Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “ЗАХИРАҲОИ ОБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ҲОЛАТИ МУОСИР ДАР ДОИРАИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, 2018-2028”

Санаи 16 – уми ноябри соли 2021 бахшида ба рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “ЗАХИРАҲОИ ОБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ҲОЛАТИ МУОСИР ДАР ДОИРАИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, 2018-2028, гузаронида шуд. Дар кори конференсия ректори донишгоҳ, профессор Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, Вазири кишоварзии Тоҷикистон, Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, директори кишварӣ Каритас Швейтсария доктор Шинан Кассам, Сардори раёсати сиёсати энергетики ва захираҳои об, рушди илму техникаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуразоқрзода Далер Абдухалоқ, маърузаҳои илмӣ намуданд. Таъкид гардид, ки 16 ноябр санаи таърихӣ ва сарнавишсоз мебошадки дар ин рӯзи муборак беихтиёр шахсияти таърихӣ, сиёсатмадори барҷаста, маорифпарвари беҳамто, ҳомии сулҳу субот ва тарроҳи ҳадафҳои бузурги ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ва заҳматҳои бузурги ӯ дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши рӯй меоянд, ҳамзамон ҳамин рӯзро ҳамчун асоси оғози тинҷию оромӣ, осоиштагӣ ва рушди босуботи кишвар бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон эътироф менамоянд.

Инчунин дар конференсияи мазкур намояндагони Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, институти илмӣ-тадқиқотии МД ТоҷикНИИГИМ, Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуда  фикру мулоҳизаҳои илмию амалии хешро иброз намуданд.

Боиси хушҳолист, ки дар доираи сиёсати «Дарњои кушода»  бо давлатҳои хориҷ ва ширкату созмонҳои байналмилалӣ  тадриҷан  густариш меёбанд. Дар ин росто, бо дастгирии ташкилоти байналмилаии Каритаси Швейтсария ва агентии швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар пойгоҳи факултети гидромелиоративии донишгоҳ боз як “Кластери таълимӣ оид ба гидрология, агрометеорология ва озмоишгоҳи таълимии масолеҳи сохтмонӣ”, сохта ва мавриди баҳрабардории васеъ қарор дода шуд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати мутахассисони соҳа нақши муҳим мебозад. Кластери таълимии мазкур дар тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи хоҷагии об ва кишоварзӣ замина воқеӣ мегузорад.

Ҳамин тариқ бо мақсади ҳамкориҳои судманди ҳасана ҷиҳати таҳкими рушди неру ва иқтидори зеҳнии донишгоҳ ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва каритас Швейтсария, бодарназардошти ҳуввияти миллӣ ба имзо расонида шуд.

1

2

3

4

5

6

7

8

9