ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Апрел 2019

26 Апрел 2019

Кафедраи "Иқтисодиёти КАС"

 

МИРЗОЕВ Бобҷон,
мудири кафедраи иқтисодиёти КАС, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Муфассал...

25 Апрел 2019

КАРИМОВА Файзигул Ҷанҷоловна

АСОСҲОИ АГРОКИМИЁВИИ БАЛАНДБАРДОРИИ ҲОСИЛХЕЗИИ НИШЕБИЗАМИНҲОИ ХОКҲОИ ҶИГАРРАНГИ КАРБОНАТИИ ТОҶИКИСТОНИ МАРКАЗӢ

Барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои  кишоварзӣ аз рӯйи ихтисоси 06.01.04 - Агрохимия баргузор мегардад. 

Шӯрои диссертатсионии  6D.КОА-015 

ДИССЕРТАЦИЯ 25.04.2019
Анти плагиат 25.04.2019
Рӯйхати корҳои илмӣ  25.04.2019
Тақризи роҳбари илмӣ  1. 2.  25.04.2019

Муфассал...

18 Апрел 2019

Кормандони шуъба

 
 

БОБОХОНОВА ЗЕБИНИССО КАРАЕВНА
Муоивини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ 

Тоҷикистон, 734003, ш. Душанбе,
х. Рудаки 146, х.ҷ. 201
Тел.: (+992 37) 224-56-81
Моб.:+992 93 885 76 58
e-mail:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Ҷадвали корӣаз 800 то 1700 танаффус аз 1200 то 1300   
 

ҚАРАЕВ ЗИЁДУЛЛО ЮНУСОВИЧ   

Мудири шуъбаи идоракунии  фаъолияти байналмилалӣ

Тоҷикистон, 734003, ш. Душанбе,
х.Рудаки 146, ҳ.ҷ. 203
Тел.: (+992 37) 224-56-81                                                                    
 Моб.:+992 908 66 60 60
e-mail:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Ҷадвали корӣаз 800 то 1700 танаффус аз 1200 то 1300        
 

ХАТАМОВА РАЪНО САИДОВНА

Мутахассиси шуъба                                                                                   

Тоҷикистон, 734003, ш. Душанбе
х.Рудаки 146., ҳ. 203
Тел.: (+992 37) 224-56-81
e-mail: saidova49@list.ru 
Ҷадвали корӣаз 800 то 1700 танаффус аз 1200 то 1300  
 

КАРИМЗОДА СИТОРА  САЪДӢ

Мутахассис оид ба лоиҳаҳои байналмилалӣ

Тоҷикистон, 734003, ш. Душанбе,
х.Рудаки 146, ҳ.ҷ. 203
Тел.: 
(+992 37) 224-56-81
e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Ҷадвали корӣаз 800 то 1700 танаффус аз 1200 то 1300  

 

ШЕРОВА ХУРШЕДА ХУСЕЙНОВНА

Котиба-оператор
Тоҷикистон, 734003, ш. Душанбе, Рудаки 146., ҳ. 203
Тел.: (+992 37) 224-56-81
Тел.моб.:+992 985 65 98 93
E-mail:  Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Ҷадвали корӣаз 800 то 1700 танаффус аз 1200 то 1300 

 

                  

 

Муфассал...

12 Апрел 2019

Хабарҳо

Санаи 14.03.2018 вохӯрии намояндагони  донишгоҳи Шимолу-Ғарби кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии мардумии Чин бо раёсати ДАТ ба номи Ш.Шотемур баргузор гардид, ки дар рафти  вохӯрӣ созишнома барои ташкили агропарк дар базаи хоҷагии илми-истеҳсолии донишгоҳ дар шаҳри Ҳиссор ва  Маркази омӯзиши забони хитоӣ баста шуд. 

Санаи 19.12.2018 тариққи бархат дар мавзӯи “Технологияҳои геномӣ дар чорводорӣ” аз ҷониби  профессори Донишкадаи  давлатии кишоварзии шаҳри Кемеровои  Федератсия Россия Кемерова Наталя Анатолевна Чалова ба донишҷӯёни факултети ветеринарии ДАТ ба номи Ш.Шотемур хонда гузашт.

Санаи 20.12.2018 ба донишгоҳ  Намояндагони Ташкилоти  озуқаворӣ СММ  Недка Иванова ва  Бапаев К. дар доираи лоиҳа  дар самти “Тақвият  додани муассисаҳо ва тавоноии Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти давлатии  назорати бойторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат” вобаста  баррасӣ ва ташкили   курсҳои омӯзишӣ барои донишҷӯёни факултетҳои тибби ветеринарӣ ва  иқтисодии донишгоҳ  ташриф оварданд.

