Нерӯгоҳи барқи обии Норак
Неругоҳи барқи обии Норак дар дарёи Вахш сохта шудааст. Сохтмони нерӯгоҳ соли 1961 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст. Дар Нерӯгоҳи барқи обии Норак 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи неругоҳ 3000 ҳазор кВт ро ташкил медиҳад.
Сохтмони НБО-и Норак соли 1961 оғоз ёфт, агрегати якуми он 15 ноябри соли 1972, бо иқтидори 300 МВт ва нерӯгоҳ бо иқтидори пурраш (2700 МВт) соли 1979 ба истифода супорида шуд. Соли 1988 ҳамаи нӯҳ агрегати нерӯгоҳ таҷдид гардида, иқтидори ҳар кадом ба 335 МВт ва иқтидори умумии нерӯгоҳ ба 3000 МВт расонида шуд. Бо ин иқтидори бузург НБО-и Норак афсонае буд, ки дар кишвари мо ба ҳақиқат табдил ёфт, номи Тоҷикистонро дар арсаи олам машҳур намуд. Аз дигар тараф маҳз НБО-и Норак исбот сохт, ки захираҳои гидроэнергетикии кишвари мо, ки дар як сол 527 миллиард кВт.сатро ташкил медиҳад ва он аз ибтидои солҳои сиюми асри гузашта таҳқиқ мешаванд, воқеӣ буда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии тамоми минтақа нафъовару манфиатбахшанд.
Дар заминаи нерӯи барқе, ки дар ин нерӯгоҳ ва дигар нерӯгоҳҳои дар дарёи Вахш сохташуда истеҳсол мегардад, аз солҳои 70-ум асри гузашта сар карда, комплекси истеҳсолии Ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла Заводи нуриҳои азотии Вахш, Заводи электрохимиявии Ёвон, Заводи алюминии тоҷик ва ғайраҳо созмон ёфт.
Баландии сарбанди НБО Норак — 300 метр (то соли 2013 аз ҳама баландтарин сарбанд дар ҷаҳон ба шумор мерафт).
Лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак»
20 марти соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак» оғози расмӣ бахшиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО «Норак» таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд.