Осорхона
7-уми марти соли 1980 фармони райёсати донишгоҳ оиди ташкили осорхона ба имзо расид , ки тибқи он хайати корӣ таҳти сарварии ноиби ректор оид ба илм Эшонов, аъзоён, Холҷӯраев, Мадаминов таъсис ёфт. Дар ташкили осорхона саҳми ректори ҳамон вақтаи донишгоҳ академик, Юсуфбеков, ноиби ректор оид ба корҳои таълим Ризоев, директори намоишгоҳои комёбиҳои хочагии халқи чумҳурӣ, Раҳматзода, раиси иттифоқи касаба, Маҳмадкаримов, расоми НКХХ Ватага ва дигарон бузург аст.
4-уми марти соли 1982 - Осорхона ба таври расмӣ кушода шуд. Дар остонаи ҷашни 70-солагии донишгоҳ дар соли 2001 бо ташшабӯси собиқ ректори ДАТ Тағоев, гӯшаю лавҳаҳо бо маводҳои нав пурра карда шуданд. Таъмиру-тармими осорхона дар арафаи ҷашни 80-солагии донишгоҳ ва ташрифи ректорони донишгоҳои аграрии кишварҳои аъзои ИДМ дар соли 2009 бо ибтикори ректори ДАТ академик, Изатулло Саторӣ сурат гирифт, ки дар рафти он сақфу деворҳо,гӯшаю лавҳаҳо,маводу ҳуҷатҳо ва навиштаҷотҳо пурра карда шуданд.Дар рафти таъмиру-тармим ноибони ректор: Салимов, Қодиров, Ҳасанов, Уроқӣ, деканҳо: Маҳмадёров,Қодиров,Каримов, Самандаров, Ҳабибов, Боева, Қосимов, ҳайати устодон, Мирзоев, Амиршоев,Нурматов, Муҳамадиева, Бобохонова, Сайдалиев, Уроқов, кормандони техникӣ, Юсупов, Саидов, Ҳакимов, Шарипов, Раҷабова, Ҷобиров, Сафаралиев ва дигарон фаъолияти баланди кордонию меҳнатӣ нишон доданд.