 Ҷонишини директори ташкилоти “PRAXX- Олмон  Изатулло Ғиёсов санаи  25.12.2018  барои гузаронидани семинари омӯзишӣ  ва рафти таҷрибаоомӯзии истеҳсолиӣ дар давлати Олмон ташриф оварда, ба донишҷӯёни факултеҳои агрономӣ, тибби ветеринарӣ, зооинженерӣ ва агробизнес  тавассути презентатсия аз рафти таҷрибаомӯзӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, иштирок дар конференсияю семинарҳо изҳори ақида намуд. Зимни вохӯриӣ бо ректори донишгоҳ, профессор Салимзода А.Ф. вобаста ба  ҷалби донишҷӯён  барои  гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва риояи талаботҳо зимни  сафар  ҳамсӯҳбат гардид.      

Санаи  25.12.2018 – муовини рктор оид ба робитаҳои байналмилалии  Донишгоҳи Авруосиёи Қазоқистон  ташриф оварда, дар масъалаи ҷалби хатмкунандагони донишгоҳ ба зинаи магистратура ва ба роҳ мондани мубодилаи академӣ  бо ректори донишгоҳ ҳамсуҳбат гардиданд.

Зимни ташрифи  намояндагони Донишкадаи  бехатарии  амнияти ғизоӣ  ва Донишкадаи механиконии кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии  чумҳурии Мардумии Чин  сани  14.01.2019  созишномаи ҳамкорӣ байни донишкадаҳои мазкур ва донишгоҳ   барои сохтани гармхонаҳо ва парвариши зироатҳои хоҷагии қишлоқ  дар пойгоҳи хоҷагии таълимӣ- истеҳсолии донишгоҳ, ки дар шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, баста шуд.    

Дар доираи  Созишномаи ҳамкории басташуда бо Донишгоҳи давлатии аграррии шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия дар самти таълим ва илм,  табодули донишчӯён и донишгоҳҳо роҳандозӣ гардид, ки санаи 28.01.2019  донишҷӯёни факултетҳои молия ва қарз, иқтисодӣ ва ветеринарӣ Чакаев Н., Юсупов И., Боймуллозода А. ва Бузуруков А. барои идома додани нимсолаи дуюми соли хониши 2018-2019  равона гардиданд. Ҳамзамон донишҷӯи курси сеюми факултети иқтисодии донишгоҳи мазкур Ерназарова С.А. барои  идома додани таҳсил дар ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур ташриф овард, вобаста  ба раванди таълим дар донишгоҳ ректори донишгоҳ, профессор Салимзода А.Ф. бо ӯ суҳбат гузаронида, иброз намуданд, ки  барои ҳалли тамоми масъалаҳое, ки  дар давраи таҳсил  дар донишгоҳ рӯ ба рӯ мегардед метавонед, дар якҷоягӣ бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ  бартараф намоед. 

Имрӯз 22.04.2019 дар доираи лоиҳаи “Мубодилаи академӣ ва хондани лексия аз тарафи мутахассисон бо Донишгоҳи илмҳои тибби ветеринарии Эстония”, ки маблағгузории лоиҳа баронмаи ЕRАSМУS+ (Эразмус+) мебошад, мутахассисони соҳаи тибби ветеринарӣ ва зооинженерии донишгоҳи мазкур ба донишгоҳ ташриф оварданд. ректори донишгоҳ, профессор, узви вобастаи АИКТ Салимзода Амонулло Файзулло бо меҳмонон вохӯрӣ намуда, вобаста ба самти фаъолияти донишгоҳ дар самти таълим, илм ва робитаҳои байналмилалӣ  ибрози ақида намуданд, сипас мутахассисон барои донишҷӯёни факултети зооинженерии донишгоҳ дар мавзӯъҳои мубрами рӯз лексия оғоз намуда, баъдан барои донишҷӯёну магистрони факултети тибби ветеринарӣ идома медиҳанд.  

