Шуъбаи тарбия
ҶУРҒОСИЕВ Муллоаҳмадшо Ҷурғосиевич -сардори шуъбаи корҳои тарбиявӣ
Масъалаи тарбияи ҷавонон, яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол вобастагии калон дорад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар руҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷомеаи солим ба миён гузоштаанд, ки роҳу усули самараноки амалӣ намудани онҳо дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №94 аз 3 - юми марти соли 2006 дар «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Консепсияи миллии тарбия сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан, насли наврас, таълиму тарбияи фарзанд муайян месозад.
Тарбия намудани донишҷӯён дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиромгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ, инсондӯстӣ, риояи бехатарии ҳаёту саломатӣ, эҳтироми устодон ва ҳамкасбон, нигаҳдорӣ ва афзунгардонии обрӯю эътибори донишгоҳи худ вазифаи муҳими маъмурият, ҳар омӯзгор, кураторони курсҳо ба ҳисоб меравад.
Шуъбаи корҳои тарбиявии донишгоҳ аз соли 2018 фаъолият дорад. Солҳои 2018- 2023 ба шуъба Қурбонова Мавзуна Туйчиевна роҳбарӣ намуд. Шурӯъ аз сентябри соли 2023 то ҳол ба шуъба номзади илмҳои филологӣ Ҷурғосиев Муллоаҳмадшоҳ Ҷурғосиевич роҳбарӣ менамояд.