ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Факултети Агробизнес

 

 

Шарипов Хуршед Буриевич,
декани факултети агробизнес, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент

 

 

Факултет бо тақозои талаботи иқтисоди бозоргонӣ, соли 1997 таъсисёфта, кафедраҳои "Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ", "Маркетинг ва агробизнес", "Таърих ва ҳуқуқ", "Забони русӣ" ва "Забони хориҷӣ"-ро фаро мегирад.

Факултетро докторони илм, профессорон С.М.Гулов (1998-2002), Қ.Ғ. Қодиров (2002-2010), (Норов М.С.2010-2012) сарварӣ намудаанд.

Аз соли 2015 инҷониб дотсент Х.Б. Шарипов роҳбарии факултетро бар ӯҳда дорад. Айни ҳол дар факултет олимони шинохтаи тоҷик, узви вобастаи АИҶТ Қ.Алиев, докторони илм, профессорон А.Ф. Салимзода, Бобохонов Р.С., дотсентон М.Бобохонов,  Х.Б.Шарипов, К.И.Шукуров, Ф.Холов, З.С.Неъматуллоев ва дигарон ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

Факултет бо як қатор корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, аз қабили фабрикаҳои шароббарорӣ, консервакунонӣ, коркарди гӯшту шир ва ғайраҳо робитаи мустаҳками истеҳсолӣ дошта, дар баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии донишҷӯён аз онҳо самаранок истифода мебаранд.

Дар факултет оид ба усулҳои хушк намудани меваҷоту сабзаҷот ва роҳҳои самарабахш нигоҳдоштани он дар шароити ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадқиқоти илмӣ бурда мешавад.

Факултет аз  рӯи шаш тахассус:

  • -маркетинг ва агробизнес;
  • -технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди меваю сабзавот;
  • -ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ;
  • -технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ-иқтисодчи;
  • - бехатарии маводи ғизоӣ;
  • -метрология, стандартизатсия ва сертификатсия  (дар КАС)  мутахассисон тайёр мекунад.

Дар факултет таълим аз рӯи таҳсилоти бисёрзинагӣ ба роҳ монда шудааст:

  • -Бакалавр- 4 сол;   
  • -Магистер- 2 сол

Факултет дорои озмоишгоҳои зерин мебошад:

  • -Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;
  • -Бехатарии маҳсулоти кишоварзӣ.

Факултет бо назардошти ҷавобгӯ будани сатҳи таълим ба стандарти ҷаҳонӣ бо донишгоҳҳои Аврупо, Осиё, Амрикою ташкилотҳои байналмилалӣ ва ватанӣ ба монанди TEMPUS, ERASMUS MUNDUS, ITEC, DAAD ҳамкорӣ дорад.