Санаи 24.06.2019 дар пойгоҳи донишгоҳ  бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Идоракунии захираҳои обӣ ва истифодаи он-дар алоқамандӣ бо иқлим   ва озуқаворӣ” бо иштироки 60 нафар олимону мутахассисони соҳа аз муассисаҳои олӣ ва ташклотҳои байналмилалии кишварҳои Австрия, Испания, Фаронса, Олмон,  Туркия,  Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид. Конференсияи байналмилалиро муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоимзода Ҷамшед Шодӣ ифтитоҳ бахшид, ҳамзамон ректори донишгоҳ, профессор Салимзода Амонулло Файзулло дар масъалаи дигаргуншавии иқлиим, таъсири он ба соҳаи кишоварзии мамлакат ва сардори гурӯҳи кории конференсия аз Иттиҳоди Аврупо, ҷаноби Стефано Еллеро  ибрози ақида намуданд. (замима)

 

Муфассал...

Рӯйхати ихтисосҳо

I. АГРОНОМӢ
1. 1-740205 Агрокимиё ва хокшиносӣ
2. 1-740201 Агрономӣ
3. 1-740202 Селексия ва тухмипарварӣ
4. 1-330106 Экологияи кишоварзӣ
5. 1-740201-2602 Агроном-менеҷмент
6. 1-74020101 Марғзорпарварӣ (чарогоҳпарварварӣ)
II. АГРОБИЗНЕС
1. 1-490101 Таъмини техникии равандҳои нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизои растанӣ
2. 1-26020309 Маркетинг дар комплекси агросаноатӣ 
3. 1-740131 Ташкили хоҷагии фермерӣ (деҳқонӣ)
4. 1-490101-2501 Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ-иқтисодиёт
5. 1-19 030205

Технологияи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ

6. 1-56010106

Метрология, стандартикунонӣ ва сертификатсия (дар комплекси аграрӣ-саноатӣ

III. БАҲИСОБГИРӢ ВА МОЛИЯ
1. 1-25010405 Молия вақарз дар комплекси агросаноатӣ
2. 1-25010809 Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар комплекси агросаноатӣ
IV. БОҒДОРӢ ВА БИОТЕХНОЛОГИЯИ КИШОВАРЗӢ
1. 1-740204 Меваю сабзавотпарварӣ
2. 1-310500 Пиллапарварӣ
3. 1-75010101 Илми ҷангалпарварӣ ва ҷангалпарварӣ 
4. 1-740203 Ҳифзи растаниҳо ва карантин
5. 1-750201 Бунёди боғу истироҳатгоҳҳо 
6. 1-740204-2501

Агрономи боғпарвар-иқтисодиёт

7. 1-74020306

Пешгӯӣ ва огоҳии органзмҳои зараррасон

V. ИҚТИСОДӢ
1. 1-250107 Иқтисодиёт  ва идора дар комплекси агросаноатӣ
2. 1-25010715 Менеҷменти истеҳсолӣ
3 1-25011017 Тиҷорат дар дар комплекси агросаноатӣ
VI. ЗООИНЖЕНЕРӢ
1. 1-740301 Зоотехния
2. 174060202 Таъминоти техникии равандҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти чорводорӣ
3. 1-74030107 Занбӯри асалпарварӣ
4. 1-74030103 Парандапарварӣ
5. 1-740303 Технологияи парвариши моҳӣ
6. 1-740301  2602

Зоотехнология-менеҷмент

VII. ГИДРОМЕЛИОРАТИВӢ
1. 1-70040101 Сохтмони гидротехникӣ
2. 1-560101 Заминсозӣ
3. 1-740501 Мелиоратсия ва хоҷагии об
4. 1-560201 Геодезия
5. 1-74050105 Истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ
6. 1-740501 2602 Беҳдошти замин ва менеҷменти хоҷагии об
7. 1-33020103 География (низомҳои геоиттилоотӣ)
VIII. ТИББИ ВЕТЕРИНАРӢ
1. 1-740302 Тибби бойторӣ 
2. 1-74030201 Озмоиши бойтории санитарӣ 
3. 1-740302790108 Тибби ветеринарӣ-фарматсевт
IX. МЕХАНИКОНИИ КИШОВАРЗӢ
1. 1-740601 Таъмини техникии равандҳои истеҳсолоти кишоварзӣ
2. 1-740602 Таъмини техникии равандҳои механикӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ
3. 1-7406050102 Барқикунонии  кишоварзӣ
4. 1-7406013601-(2602) Муҳандис-мошинсоз-менеҷмент
5. 1-74060301 Ташкил ва технологияи хизматрасонии техникӣ
6. 1-74060302 Бехатарии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот 

Муфассал...

