Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Факултети Идораи замин ва геодезия

Saidmurodzoda J.J

Саидмуродзод Ҷовид Ҷабборӣ, 

декани факултети идораи замин ва геодезия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Факултети идораи замин ва геодезия, бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва фармоиши ректори донишгоҳ №44 аз 14.08.2019, дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷистон № 03/1-1233, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷистон № 1/6-2038 дар донишгоҳ таъсис ёфтааст. Аввалин сарвари факултет н.и.т., Мирзоев М.М. (соли 2019-2022) сарварӣ намудааст. Айни замон сарварии факултетро н.и.и., Саидмуродзод Ҷ.Ҷ. ба уҳда дорад. Имрӯзҳо аз руйи талаботи замони муосир дар факултет аз рӯйи ихтисосҳои зерин барои истеҳсолот мутахассисон ва магистронро омода менамояд:

  • 1-560101-Заминсозӣ
  • 1-560102-Кадастри замин
  • 1-560201-Геодезия
  • 1-31020103-География (низомҳои геоиттилоотӣ)

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти Давлатӣ, масъалаи омода кардани кадрҳои соҳавӣ дар соҳаҳои мухталиф ба хусус заминсозӣ ва геодезия ба миён омада буд. Аз соли 1993 сар карда дар назди факултети гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон қабули донишҷӯён бо ихтисоси 31.09.00 «Танзими замин»  шурӯъ гардид.  

Соли 1996 дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ  аз таркиби кафедраи истифодабарии системаҳои гидромелиоративӣ,   кафедраи  танзими замин  ташкил карда шуд, ки  дар он омӯзгорон, дотсент Ғуломҷонов А.Ғ., омӯзгори калон Оев О.Т., Саидов К.Т., Қодирова З.А., Қурбонов Т.М., ёвар омӯзгор Ҳасанов А.А ва корманди ёрирасон Пиров Б.А. ба кор оғоз намуданд.

Аввалин мудири кафедра дотсент Ғуломҷонов А.Ғ. солҳои 1996-1999, 2003-2008, Омузгори калон Оев О.Т. 1999-2003 ва н.и.и. дотсент Ҳасанов А.А. аз соли 2008 то ба имрӯз сарварии кафедраро ба уҳда дорад. Кафедра дорои базаи мустаҳками замонавӣ буда, аз 4 синфхонаи фаннӣ бо таҷҳизотҳои замонавӣ ҷиҳозонидашуда, иборат мебошад. Соли 1998 аввалин мутахасисон ба истеҳсолот равон карда шуда, то имрӯз зиёда аз 1200-нафар хатмкунандагон лоиҳаи дипломӣ иҷро намуда, соҳиби маълумоти муҳандис-заминсоз, гаштаанд.

 

Аз соли 2008 дар заминаи кафедраи заминсозӣ, ихтисоси геодезия кушода шуд, ки соли 2012 аввалин мутахассисон ба истеҳсолот ҷалб шуданд ва дар фаъолияти соҳа саҳми арзанда гузоштанд. Моҳи сентябри соли 2015 кафедраи геодезия ва геоинформатика, ҳамчун кафедраи тахассусӣ таъсис дода шуда,  сарварии онро номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент Акрамов А.А. то моҳи январи 2019 ба ӯҳда доштанд. Аз моҳи январи 2019 то моҳи августи 2021 сарварии кафедраи мазкурро н.и.и., Саидмуродзода Ҷ.Ҷ. ба уҳда дошт. Моҳи сентябри 2021 сарварии кафедра ба дӯши Шеров Д.Д. гузошта шуда айни замон ҳамчун иҷрокунандаи вазифа фаъолият менамояд.

Факултет бо донишгоҳҳои бонуфузи Амрико, Аврупо ва Осиёи ҳамкориҳои зич дар соҳаи илм, инноватсия ва технологияро дорад. Ихтисоси геодезия дар ҳамкори бо донишгоҳи технологии шоҳигарии Шветсия таъсис дода шудааст. Ихтисоси география ва низомҳои геоиттилоот (СГИ) ва магистратураи геоинформатика дар асоси лоиҳаҳои Эрасмус+ бо донишгоҳҳои бонуфузи Аврупоии давлати Австрия ва Донишгоҳи ғарбии Маҷористон ташкил карда шудаст, ки дар он донишҷуён ва магистрон таҳсил карда истодаанд.

Айни замон дар факултет 3 кафедраи тахассусӣ амал карда истодааст.

