948), профессор Қосимов Ҷ.Қ.(1952-1960), дотсент Қаюмов Ғ.Қ.(1960-1962), дотсент Гулмаҳмадов М.Г.(1962-1963), дотсент Муҳиддинов Н.М.(1963-1974), профессор Масаидов Р.С.(1974-1991), профессор Набиев Т.Н.(1991-2002), профессор Сардоров М.Н.(2002-2005), профессор Маҳмадёров У.М.(2005-2010), дотсент Ҳайдаров З.Ё. (2010-2015), профессор Набиев Т. Н. (2015-2017) ба уҳда дошта, аз соли 2017 дотсент Комилзода А.Д.  ба зимма дорад.

 

Тӯли мавҷудияти худ факултети агрономӣ беш аз 8000 нафар мутахассисони болаёқатро омода ва ба истеҳсолоти кишоварзӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, сохторҳои идоравию дигар корхонаю муассисаҳои давлатӣ додааст. Хатмкардагони факултетро дар сар то сари ҷумҳурӣ ва бурун аз он дидан мумкин аст онҳо дар соҳаҳои мухталифи комплекси агросаноатӣ кор ва фаъолияти пурсамар доранд. Факултет бо як зумра фориғутаҳсилонаш-Агрономҳои хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандагони ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, ходимони давлатӣ, роҳбарони навоҳию вилоятҳо, профессорон, намояндагони Маҷлиси Олӣ ва ғайра чун Махсумов А.Н., Қосимов Ҷ.Қ., Сангинов Б.С., Матказимов М., Набиев Д.Н., Кироатова Х., Тураев А.Б., Месяц В.К., Юсуфбеков Х.Ю., Зоиров М.З., Табаров Ҳ.Т., Эшонов И.Э., Қосими Р., Пиров Т.Т., Салимов А.Ф., Достиев А.С., Набиев Т.Н., Сардоров М.М., Маҳмадёров У.М., Норов М.С., Бухориев Т.Н., Рашидов Ҳ.И., Эшонқулов У.Э., Хусаинов А.Ҳ., Миралиев А., Ахмедов Т., Сангинов С., Қосимов Қ., Нуров С., Қурбонов Б., Мӯъминҷонов Х., Қодирӣ Қ., Каримов Қ.Ҳ., Зайдов И.Х., Абдураҳмонов С., Раҷабова Д., Абдуллоев И.А., Обидов Н., Саидова Ҷ.С., Толибов М., Сабуров А., Мӯсоев Ш., Улфатов С., Асоев Н. ва дигарон ифтихор дорад.

Имрӯз дар факултет аз рӯи панҷ ихтисос: 740201-агрономӣ, 740202-селексия ва генетикаи зироатҳои кишоварзӣ, 740205-агрокимиё ва хокшиносӣ, 330106-агроэкология ва 740201-2501-агрономӣ-иқтисодчӣ-менеҷер мутахассис омода мешавад.

74.02.01 - АГРОНОМӢ

Кафедраҳои растанипарварӣ, пахтапарварӣ,  зироатчигӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво барои тайёр кардани олим-агрономҳо махсус гардонида шудаанд. Дар кафедраҳо мунтазам корҳои услубӣ гузаронида мешаванд. машғулиятҳои назариявӣ, лабораторию амалӣ ва таҷрибавӣ, бо назардошти хусусиятҳои минтақаи ҷумҳурӣ, дастовардҳои навини илми агрономӣ  ва таҷрибаи пешқадамон ба роҳ монда шудааст. Кафедраҳо дорои қитъаи замини таҷрибавӣ мебошанд, ки дар он намудҳои гуногун ва навъҳои зиёди зироатҳои кишоварзӣ барои гузаронидани машғулиятҳои лабораторию амалӣ парвариш карда мешаванд. Машғулиятҳои назариявӣ, таҷрибаҳо доир ба фаъолияти кори олим-агрономҳо дар истеҳсолот гузаронида мешаванд. Хатмкардагони ин ихтисос дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ, сохторҳои идоракунии давлатӣ ва дигар соҳаҳо фаъолият мекунанд.

