Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Кафедраи "Логистика дар КАС"

ШУКУРОВ Комил Ибрагимович,
мудири кафедраи логистика дар комплекси агросаноатӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Кафедраи логистика дар КАС бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур аз 30.12.2021 таъсис дода шудааст. Сарварии онро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шукуров К.И. ба ӯҳда дорад. Дар айни замон дотсент Шукуров К.И., ассистентон Қубонова Ф.К., Сатторов Ё.А., Муродалиева С.М. ва Муниева П.Т. дар кафедра кори фаъолият доранд. 

Бо ташаббуси кафедра дар  факултети агробизнес аз соли 2021 сар карда мутахассисони «Логистика дар КАС» ва «Фермер менеҷер» тайёр карда мешаванд.

Хатмкунандагони ихтисоси  1-26020324 ва 1-74013126 дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият менамоянд. Логистика ихтисоси дахлдор дар соҳаи таъмини банақшагирии самаранок, идоракунӣ ва назорати равандҳои ҳаракати мавод, меҳнат, ҷараёни иттилоот дар системаҳои истеҳсолӣ, гардиши мол ва хизматрасонӣ мебошад.

Касби логист тафаккури пурраи интиқоли молро аз нуқтаи А то нуқтаи В бо ҳадди ақали вақт ва маблағ дар бар мегирад.  

Кафедра барномаҳои нави таълимиро таҳия намудааст, ки бозгӯи ҷомеаи имрӯза буда, мутобиқ ба раванди барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои нави макотиби олии кишвар мебошанд.

Ҳайати омӯзгорони кафедра дар асоси барномаҳои нав қариб дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ доир аз фанҳои «Логистика», «Логистикаи тиҷоратӣ», «Таҳлили лоиҳа», «Тадқиқоти амалиётҳои бозор», «Бозорҳои кишоварзӣ», «Кооператсияи кишоварзӣ», «ҳуҷҷатноккунӣ», «Ташкили корхонаҳои муштарак», «Пешгӯикунии равандҳои иқтисодӣ» ва  ғайра дарс мегӯянд.

Айни замон аз ҷониби дотсент Шукуров К.И, ассистентон Қубонова Ф.К., Сатторов Ё.А., Муродалиева С.М. ва Муниева П.Т. барномаҳои намунавӣ доир ба фанҳои таълимӣ тартиб дода шудааст. Ҳамчунин аз ҷониби устодони кафедра дастур оид ба таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ, дастур ва нишондодхои методӣ оид ба фанни маркетинг таҳия карда шудааст.

Дар қатори корхои таълимию методӣ устодони кафедра корхои илмию тадқиқотиро низ пайваста пеш мебаранд.

Мавзӯи корҳои илмию тадқиқотӣ бозгӯи талабот буда, ба раванди имрӯзаи ҳаёти иқтисоди бозоргонии кишвар мутобиқат мекунанд. Тадқиқотҳо тибқи масоили равандҳои бозоргонӣ, истехсолот дар шароити ҳозиразамони хоҷагидорӣ бурда мешаванд. Доир ба ин масоил 4 монография, зиёда аз 20 китобча ва бештар аз 120 маколаҳои илмӣ ба табъ расонида шудаанд. Ба ғайр аз ин ҳайати омӯзгорони кафедра дар конференсияҳои байналхалқӣ, ҷумҳуриявӣ ва  донишгоҳӣ иштирок менамоянд.