Тартиби воридшудан ба ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур

маълумоти додашуда барои довталабон аз  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ва расман даъватшудагон барои таҳсил ба ДАТ ба номи Ш. Шотемур муқаррар шудааст

Суроға: ш. Душанбе, х. Рудаки 153

Хобгоҳи донишҷӯён № 1

Телефон: +992 37 224 56 81

Баъди омадан Шумо бояд бо мутахассисони шуъбаи идоракунии фаъолияти  байналхалқӣ дар рӯзи корӣ бо телефони +992 93 585 15 62 дар алоқа бошед:

БАҚАЙДГИРӢ

Баъди ҷойгиршавӣ дар хобгоҳ, ба Шумо лозим аст ҳарчи зудтар ба шуъбаи идоракунии фаъолияти байналмилалӣ, ки дар БИНОИ АСОСӢ (2 ошёна ҳуҷраи 205) ҷойгир аст, барои бақайдгирӣ дар ШХБ ҶТ  муроҷиат намоед. Маълумоти бештар дар бораи ҷойгиршавии БИНОҲОИ ТАЪЛИМӢ   метавон аз навбатдорони хобгоҳ гирифт.

Бо худ ҳуҷҷатҳои зеринро  бояд дошт:

  1. Шиноснома+нусхаи ҳамаи саҳифаҳои шиноснома
  2. Корти муҳоҷират+нусхаи корти муҳоҷират
  3. Расм 2 дона андозаи 3Х4

ПАРДОХТИ ИЛОВАГӢ:

  1. Истиқомат дар меҳмонхона   ______сом./рӯз.
  2. Истиқомат дар хобгоҳ 1500 сом./сол.
  3. Пардохти ташкилотӣ 300 сом. (якмаротиба)
  4. Муоинаи тиббӣ______сом.

Агар ягон савол пеш омад, Шумо метавонед ба кормандони  шуъбаи идоракунии фаъолияти байналмилалӣ муроҷиат намоед.

 Омӯзиши асосиро интихоб кардан

Шаҳрванди хориҷ метавонад тариқи  буҷавӣ  (бурсияи  ҷудокардашуда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва  шартномавӣ таҳсил намоянд.

Ҳуҷҷатҳои лозима барои дохилшавӣ

Бакалавриат Магистратура Аспирантура
 Шаҳодатнома дар бораи маълумоти миёна(пурра) (ҳуҷҷати аслӣ ва тарҷума бо  тасдиқи нотариалӣ, аз ҷумла замима бо баҳо)    Дипломи бакалавр(ҳуҷҷати аслӣ ва тарҷума бо  тасдиқи нотариалӣ, аз ҷумла замима бо баҳо)  Дипломи магистрӣ ( ҳуҷҷати аслӣ ва тарҷума бо  тасдиқи нотариалӣ, аз ҷумла замима бо баҳо) 
 Шиноснома (нусха ва тарҷума бо тасдиқи нотариалӣ)  Шиноснома (нусха ва тарҷума бо тасдиқи нотариалӣ)  Шиноснома (нусха ва тарҷума бо тасдиқи нотариалӣ)
 Шаҳодатномаи қонунии (легализатсия) ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсил ( дар ҳолати зарурӣ)  Шаҳодатномаи қонунии (легализатсия) ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсил ( дар ҳолати зарурӣ)  Шаҳодатномаи қонунии (легализатсия) ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсил ( дар ҳолати зарурӣ)
 Суғуртаи тиббӣ, ки тамоми давраи будани шаҳрванди хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад   Суғуртаи тиббӣ, ки тамоми давраи будани шаҳрванди хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад   Суғуртаи тиббӣ, ки тамоми давраи будани шаҳрванди хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад 
 Маълумотнома дар бораи гузаштани муоинаи тиббӣ(086у) ҳангоми дохилшавӣ   Маълумотнома дар бораи гузаштани муоинаи тиббӣ(086у) ҳангоми дохилшавӣ   Маълумотнома дар бораи гузаштани муоинаи тиббӣ(086у) ҳангоми дохилшавӣ 
 6 дона расми  андозааш 3Х4  6 дона расми  андозааш 3Х4  6 дона расми  андозааш 3Х4

Қонунӣ кунонидан ва эътирофи ҳуҷҷатҳои таълимӣ 

Легализатсия (Қонунӣ) 

Легализатсия  — ин тартиб барои истифодаи қонунии ҳуҷҷати таълимӣ. 

Апостилӣ– ин тартиби соддаи легализатсия мебошад. Агар давлати Шумо дар рӯйхати давлатҳо-иштирокчиёни созишномаи Гаага соли 1961 дохил шавад, он гоҳ мӯҳри “Апостил” дар ҳуҷҷати аслӣ ё ин ки дар варақи алоҳида бо ҳуҷҷат пайваст кардашуда гузошта мешавад,  ва мумкин аст, ки дар забони расмии мақомоти иҷозатдиҳӣ навишта шавад.