74.02.02 – СЕЛЕКСИЯ ВА ГЕНЕТИКАИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Мутахассисони ин ихтисос дар кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварӣ тарбият карда мешаванд. Кафедра дорои қитъаи таҷрибавӣ буда, ҳангоми таълим донишҷӯён бо намудҳои мухталифи корҳои илмӣ шинос карда мешаванд. Бевосита бо растанӣ, гул ва бордоркуниву безурёт кардани он ё худ баҳамбандии намудҳои мухталифи растаниҳо - намуди таълим дар кафедра мебошад. Хатмкардагони ин ихтисос дар пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои селексионию тухмипарварии ҷумҳурӣ, хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ фаъолият мекунанд, ки нақши онҳо дар ҳалли масъалаи сифати навъ ва тухмии зироатҳо барои ҷумҳурӣ зарур аст.

74.02.05. – АГРОКИМИЁ ВА ХОКШИНОСӢ

Кафедраи кимиёи агрономӣ ва хокшиносӣ бо ин ихтисос махсус гардонида шуда, мутахассисони ин соҳаро омода месозад. танзими ҷараёни таълиму тарбия, баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён яке аз масъалаҳои асосӣ дар кафедра мебошад. Кафедра дорои 4 санҷишгоҳи таҷҳизонидашудаи кимиёи агрономӣ ва хокшиносӣ аст. Машғулиятҳои назариявӣ, санҷишию амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ бо назардошти хусусиятҳои минтақавии ҷумҳурӣ, дастовардҳои илмии олимони соҳаи кишоварзӣ гузаронида мешаванд. Бо ин мақсад шароитҳои хуб фароҳам оварда шуда, воситаҳои аёнии лозима муҳайё карда шудаанд. Кафедра бо устодони соҳибтаҷриба таъмин буда, сифати дарсдиҳии устодон ба дараҷаи баланди омӯзгорӣ мебошад. Хатмкардагони ин ихтисос метавонанд дар сохторҳои агрономӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии АИК, АУ, санҷишгоҳҳои агрокимёвӣ, институти давлатии тоҷикзаминсоз, муассисаҳои кишоварзию тиҷоратӣ, органҳои роҳбарияти давлатӣ, ба сифати ташкилотчӣ, роҳбарон ва мутахассисон кору фаъолият кунанд.

330106–АГРОЭКОЛОГИЯ

Вобаста ба тараққиёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат имрӯз барои муҳофизати захираҳои табиӣ, истифодаи самаранок ва оқилонаи онҳо дар робита бо истеҳсоли маводи тозаи экологӣ, ҳифзи сиҳатии аҳолӣ, зарурурияти тайёр кардани мутахассисони соҳаи агроэкология ба миён омад. Бо ин мақсад соли 2003 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ дар пойгоҳи кафедраи ботаника ва агроэкологияи кишоварзӣ ба тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисоси 33.01.06.- агроэкология оғоз карданд. Мутахассисоне, ки ин соҳаро хатм мекунанд, метавонанд дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла ҳифзи муҳити зист, истифодаи дурусти омилҳои рушди растаниҳо дар кишоварзӣ, истифодаи дуруст ва самараноки омилҳои муҳит ва ҳалли дигар масоили агроэкологӣ дар ҷумҳурӣ, хоҷагиҳои мухталиф, новобаста аз шакли хоҷагидорӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии АИК, АУ, комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ фаъолият кунанд.

1-740201-2501-АГРОНОМӢ-ИҚТИСОДИЁТ-МЕНЕҶМЕНТ

Дар замони гузариш ба системаи нави хоҷагидорӣ, таъсиси хоҷагиҳои хурди деҳқониву фермерӣ, пайдо шудани муносибатҳои инфиродии иқтисодӣ дар сохтори кишоварзӣ, зарурияти омода намудани мутахассиси дорои имкониятҳои васеъ  ба миён омад. Омода намудани мутахассиси дорои имкониятҳои васеъ, дар сурати татбиқи ихтисосҳои омехта, аз ҷумла ихтисоси 1-740201-2501-агрономӣ-иқтисодиёт-менеҷмент амалӣ карда мешавад.

Ихтисоси  мазкур бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ дар ҷашни 80-солагии таъсиси ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур, аз 8-уми октябри соли 2011 ва нақша–чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №13/10, аз 21-уми октябр соли 2011 таъсис дода шуд.

Ихтисоси 1-740201-2501-агрономӣ-иқтисодиёт-менеҷмент дорои имкониятҳои васеи омода намудани мутахассиси агросаноатӣ буда, дар рӯҳияи  таълими илмҳои агрономӣ, иқтисодӣ ва идоракунӣ омода карда мешавад. Кафедраҳои растанипарварӣ, пахтапарварӣ,  зироатчигӣ ва истеҳсоли хӯроки чорво, дар ҳамбастагӣ бо кафедраҳои иқтисодиёти кишоварзӣ, менеҷмент ва соҳибкорӣ барои тайёр кардани агроном-иқтисодчӣ-менеҷер махсус гардонида шудаанд.