  1. Кафедраи идораи замин ва кадастр
  2. Кафедраи геодезия ва геоинформатика
  3. Кафедраи физика

Рисунок1

 

Кафедраи идори замин ва кадастр

Кафедраи тахассусӣ буда, мутахассисони соҳаи заминсозӣ ва кадастрро омода менамояд. Дар кафедра устодони пуртаҷриба фаъолият доранд, ки дар истеҳсолот низ кору фаъолият кардаанд. Мутахассисони соҳаи заминсозӣ имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезия, Кумитаи идораи замини вилояту ноҳияҳо, коргоҳи харитасозӣ, институтҳои лоиҳакашӣ кор кардаистодаанд. Хатмкардагони кафедраи мазкур дар истеҳсолот фаъолият намуда аз коргари оддӣ то раиси Кумитаи давлатии идораи замини ҶТ, вилояту ноҳияҳо вазифаҳои касбии худро ишғол менамоянд. Кафедра дар 10 соли охир зиёда аз 500 мутахассисонро дар шакли таҳсили рӯзона ва 250 нафар мутахассисони ғоибонаро омода карда, ба истеҳсолот равона кардааст. Мудири кафедра н.и.и., дотсент Ҳасанов, омӯзгорони пуртаҷриба Саидов К.Т, Қурбонов Т., Алиев Н., Муродов М. ва ассистентони кафедра Қодиров Р.,Рофизода С., Саидов Б ба донишҷуён дарс мегӯянд. Ҳамзамон дар назди кафедра барномаи магистратура ва доктарантура (PhD) амал менамояд, ки ҳамасола донишҷӯён дар он таҳсил менамоянд. Ҳайати кафедра айни замон дар мавзӯи “Истифодаи самараноки заминҳои корам  ва ҳифзи он дар шароити нави хоҷагидорӣ” корҳои илмӣ тадқиқотӣ мебаранд.

 Кафедраи геодезия ва геоинформатика

Дар ибтидо бо номи кафедраи геодезия таъсис ёфтааст ва сипас бо талаботи замони муосир он ба кафедраи геодезия ва геоинформатика номгузорӣ гардидааст. Кафедраи геодезия ва геоинформатика тахасусӣ буда, мутахассисони муҳандис геодезист ва география бо низомҳои геоиттилоотиро дар шакли таҳсил рӯзона ва ғоибона омода менамояд. Мутахасисони равияи муҳандисии геодезия ва географияи бо низомҳои геоиттилоотӣ дар ҳама давру замон дар истеҳсолот лозим буда, онҳо дар корхонаҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, сохтмонҳо, кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияву вилоятҳо, институтҳои тадқиқотӣ ва НБО кор мекунанд. Дар кафедра н.и.к., дотсент Акрамов А., н.и.т. дотсент Мирзоев М.М, омӯзгорони калон Қодирова З.А., Тураев А., Сафаров Ҳ., Ғоибов Б.И., ассистентҳо Шеров Д., Абдуллобеков Б.С., Қодиров Б., Мирзоева Б.,Давлятова Ш.Н ва Абдуллаев С.И ба донишҷуён дарс медиҳанд. Айни замон роҳбарии кафедраро Шеров Д.Д. ба уҳда дорад. Кафедра метавонад корҳои геодезиро дар намуди аксбардории топографии маҳал, орторектификатсияи аксҳои кайҳонӣ ва фазоӣ ва ченкунии шабакаҳои давлатии геодезиро низ тариқи шартнома иҷро намояд.

Кафедраи физика

Кафедраи физика соли 1931 ташкил карда шудааст.ва он яке аз куҳантарин кафедраҳои донишгоҳ ба шумор меравад. Айни замон мудири кафедра Раҳимов С.М. мебошад.

Ҳайати устодон ва кормандони кафедра: дотсентон: Файзуллоев З. Анақулов М.М., Холов Р. омӯзгори калон, Назаров А., ассистентон: Хуррамшоева Ф., Розиқова М., Раҳимов С.. ва Олимов С.

Устодони кафедра ба ғайр аз факултети иқтисодӣ дар ҳамаи факултетҳои  донишгоҳ дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона аз фанҳои: физикаи умумӣ, физика бо асосҳои биофиизка, агрометеорология, метеорология ва иқлимшиносӣ, асосҳои гидрофизика ва физикаи замин дарсҳои амалию назариявӣ мегузаранд.

Омӯзгорони кафедра дар асоси мавзӯи кори илмӣ-тадқиқотии тасдиқшуда «Гармигузаронӣ,барқигузаронӣ ва реологияи моеъҳои булӯрини лиотропӣ ва термотропӣ» корҳои илмӣ-тадқитқотӣ бурда, мувофиқи нақшаҳои тасдиқшуда ҳисоботҳо ва мақолаҳои илмӣ чоп намуда истодаанд. Омӯзгорони кафедра ҳар сол дар конференсияҳои илмӣ-ҷумҳуриявӣ, дохили донишгоҳӣ ва берун аз он иштирок карда, бо натиҷаи дастовардҳои илмиашон баромад мекунанд.