 Легализатсия консулӣ

Легализатсияи консулӣ дар 2 давра гузаронида мешавад:

  •  Тасдиқи ҳуҷҷат (чун қоида аслӣ, дар баъзе давлатҳо – нусха) аз тарафи ВКХ – и давлати ҳуҷҷатро дода:  мӯҳри мувофиқ ва тамға бо нишондоди вазифа ва имзои шахси тасдиқкунанда гузошта мешаванд;
  • Тасдиқ аз тарафи идораи консулӣ ( аз идораи консулӣ ё намояндагии кишвар) дар давлати ҳуҷҷатҳо додашуда: мӯҳри мувофиқ ва тамға бо нишондоди вазифа ва имзои шахси тасдиқкунанда гузошта мешаванд;

 Чӣ гуна ҳуҷҷатҳои таълимиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кард?

Ба ғайр аз легализатсия, ба довталабони бисёр давлатҳо зарур аст, ки барои супоридани ҳуҷҷатҳо зимни қабул ба донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуҷҷатҳои таҳсилии худро  барои  баробарарзишӣ  супоранд. 

Дар куҷо тартиби қабулро бояд гузашт?
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:  

  • Ариза
  • Ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад ва нусхаи он
  • Ҳуҷҷати таҳсилӣ: аслӣ, инчунин нусха ва тарҷумаи тасдиқкардашуда
  • Боҷи давлат 

Маълумот оиди легализатсия ва қабули ҳуҷҷатҳои таълимиро аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати худ аниқ намоед. 

Гирифтани даъватнома 

Барои бақайдгирии даъватнома ба шаҳрванди хориҷӣ лозим аст ҳуҷҷатҳои навбатиро дар почтаи visa@gov.tj  равон кунад: 

  • скан-нусхаи саҳифаҳои шиноснома бо маълумотҳои шахсӣ;
  • пур кардани саволнома.  

Барои бақайдгирии даъватнома барои шаҳрванди хориҷӣ лозим аст: 

  1. Саволномаро гирифта барои бақайдгирии даъватнома барои даромадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
  2. Ба суроғаи додашуда ҳуҷҷатҳои навбатиро на камтар аз 50 рӯз то рӯзи даромад бояд фирист:
  • Саволномаи пуркардашуда
  • Скан саҳифаҳои шиноснома бо маълумотҳои шахсӣ

 

 

Муфассал...

Таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар

Барномаҳои байналмилалӣ барои мубодилаи академӣ ва таҳсил дар зинаи магистратура 

1. Лоиҳаи Эразмус+ Олмон

2. Лоиҳаи Эразмус+ Руминия
3. Лоиҳаи Эразмус+Эстония
4. Лоиҳаи Эразмус+Лаҳистон
5. Лоиҳаи Эразмус+ Литва 

            DAAD. Идораи мубодилаи академии Олмон   

Миқдори пешниҳоди барномаҳои стипендиявӣ барои ҶТ аз тарафи DAAD:
Ҷойи амаликунии идрорпулиҳо: Донишгоҳҳои Олмон
Иштирокчиёндонишҷӯён, магистрон, докторантон, омӯзгорон, олимон ва ғ.
Миқдори стипендия: 1000 -2300 €/ моҳ (докторантон  ва олимон, омӯзгорон)
Давомнокӣ: аз 1-10 моҳ то 3- сол
Мӯҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо ҳарсол
Рӯйхати ҳуҷҷатҳои лозима:

  • Ариза-анкета
  • 2 мактуби тавсиявӣ (аз роҳбар ва профессор)
  • Даъватнома
  • Тарҷумаи ҳол
  • Тавсиянома
  • Тавсифи муфассали лоиҳаи тадқиқотӣ, ки бо роҳбари илмӣ  мувофиқ карда шудааст
  • Маълумотнома аз ҷойи таҳсил
  • Нусхаи диплом ва аттестат бо тарҷума
  • Рӯйхати маводҳои нашршуда
  • Нақшаи тақвимӣ
  • Сертификат оид ба  донистани забон 

Лоиҳаи Эразмуc + Олмон


Ҷойи амаликунии мубодила:1) Донишгоҳи илмҳои кишоварзии  Вайенштефан - Триздорф
Иштирокчиён: Хатмкунандагони донишгоҳ
Давомнокӣ: 2 сол
Самти фаъолият: агроменеҷмент
Муҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо: 
Донишгоҳи илмҳои табии Вайенштефан – Триздорф – қайдкунӣ то 8 феврал  
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ

  • Тарҷумаи ҳол (Curriculum Vitae)
  • Тавсиянома
  • Созишномаи пуркардашудаи мубодила бо тавсифи барномаи корӣ
  • Нусхаи шиноснома 

Лоиҳаи  Эразмуc + Эстония

Ҷойи амаликунии мубодила: Донишгоҳи илмҳои табии Эстония
Иштирокчиён: магистрон, аспирантон, омӯзгорон,
Давомнокӣ: 5 рӯз
Самти фаъолият: тибби ветеринарӣ
Муҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо: аз рӯи эълон
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ

  • Тарҷумаи ҳол (Curriculum Vitae)
  • Тавсиянома
  • Созишномаи пуркардашудаи мубодила бо тавсифи барномаи корӣ
  • Нусхаи шиноснома

Лоиҳаи Эразмуc + Руминия

Ҷойи амаликунии мубодила:Донишгоҳи Банатаи илмҳои кишоварзӣ ва тиббии ветеринарии шаҳри Тимишуора
                                      

Иштирокчиён: магистрон, аспирантон, омӯзгорон, коркунони илм, номзадҳои илм,омӯзгорон

Давомнокӣ: аз 5 рӯз то 3 моҳ
Самти фаъолият: соҳаи  кишоварзӣ
Мӯҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо

Тибқи эълон

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ

  • Тарҷумаи ҳол (Curriculum Vitae)
  • Тавсиянома
  • Созишномаи пуркардашудаи мубодила бо тавсифи барномаи корӣ
  • Нусхаи шиноснома

Лоиҳаи Эразмуc + Литва

Ҷойи амаликунии мубодила: Донишгоҳи илм дар бораи тандурустии  Литва
Иштирокчиён: магистрон, аспирантон, омӯзгорон, коркунони илм, номзадҳои илм,омӯзгорон
Давомнокӣ: аз 5 рӯз то 3 моҳ
Самти фаъолият: зоотехния, тибби-ветеринарӣ ва бехатарии озуқа
Мӯҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо: Тибқи эълон
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ

  • Тарҷумаи ҳол (Curriculum Vitae)
  • Тавсиянома
  • Созишномаи пуркардашудаи мубодила бо тавсифи барномаи корӣ
  • Нусхаи  шиноснома

Лоиҳаи Эразмуc + Лаҳистон  

Ҷойи амаликунии мубодила: Донишгоҳи илмҳои ветеринарии Варми ва Мазури Лаҳистон
Иштирокчиён: магистрон, аспирантҳо, омӯзгорон, коркунони илм, номзадҳои илм,омӯзгорон
Давомнокӣ:аз 5 рӯз то 3 моҳ
Самти фаъолият: тибби-ветеринарӣ
Мӯҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо:  Тибқи эълон
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ

  • Тарҷумаи ҳол (Curriculum Vitae)
  • Тавсиянома
  • Созишномаи пуркардашудаи мубодила бо тавсифи барномаи корӣ
  • Нусхаи созишнома 

Таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ

Раванди таҳсил дар ду баст  6 рӯзи корӣ ташкил шудааст.
Дар ихтиёри донишҷӯён синфхонаҳои таҷҳизотонидашуда,  хобгоҳ, китобхона ва  толори варзишӣ  пешниҳод шудааст.
Ба донишҷӯёни хориҷ ҷой дар хобгоҳ дода мешавад.
Барои довталабоне,  ки забони русӣ, англисӣ ва тоҷикиро намедонанд, имконият доранд дар Маркази омӯзиши забонҳо, ки дао пойгоҳи донишгоҳ таъсис дода шудааст аз худ кунанд.

Қабули ҳуҷҷатҳо:

  • Ба шуъбаи  ғоибона – шартномавӣ: то 20 августи 2019 с.
  • Ба шуъбаи рӯзона –  шартномавӣ: то 20 августи 2019 с.
  • магистратура –шартномавӣ: то 20 августи 2019 с.

Рӯйхати ҳуҷҷатҳо:

  1. Ариза;
  2. Нусхаи шиноснома;
  3. Тасдиқи нотариалии тарҷумаи ҳуҷҷатҳо;
  4. Ҳуҷҷати асли таҳсил (бо замима), легализатсия
  5. Тасдиқи нотариалии тарҷумаи ҳуҷҷатҳои таҳсил;
  6. Шаҳодатнома  дар бораи эбаробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсил (агар лозим бошад);
  7. 8-то   расми андозааш  3Х4;
  8. Маълумотномаи тиббӣ.

  Таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ дар хориҷ ин такмили ихтисос дар донишгоҳҳои кишоварзии Аврупо кор дар хоҷагии фермерӣ, семинарҳо, экскурсияҳо дар муассисаҳо шиносоӣ бо фарҳанги давлат, беҳтарнамоии забони хориҷӣ мебошад

 Логотип   Номгӯи давлатҳо Муҳлат    Пардохти ташк. Миқдори идрорпулӣ  
Praktikum Global
Олмон 
6 моҳ/ 1 сол   670 евро  аз 670 евро/моҳ
PRAXX
Олмон 
6 моҳ/ 1 сол   Бе пардохт барои иштирок  330 евро/моҳ

 

 

LOGO

 LOGO
Олмон
6 моҳ/ 1 сол 
 Бе пардохт барои иштирок  260 дол/моҳ
 

 

JD East
Олмон
6 моҳ/ 1 сол   200 евро  500 евро/моҳ
 

АСТ  (Донишгоҳи илмҳои кишоварзии Вайенштефан-Триздорф) 

4 моҳ   Бе пардохт барои иштирок  309 евро/моҳ
  Таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ IMA
(Донишгоҳи Вайштефан-Триздорф) 
6 моҳ таҷрибаомӯзӣ  3 семестри таҳсил   Бе пардохт барои иштирок  309 евро/моҳ

ACT (Донишгоҳи Вайенштефан-Триздорф) 
(Таҳсил дар  Олмон

дар ин барнома танҳо иштироки донишҷӯни  курсҳои   2 – 4  роҳандозӣ мегардад

Давомнокии таҷрибаомӯзӣ: 4-5 моҳ

оғози барнома: июн

 Талабот ба номзадҳо: 
  
1. Синну соли донишҷӯ на бояд аз 18 поён бошад
2. Саломатии хуб                     
3. Дониши касбӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ки барои кор дар хоҷагии фермерӣ зарур аст;
4. Донистани забони олмонӣ
5. Доштани шаҳодатномаи ронандагӣ
6. Бо компютер кор карда тавонистан 

  • Идрорпулӣ  дода мешавад;
  • Суғуртаи тиббии ройгон ;
  • Бе пардохт барои иштирок дар барнома;
  • Пардохти ҳармоҳа барои эҳтиёҷоти шахсӣ дар ҳаҷми 309 Евро.

Praktikum Global

(Таҷрибаомӯзии кишоварзӣ дар Олмон)

Дар ин барнома донишҷӯёни курсҳои 1-4, магистрҳо, докторантон,  донишҷӯёни МКМ (маълумоти касбии миёна) ширкат варзанд.
Давомнокии таҷрибаомӯзӣ: 6 моҳ, 1 сол
Оғози таҷрибаомӯзӣ: аз рӯи шартнома

Талабот ба номзад:

  1. Донистани забони олмонӣ ё англисӣ;
  2. Саломатии хуб;
  3. Доғи судӣ надоштан,
  4. Тавсияи хуб,
  5. Аз синни 18 боло,
  6. Шаҳодатномаи ронандагӣ 
  • Идрорпулӣ: аз 670 евро/моҳ
  • Пардохт барои иштирок - 550 евро (пардохт зимни бастани шартнома) 

"PRAXX" 

(Таҷрибаомӯзии касбӣ дар Олмон)

Дар ин барнома донишҷӯёни  курсҳои 2-4, магистрҳо, аспирантҳометавонанд, ширкат варзанд.
Таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои кишоварзӣ мегузарад.
Давомнокии таҷрибаомӯзӣ: аз 6 моҳ то  1 сол
Оғози таҷрибаомӯзӣ: аз рӯи шартнома

Талабот ба номзад:

  1. Донистани забони олмонӣ ё англисӣ;
  2. Саломатии хуб;
  3. Розигии волидайн,
  4. Иҷозат аз донишгоҳ,
  5. Аз синни 18 боло,
  6. Шаҳодатномаи ронандагӣ

Дар вақти таҷрибаомӯзӣ, тарафи олмониҳо хароҷоти асосии молиявиро бар дӯши худ мегирад, махсусан (дар муассиса ҷой додан ва ҳамроҳӣ дар давраи таҷрибаомӯзӣ):

  • Манзил дар дар тамоми вақти таҷрибаомӯзӣ пардохта мешавад;
  • Суғуртаи тиббӣ;
  • Бе пардохт баро иштирок дар барнома;
  • Пардохти ҳармоҳа барои эҳтиёҷоти шахсӣ дар ҳаҷми 330 Евро.