Мӯҳлати таҳсил дар ихтисоси мазкур 5 сол буда, хатмкунанда дорои маълумоти олии пурра мегардад. Дар баробари гирифтани маълумоти олии пурра дорои касби агрономӣ, иқтисодчӣ ва менеҷер мегардад. Хатмкардагони ин ихтисос дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ, самтҳои иқтисодӣ, сохторҳои идоракунии давлатӣ ва дигар соҳаҳо фаъолият карда метавонанд.

Имрӯз дар сохтори факултет 6 кафедра фаъолият мекунад, ки дар он 69 нафар устод, аз ҷумла 2 нафар узви пайваста ва вобастаи АИКТ, 13 профессор, 38 номзади илм, дотсент ва омӯзгори калону ассистентон фаъолият доранд.

Ҳоло дар факулта 692 нафар тибқи таълими рӯзона ва 157 нафар таълими ғоибона, дар асоси талаботи таълими бисёрзинагӣ ва мутахассис таҳсил доранд, ки минбаъд соҳиби дараҷаи касбӣ аз рӯи ихтисоси хеш мегарданд. Ҳамасола факултетро аз 4 то 6 нафар бо дипломи аъло хатм мекунанд, аз ҷумла, соли хониши 2013-2014 4 нафар - Идимоҳи Н., Сангинова Ш., Зарринаи С. ва Содиқов Ш.Т. донишгоҳро бо дипломи аъло ба итмом расониданд. Айни замон беш аз 40 нафар донишҷӯёни факултет, чун Алиев Т.А., Куганов Р.Ҷ., Ниҳмонов А.С., Гулсанами Я., Сафарбекова З.С., Миракилова Н., Ғуфронов Д.Ғ., Таторова Н.С., Давлатова С., Орифова О., Файзакова Н., Салимзода М., Ғиёсов М., Рустамова Т.С., Турапова С., Сониев М.М., Маҷидов А.А. ва дигарон бо баҳои хубу аъло таҳсил доранд.

Факултет дорои озмоишгоҳҳои замонавии тухмисанҷӣ, фитопатология, агрохимия, хокшиносӣ, ташхиси сифати тухмӣ ва дон, синфхонаҳои замонавии таълимӣ, майдончаи таҷрибавӣ ва озмоишгоҳҳои саҳроии тухмисанҷию ташхиси агрохимиявӣ дар пойгоҳи хоҷагиҳои таълимии донишгоҳ мебошад.  

Олимони факултет тӯли солҳои охир дар мавзӯи «Таҳияи роҳҳои баланд бардоштани ҳосилхезии хок, усулҳои оптималии парвариш ва селексияи зироатҳои саҳроӣ дар шароити Тоҷикистон» корҳои илмӣ анҷом дода, дар раванди ҳалли масоили муҳими илми кишоварзӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ нақшаи созандаи хешро гузошта истодаанд. Бо талоши олимони факултет дар замони истиқлол навъҳои наву серҳосил ва тезпази зироатҳои кишоварзӣ, ба мисли пахтаи миёнанахи «Ҳисор», «Суғдиён-2», «Зарафшон-1», «Ҳулбук», кунҷити «Шаҳноза», маъсари «Шифо», «Краса Ступинская», гандуми «Моҳи нав», «3000 - солагии Ҳисор», тритикалеи «Юсуфӣ», ҷави «Ифтихор-86», ҷуворимаккаи «Шӯҳрат», чормағзи заминии «Тоҷикистон-10», «Тоҷикистон-15» ва ғайраро ба вуҷуд оварда, дар раванди ташаккули истеҳсолоти кишоварзӣ нақши созанда гузошта истодаанд.

Тадқиқоти илмӣ оид ба усулҳои парвариши ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, зироатҳои техникӣ, хӯроки чорво, гирифтани ду ҳосили дон, усулҳои кишти зироатҳо, таъсири нурӣ ба маҳсулнокии навъҳо, бонитировкаи хокҳои Тоҷикистон ва баҳодиҳии иқтисодии онҳо, коркарди нуриҳои нав, ба мисли «Биочин» ва «Биобарг» аз муҳимтарин самти илмии олимони факултет мебошад. 

Ихтисосҳои Факултети Агрономӣ