TAJIK AGRARIAN UNIVERSITY NAMED SHIRINSHO SHOTEMUR

News

РОБИТАҲОИ МУТАҚОБИЛАН СУДМАНДИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОИСИ РУШДУ ИНКИШОФИ ҶОНИБҲО МЕГАРДАНД

Дар марҳилаи замони муосир дар сиёсати хоричии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштани робитаи ҳасанаи наздик бо кишварҳои хамсоя -Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Чин ба хотири эҷоди боварӣ ва амниятӣ дар тули арзҳои кишвар ва таъмини сулҳу оромӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти фавқулода муҳим дорад.

Дар ин бобат Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар муносибати дӯстона бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро барои рушди корҳои дохилии якдигар пеш гирифта, дар ҳали мушкилоти мавҷуда ва масъалаҳои баҳсталаб, ба шумули масъалаҳои сарҳадӣ, аз ҳама гуна зурӣ ва фишор худдорӣ намуда, ба роҳи халқҳои мусолиматомези сиёсӣ ва гуфтушунидҳо афзалият диҳад.

Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли дигар дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба арсаи байналмилалӣ ва низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ қадамҳои аввалини мустақил ва устувори худро гузошт. Ба Тоҷикистони соҳибистиқлол зарур буд, ки ба ҷомеаи ҷаҳонии муосири бисёрқутба, раванди глобализатсия, иқтисоди бозоргонӣ ворид гардад. Яке аз масъулиятҳои муҳими давраи истиқлолият ин таъсис ва ташаккули сохтори муносиботи байналмиллалӣ мебошад. Аз ин рӯ инкишофи муносибатҳо бо кишварҳои ҷаҳон барои Тоҷикистон аҳамияти ҳаётан муҳимро дорад.

Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон давлатест, ки бо ҷумҳурии мо пайванди таърихӣ, этникӣ, ҷуғрофӣ ва фарҳангӣ дорад. Хусусан тоҷикон ва ӯзбекон, ки ташаккули халқҳои онҳо дар асоси умумии нажодӣ қарор гирифтааст, дар масири таърих бо ҳамдигар алоқаи хеле наздик доштанд ва доранд. Чуноне, ки аз таърихи гузашта маълум аст, ӯзбекон аз сарвати фарҳангии халқи тоҷик баҳраманд мегардиданд, ҳамин тавр, тоҷикон низ аз комёбиҳои фарҳангии халқи дӯсту қарини худ ӯзбек файзёб буданд. Хусусияти фарҳанги моддӣ, урфу одат, санъат ва ҳунарҳои халқии тоҷикон ва ӯзбекон чунон наздиканд, ки гоҳо дар байни онҳо фарқ гузоштан мумкин намешавад. Таърихи давраҳои қадимтарин, қадим ва ҳамчунин давраи асримиёнагии ин халқҳо хеле шабеҳ ва аксаран яксон буда, илова бар ин сайри тараққиёти он дар як сарзамин ба вуқӯъ пайвастааст. Омили дигаре, ки густариши муносибатҳои ин ду кишвари ба ҳам дӯстро дар шароити ҳозира тақозо менамояд, ин зиндагии 70 - сола дар низоми хоҷагидории ягонаи Иттиҳоди Шӯравӣ, дӯстии деринаи халқҳои тоҷику ӯзбек ва вобастагии амиқи иқтисодию энергетикӣ мебошад.

Ҳамкориҳои ду ҷониба ва мутақобилан судманди тоҷикону ӯзбекон анънаҳои хуб дошта, он таърихи ҳазорсола дорад ва дар Осиёи Марказӣ халқҳои ба ҳам наздиктарин мебошанд. Таъсис ёфтани ҷумҳуриҳои соҳибихтиёри Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 1991 дар робитаҳои ин ду мамлакат саҳифаҳои тамоман навро боз намуд.

Дар замони муосир ҳамкориҳои кишварҳо дар асоси кушодани сафоратхонаҳо ва шартномаҳои байни ҳукумати ба роҳ монда шудааст. Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз моҳи январи соли 1993 амал мекунад. Ҳамзамон сафоратхонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 1998 фаъолият дорад.

Муносибатҳои дипломатии кишварҳо аз 4 январи соли 1993 бо имзои «Аҳдномаи дӯсти ва ёрии байни ҳамдигарӣ» оғоз гардид. Қайд кардан бамаврид аст, ки ин шартномаи аввалини байналхалқие буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ имзо намудааст.

Аз оғози барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию-техникӣ ва фарҳангӣ ҷараён доранд, ки асоси онро ҳамкориҳои мутақобилан судманд, боварии тарафайн, тафовуқ дар бисёр масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналхалқӣ, ки аз манфиатҳои тарафайн бармеоянд, ташкил менамоянд.

Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар давраи бӯҳрони иқтисодию сиёсие, ки Тоҷикистонро фаро гирифта буд, ба Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз менамуд. Аз ҷумла рӯзи сеюми моҳи декабри соли 1993 сокинони вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ба Душанбе чор вагон либосу пойафзоли бачагона, 128 тонна орд ва 10 тонна равғани растанӣ фиристоданд. Бо ҳамин поезд намояндаи Раиси ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси Шӯрои ветеранҳои ҷанг ва собиқадорони кори ҷумҳурӣ Бектош Раҳимов, муовини ҳокими Сурхондарё Қучқор Аҳмадов ва ҳокими шаҳри Деҳнав Тилло Меглиев ба Душанбе омаданд.