 JD EAST 

(таҷрибаомӯзии таълимии истеҳсолӣ дар Олмон)

Дар ин барнома  донишҷӯёни курсҳои 2-4, МКМ (маълумоти касбии миёна), магистрон, докторантонширкат варзанд.

Давомнокии таҷрибаомӯзӣ: аз  6 моҳ то  1 сол

Оғози таҷрибаомӯзӣ: аз рӯи шартнома

Талабот ба номзад:

1. Синну соли донишҷӯ на бояд аз 18 поён бошад
2. Саломатии хуб                     
3. Дониши касбӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ки барои кор дар хоҷагии фермерӣ зарур аст;
4. Донистани забони олмонӣ/англисӣ
5. Доштани шаҳодатномаи ронандагӣ барои трактор/мошин
6. Бо компютер кор карда тавонистан 

  • Маблағ барои  манзил дар дар тамоми вақти таҷрибаомӯзӣ пардохта мешавад;
  • Пардохт барои иштирок дар барнома  – 200 евро;
  • Пардохти ҳармоҳа барои эҳтиёҷоти шахсӣ дар ҳаҷми 400 Евро.

Муфассал...

Лоиҳаҳо

Дар робита бо ин метавон гуфт, ки имрӯз дар донишгоҳ 18 барномаҳои ташкилотҳои хориҷӣ дар самти таълим, илм ва такмили касбии омӯзгорону таҷрибаомӯзии донишҷӯён фаъолият доранд: TEMPUS, LOGO, ERASMUS, ERASMUS+, CAFT, UAID, FAO, DAAD, PRAXX, CASIA, TOSCA, eASTANA, UNINET, TICA,ҶММ Технологияи илмии кишоварзии «Сзинян Инхай» - и Академияи  кишоварзии СУАР, ҶХХ, Вайенштефан-Триздорф (Олмон), барномаи  «РОСИС» ва  GETEC-SOLUTIONS.

Муфассал...

Созишномаҳои ҳамкорӣ

Донишгоҳи аграри Тоҷикистон бо 130 донишгоҳу донишкадаҳо аз 26 давлати дунё шартномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф аз қабили табодули донушҷӯён, таҳсил дар зинаи магистратура,  аспирантура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ, методӣ,  хондани лексияҳо,  таҳияи барномаҳои намунавии таълимӣ, ташкил намудани ихтисосҳои нав дар бахши магистратура баста аст.

Муфассал...

Вазифаҳои шуъба

Ташаккул додани ҳамкориҳои байналмилалӣ  бо донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар  ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти  таълим,  илм, ба роҳ мондани  мубодилаи академии донишҷӯён ва  бозомӯзии омӯзгорон   ва ходимони илмӣ мебошад.

Шуъбаи идоракунии фаъолияти байналмилалӣ  фаъолиятро аз рӯи самтҳои зерин иҷро мекунад:

  • Мустаҳкамнамудани  ҳамкориҳои байналмилалӣ
  • Бастани созишномаҳои ҳамкорӣ  дар самти гирифтани  маълумоти олӣ, баъди хатмӣ ва иловагӣ;
  • Ба роҳ мондани  корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар якҷоягӣ бо донишгоҳу донишкадаҳои  хориҷ;
  • Иштирок дар барномаҳои байналмилалии таълимӣ ва лоиҳаҳо;
  • Мубодилаи ҳайати омӯзгорон бо   донишгоҳҳои хориҷ;
  • Татбиқи барномаҳо оид ба гирифтани  ду диплом дар зинаи бакалавриат ва магистратура;
  • Коркарди  лоиҳаҳо дар самти таълим бо донишгоҳҳои хориҷ;
  • Ба роҳ мондани бозомӯзии   муҳақиқони ҷавон дар иҷро намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дастрас намудани маводҳо  дар доираи  мубодилаи академӣ;
  • Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар доираи озмунҳо барои дарёфти барномаҳои грантии байналмилалӣ  ва стипендиявӣ;
  • Таълим додани хатмкунандагони беҳтарин дар зинаи магистратураи донишгоҳҳо-шарикони хориҷ;
  • Рушди мубодилаи академӣ;
  •  Ба роҳ мондани  бозомӯзии магистрон, докторантон ( PhD) дар хориҷи кишвар;
  • Ташкил ва ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён дар хориҷи кишвар.

 

Муфассал...