ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Шуъбаи танзими фаъолияти илмии донишҷӯён

Ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маъориф» ташкил карда шудааст. Фаъолияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ барои дарёфти истеъдодҳо ҳавасмандкунии корҳои кафедраҳо оидба ташкили корҳои илмӣ- тадқиқотии донишҷӯён барои баланд ьардоштани сифати тайёр намудани мутахассисони соҳиби таҳсилоти касбӣ ташкил карда шудааст

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳаи кишоварзӣ саҳми хешро гузоштааст. Ба донишҷӯёни донишгоҳ олимони намоёни ҷумҳурӣ таълиму тарбия медиҳанд. Ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ- тадқиқотӣ ва иштироки онҳо дар чорабиниҳои илмии донишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ яке аз вазифаҳои асосӣ пурсамари донишгоҳ ба шумор меравад. Дар солҳои фаъолияташ дар донишгоҳ конференсияҳои илмӣ- амалии донишҷӯён гузаронида шудаанд, ки дар кори онҳо зиёда аз 9500 нафар донишҷӯ иштирок ва баромад намудаанд.

Дар кафедраҳои донишгоҳ маҳфилҳои илмӣ ташкил карда шудаанд. Маҳфилҳо аз рӯйи равияи тахассусӣ ва ғайритахассусӣ ҷудо карда шуда, ба он мувофиқ номгузорӣ карда шудаст.

Фаъолияти кори маҳфил ба аъзоёни он дар зери назорати қатъии раёсати илм ва иноватсияи донишгоҳ буда, соле якмаротиба натиҷаи фаъолияти онҳо муҳокима карда мешавад. Инчунин дар маҳфилҳо рафти корҳои илмӣ- тадқиқотии донишҷӯён шунида муҳокима карда мешавад.

Айни замон фаъолияти танзими илмии донишҷӯёнро Аминова Г.Ю ба ӯҳда дорад. Хамасола дар донишгоҳ барои донишҷӯён конференсия, мизи мудаввар, семинарҳо, мусобиқаҳои корҳои илмии донишҷӯён, олимпиадаҳо гузаронида мешаванд.

Дар ҳама кафедраҳои донишгоҳ  маҳфилҳои илмии донишҷӯён фаъолият доранд ва дар кори онҳо қариб панҷсад нафар донишҷӯ ба фаъолияти илмӣ – тадқиқотӣ машғуланд. Роҳбарии маҳфилҳои илми ба зимаи мудирони кафедраҳо,профессорон ва дотсентони соҳибтаҷриба вогузор карда шудааст. Дар донишгоҳ 50 мактаби профессорон фаъолият дорад.