ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Июн 2019

24 Июн 2019

Идоракунии захираҳои обӣ ва истифодаи он-дар алоқамандӣ бо иқлим ва озуқаворӣ

Санаи 24.06.2019 дар пойгоҳи донишгоҳ  бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Идоракунии захираҳои обӣ ва истифодаи он-дар алоқамандӣ бо иқлим   ва озуқаворӣ” бо иштироки 60 нафар олимону мутахассисони соҳа аз муассисаҳои олӣ ва ташклотҳои байналмилалии кишварҳои Австрия, Испания, Фаронса, Олмон,  Туркия,  Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид. Конференсияи байналмилалиро муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимзода Ҷамшед Шодӣ ифтитоҳ бахшид, ҳамзамон ректори донишгоҳ, профессор Салимзода Амонулло Файзулло дар масъалаи дигаргуншавии иқлиим, таъсири он ба соҳаи кишоварзии мамлакат ва сардори гурӯҳи кории конференсия аз Иттиҳоди Аврупо, ҷаноби Стефано Еллеро  ибрози ақида намуданд.

 

 

 

Муфассал...

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ

Субҳи 24-уми июни соли 2019 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар заминаи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем” (22.12.2017) дар арафаи таҷлили 22-солгарди Ваҳдати миллӣ ва инчунин сазовор ҷашнгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи замонавии варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар маросими кушодашавӣ Аҳмадзода Дилноза–муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Табарова Мавҷуда–муовини Раиси ноҳияи Исмоли Сомонӣ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ  иштирок доштанд.

Муфассал...

21 Июн 2019

Бахшида ба 22 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Санаи 21.06.2019 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур бахшида ба 22 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба шоҳмот баргузор гардид.

Дар рафти баргузории ин чорабинӣ устодону донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Ғолибони ин мусобиқа байни устодону кормандон Сангов Ҳабибулло Ғаниевич - омӯзгори калони кафедраи технологияҳои иттиллотӣ ва Ахмедова Наргис Худойқуловна - методисти факултети баҳисобгирӣ ва молия, байни донишҷӯён Беҳзоди Давлатзода - донишҷӯи курси 1, факултфети агробизнес ва Сангова Фарангис Ҳабибуллоевна - донишҷӯи курси 4, факултети баҳисобгирӣ ва молия  дониста шуда ва аз тарафи Раёсати донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд

 

 

 

Муфассал...

18 Июн 2019

НАКИМОВ Сафарраҳмат Пиракович

БОЗОРИ ГӮШТ ВА МЕХАНИЗМИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ ОН (дар асоси маводи хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 –Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (комплекси агросаноатӣ ва хоҷагии қишлоқ).

Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-014

ДИССЕРТАЦИЯ 18.06.2019
Анти плагиат 18.06.2019
Рӯйхати корҳои илмӣ 18.06.2019
Тақризи роҳбари илмӣ 18.06.2019

Муфассал...

БОБОҶОНОВА Заррина Ғаниевна

ТАШАККУЛИ ЗЕРКОМПЛЕКСИ САБЗАВОТӢ БА СОДИРОТНИГАРОНИДАШУДА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 –Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (комплекси агросаноатӣ ва хоҷагии қишлоқ).

Шӯрои диссертатсионии  6D.КОА-014

ДИССЕРТАЦИЯ 18.06.2019
Анти плагиат 18.06.2019
Рӯйхати корҳои илмӣ 18.06.2019
Тақризи роҳбари илмӣ  18.06.2019

Муфассал...

08 Июн 2019

Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот

Cубҳи имрӯз 08.06.2019 дар саҳни донишгоҳ  маросими ифтитоҳи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «ҶОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ШОҲМОТ» бо иштироки беш аз 300 нафар устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Муфассал...

01 Июн 2019

ҚОСИМОВ Тағай Абдуллоевич

ХУСУСИЯТҲОИ ХОСИ ТАШАКУЛЁБӢ ВА РУШДИ ЗЕРКОМПЛЕКСИ САБЗАВОТУ КАРТОШКА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05 –Иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ: иқтисодиёт, ташкил ва идоракунии корхонаҳо, соҳаҳо, комплексҳо (комплекси агросаноатӣ ва хоҷагии қишлоқ)

Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-014 

ДИССЕРТАЦИЯ 01.06.2019
Анти плагиат 01.06.2019
Рӯйхати корҳои илмӣ 01.05.2019
Тақризи роҳбари илмӣ 01.05.2019

Муфассал...