Тамоюли муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии кишварҳо рӯ ба инкишоф ниҳода истодаанд. Коршиносон чунин меҳисобанд, ки ҷонибҳо барои боз ҳам амиқтар намудани ҳамкориҳои барои ҳар ду ҷониб муфид имкониятҳои хуб фароҳам ояд. Бино бар андешаи онҳо ба ташкилоти иқтисодии «АвруОсиё» дохил шудани Ӯзбекистон барои татбиқи ин имконот заминаи мусоид ба вуҷуд меорад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар солҳои охир гардиши аз ҳама васеи савдои берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад. Ҷумҳуриҳо ба ҳамдигар намудҳои маҳсулоти растанӣ ва хӯроквории тайёр, маҳсулоти маъданӣ ва маҳсулоти саноатии кимиёӣ ворид месозанд. Доду гирифти содиротию воридотии нерӯи барқ миёни ҷумҳуриҳо қариб якхела аст. Тоҷикистон ба Ӯзбекистон нерӯи барқро дар ҳаҷми 4012 ҳазор квт. соат ба миқдори 78306 ҳазор доллари амрикои интиқол дода, 4282 ҳазор квт. соат нерӯи барқро ба миқдори 80825 ҳазор доллар ворид месозад. Аз Ӯзбекистон гази табии ба миқдори 26668 ҳазор доллар, маҳсулоти нафтӣ ба миқдори 20432 ҳазор доллар, портландсемент - 2211 ҳазор доллар, равғани офтобпараст ва пахта 3584 ҳазор доллар, нуриҳои маъданӣ озотӣ ба миқдора 5420 ҳазор доллар ворид мегардад. Тоҷикистон ба Ӯзбекистон нахи пахтаи ришташударо ба миқдори 669 ҳазор доллар медиҳад. Инчунин аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон мошинҳои сабукрав ба миқдори 1495 ҳазор доллари ИМА ворид мегардад. Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба миқдори 1197 ҳазор доллар арзизӣ коркардашуда ва ноқилҳои арзизӣ интиқол медиҳад.

Дар солҳои истиқлолият ҳамкориҳои фарҳангии байни кишварҳо дар сатҳи хуб қарор доранд. Ҳамкории фарҳангии мардумони тоҷику ӯзбек таърихи кӯҳан дошта барои дӯстии ин ду мардум анъанаи хуб гардидааст. Дар замони муосир, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон давлатҳои мустақил гардидаанд ҳамкориҳои фарҳангии тарафайн асосан бо созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг ва башардӯстӣ, ки 4-уми январи соли 1998 дар шаҳри Тошканд ба имзо расидааст танзим мешавад. Дастоварди муҳими фарҳангии кишварҳо ин баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон аз 29-уми июн то 5-уми июли соли 1998 мебошад, ки дар баргузории он зиёда аз сесад нафар аз ҷумлаи олимон, шоирон, нависандагон ва кормандони соҳаҳои мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд. Қобили тазаккур аст, ки чорабинии номбурда як таконе буд дар наздикшавӣ ва густариши дӯстиву бародарии халқҳои ҳарду кишвари бо ҳам дӯст. Дар иртиботи ҳамкориҳои фарҳангӣ муносибатҳо дар ҳамаи соҳаҳо сурат гирифтанд. Аз ҷумла дар соҳаи санъат соли 1998 гурӯҳи ҳунармандони мо дар фестивали байналмилалии «Шарқ тароналари» ширкат намуда яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол карданд. Мувофиқи «Шартномаи ҳамкориҳои эҷодӣ миёни Сиркҳои Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ» соли 1999 як гурӯҳи ҳунармандони Сирки давлати Ӯзбекистон ба шаҳри Душанбе сафари ҳунарӣ доштанд. Маротибаи дуюм аз декабри соли 2017 ва январи соли 2018 Сирки давлати Ӯзбекистон ба шаҳри Душанбе сафари ҳунарӣ дошта, бо намоишномаҳои диданибобу дилчаспи худ хотири тамошобинонро шод намуданд.

Дар охир суханҳои роҳбарони ду кишвари ба ҳам дӯсту бародарро нисбати ҳамкории байни кишварҳо овардаем: «Барои мо тоҷикон, гуфтааст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муносибати дӯстона, мустаҳкам ва тӯлонӣ бо Ӯзбекистон ҳам тақозои таърихӣ ва ҳам ниёзи мардумист».

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 – 10 - уми марти соли 2018 дар ҷараёни нахустин сафари расмии ба Тоҷикистон таъкид карда буд, ки: «Халқҳои бо ҳам дӯсту қарини ӯзбек, новобаста аз мушкилоти зиёд ва рӯйдодҳои таърих, ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ кушиш мекунанд ва ояндаи хубу рушдёбандаро бо ҳам месозанд».

 

Беҳрӯзҷон Неъмонов – мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур