Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Қисми тарбия

QURBONZODA BARNO

ҚУРБОНЗОДА Барно Абдуғани-Муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмхои кишоварзӣ, дотсент

Муҳити созандаву созгоре, ки дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур роҳандозӣ мешавад, дар масъалаи тарбияи худшиносию хештаншиносӣ нақши боризе мегузорад, ки татбиқи мантиқии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, омили асосии ноилшавии дастовардҳои таълиму тарбия ва илм дар ин ягона боргоҳи таълиму тарбияи мутахассисони бофарҳанги кишоварзии кишвар маҳсуб мешавад.

Масъалаи тарбияи насли наврас, махсусан ҷавонон, яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба ҳисоб рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол вобастагии калон дорад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста, масъалаҳои демографӣ ва танзими оиларо ҳамчун омили асосии ҷомеаи солим ба миён гузоштаанд, ки роҳу усули самараноки амалӣ намудани онҳо дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №94 аз 3 - юми марти соли 2006 дар «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Консепсияи миллии тарбия сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас, таълиму тарбияи фарзанд муайян месозад. Он моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад, ки яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста мешавад. Тарбияи наврасону ҷавонон, ба фикри мо, вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ва муассисаву ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад. Барои он ки қонуну тартиботи ҷамъиятӣ то меъёри муайян риоя карда шавад, бояд робитаи падарону модарон ба он ниҳодҳои иҷтимоие, ки фарзандонашон дар онҳо таҳсил доранд, мустаҳкам карда шавад. Ин амал, агар аз як тараф ба кам шудани сатҳи ҷиноят дар байни наврасону ҷавонон мусоидат кунад, аз тарафи дигар, ба риоя шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» оварда мерасонад. Дар ин самт суханони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созанда ва бунёдкорона дорад: «Имрӯз, ки мо зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд, пеш аз ҳама, ҷавонони мо мазмуну моҳияти арзишҳои истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро аз худ намоянд». Оре, маҳз ҷавонони эҷодкор, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, ки воқеан ҳам тафаккури созанда доранд, метавонанд дирӯзу имрӯз ва фардои ҷомеаро пайвандгар бошанд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳамаҷониба омӯзанд, аз равандҳои сиёсати имрӯзаи кишвар огаҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаю баргашта аз худ карда, аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд». Сарвари давлат дар роҳи бунёду таҳкими давлати соҳибтамаддун ва бофарҳанг, нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ нақш ва мақому мартабаи ҷавононро хело муҳим арзёбӣ менамоянд. Маҳз ҳамин истиқлолияти давлатӣ буд, ки барои рушду ташаккулёбии ҷаҳонбинӣ ва тафаккури созандаи онҳо ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа тадбирҳои зиёде ба тасвиб расиданд, ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон», «Старатегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» ва ғайра.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар дигар самтҳои фаъолият, барои рушдбахшии корҳои таълимию тарбиявӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур шароити хуб фароҳам овард. Дар ин давра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор асноди меъёриро қабул намуд, ки барои рушди таълиму тарбия аҳамияти муҳим доранд, аз ҷумла: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»(1997), «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»(1999), «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»(2003), «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»(2004), «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният»(2005), «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»(2007), «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»(2007), «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»(2009), «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (2009), «Дар бораи забони давлатӣ»(2009), «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон, бо назардошти талаботи бозори меҳнат»(2010), «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2011), «Дар бораи маориф»(2013) ва «Дар бораи тайёрии варзишӣ»(2013); қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2006), «Дар бораи Барномаи Ҷавонони Тоҷикистон» (2006), «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» (2011); «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» (2015), «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» (2017), «Нақшаи миллии амалҳо доир ба амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи 2020 - 2024» (2020), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)» (2006), «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» (2013), «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020» (2016), солҳои 2019 – 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» (2019) ва «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» (2021).

Ҳамаи ин санаду барномаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қишри иҷтимоии ҷомеа ҷиддист. Ҷавонони мо ба қадри тинҷию амонӣ, ободиву оромӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мерасанд. Шукргузорӣ аз неъмати бебаҳои истиқлолияти сиёсӣ менамоянд. Зеро дар дунё ҳастанд давлату ҷомеаҳое, ки аз ҷиҳати ҳаҷму сарҳад, ё ин ки аз ҷиҳати миқдору шумора бамаротиб аз аҳолии ҷомеаи мо дида зиёдтаранд, вале, мутаассифона, соҳибистиқлол нестанд, миллат надоранд, давлату забон надоранд, парешону пора - пора шуда истодаанд.

Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон, яке аз талаботи Консепсияи миллии тарбия мебошад. Бузургону хирадмандони тоҷик бо заҳмату талоши пайвастаашон тавонистанд, ки бароямон як фарҳанги волою ғанӣ ва инсонсозро ба мерос гузоранд. Ин фарҳанг чун ҳикмати ҳаётӣ саропо хайр аст, парчами хирадварзӣ, башардӯстӣ, эътиқод, сулҳу дӯстӣ ва ободию осудагӣ фаровонии неъматҳои зиндагист. Ҳамчунин ин фарҳанг шиносномаи миллии мост, ки тавассути он чеҳраи аслии анъанаю суннатҳои миллии мо, бузургии ҷашнҳои бостонии моро ҷаҳониён эҳсос ва дарк менамоянд. Ҷашнҳои арзишманди миллии тоҷикон баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии онҳоянд. Тоҷикон аз зумраи он миллатҳои куҳанбунёду тамаддунофаранд, ки тавонистанд ҷашнҳои муқаддаси миллиашон – Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар низомҳои гуногуни сиёсӣ беосеб то ба имрӯз бирасонанд ва тайи солиёни истиқлолият бо қалбҳои саршор аз ифтихори ватандорӣ, бо шукуҳмандии тоҷикона ва шаҳомати ориёна ҳарсола таҷлил намоянд. Ҷашнҳои суннатии миллии мо аз ҳуҷуму тохтутозҳои бешумори аҷнабиён, харобкориву яғмогариҳо, истилову салтанати тӯлонии онҳо, ки боиси аз байн рафтани ёдгориҳои зиёди илмиву адабӣ, ҳунариву фарҳангӣ, хатту забонҳо гардиданд, на танҳо осеб надиданд, балки истилогаронро ҳам тасхир намуда, мавриди қабули онҳо қарор гирифтанд.

Бо баракати даврони истиқлолият ва ба шарофати ваҳдати амиқу суботи комил, бо азму талош ва тадбирҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, агар таъмини зиндагии арзанда ба ҳар фарде чун муҳимтарин ҳадаф дар маркази сиёсати иҷтимоии давлат қарор гирифта бошад, эҳё ва арҷгузорӣ ба арзишҳою суннатҳои муқаддаси аҷдодӣ, чун ҷузъи умдатарини фарҳанги миллӣ, меҳвари сиёсати фарҳангии давлати тозаистиқлоли тоҷикон пазируфта шуд.

Раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷавононро дар рӯҳияи баланди худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ тарбия менамояд. Онҳоро ҳарчи бештар ба илму касбомузӣ ҷалб намуда дар миёни ҷавонон бахусус донишҷуён тарзи зиндагии солимро тарғиб месозад ва барои ҳамроҳ нашудан ба ҳар гуна гурӯҳҳои ғаразноку ифротгаро пайваста вохӯриҳои судманд бо намояндагони мақомоти дахлдор ва ҳифзи ҳуқуқ баргузор мекунад, ки ташкил ва гузаронидани чунин суҳбату вохӯриҳо дар беҳдошти маърифати сиёсии ҷавонон нақши боризе мегузорад.

Қисми тарбияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аз соли 1991 фаъолият карда истодааст. Ин қисматро солҳои сипаришуда устодони пуртаҷриба ба монанди Кароматуллоев Э.С. (1991 – 1997), Тағоев Ҷ.С. (1997 – 1998), Собирҷонов С. (1998 – 2000), Кароматуллоев Э.С. (2000 – 2003), Кароматуллоева Р.С. (2003 – 2009), Ҳасанов Н.Р. (2009 – 2014), Самандаров И.Ҳ. (2014–2022), Бобохониён З. Қ. (2022–2024) роҳбарӣ намуданд. Шурӯъ аз соли 2025 ба ин қисмат Қурбонзода Б. А. роҳбарӣ менамояд.