ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Раёсати илм ва инноватсия

Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистолн ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур соли таҳсили 2017 -2018 дар асоси ворид сохтани тағйирот ба сохтори донишгоҳ таъсис дода шудааст. Ин тағйирот ба Оинномаи донишгоҳ ворид карда шуда, Оиннома бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 01 августи соли 2018 таҳти рақами 376 тасдиқ гардидааст. 

Аз моҳи феврали соли 2018 то ба имрӯз  роҳбарии онро номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент  Боймуродов Рӯзимурод Бобокалонович ба  ӯҳда дорад.

Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистолн ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи намунавии раёсат (шуъба)-и илм ва инноватсияи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти рақами № 9/41 аз 29 июни соли 2016 тасдиқ шуда, Оинномаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, фармоишҳои ректори донишгоҳ, супоришҳои муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм таҳия гардида, ба роҳ мондааст.

Он яке аз сохторҳои асосии қисми илм ва инноватсияи донишгоҳ буда, роҳбарӣ ва назорат аз болои корҳои илмӣ таҳқиқотии устодону омузгорон ва донишҷӯён, фаъолияти инноватсионӣ, омодакунии кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ, ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои илмӣ, фаъолияти илмии магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос (аспирантура) ва докторантураро ба роҳ мемонад.

Раёсати мазкур дар тобеияти бевоситаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсия қарор дошта, ба корҳои илмӣ-тадқиқотие, ки кафедраҳо ва факултетҳо иҷро мекунанд, роҳбарӣ менамояд. Фаъолияти раёсат аз ҳисоби маблағҳои харҷномаи донишгоҳ (маблағҳои буҷетӣ, суратҳисоби махсус ва дигар сарчашмаҳо, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашудаанд) ба роҳ монда шудааст. Ба корҳои илмӣ-таҳкикотӣ дар донишгоҳ 52 нафар докторони илм, профессорон, аз ҷумла 6 нафар академик, 128 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 240 нафар омӯзгорон, ассистентон, 37 нафар докторантони РhD аз рӯйи 27 ихтисос, 36 нафар унвонҷӯён ҳамчунин, шахсоне, ки барои иҷрои корҳои илмӣ аз дигар ташкилотҳо бо мақсади таҷрибаомӯзи, такмили ихтисос ё бозомӯзӣ сафарбар гардидаанд, ҷалб карда мешаванд.

Дар сохтор ва ҳайати раёсати илм ва инноватсия  шуъбаҳои  ташкил ва банақшагири илм ва инноватсия, магистратура, аспирантура ва докторантура РhD. танзими фаъолияти донишҷӯён, бахши рушди касбият, китобхона, маркази табъу нашр, парки технологӣ ва  5 - Шӯроҳои диссертатсионӣ, аз ҷумла 4 Шӯрои диссертатсионии миллии назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори фалсафа (PhD)  аз рӯйи ихтисос, номзад ва доктори илм 6D KOA – 014 аз рӯи ихтисосҳои  6D050600 – иқтисодиёт, 080005- иқтисод ва идораи хоҷагии халқ дар КАС, 6D KOA – 015 аз рӯйи ихтисосҳои 6D080100 – агрономия, 6D080800-Агрохимия ва хокшиносӣ, 6D080900-Меваю сабзавотпарварӣ, 6D081100 – Ҳимоя ва ка-рантини растаниҳо 06.01.01. –“Зироаткории умумӣ, растанипарварӣ”, 06.01.04 – “Агрохимия”, 06.01.07-“Ҳимояи растаниҳо”, дар самти ихтисосҳои зооинжинерӣ 6D. KOA – 049  аз рӯйи ихтисосҳои 6D.080200 - технологияи истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ, 06.02.08-истеҳсоли хӯроки чорво, хӯрокдиҳии ҳайвоноти кишоварзӣ ва технологияи хӯроки чорво, 06.02.10 – зоотехнияи хусусӣ, технология ва истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ва дар самти ихтисосҳои механиконӣ 6D. KOA – 0506D. KOA – 050 аз рӯйи ихтисосҳои 6D.080600-техника ва технологияи аграрӣ, 05.20.01 – технологияҳо ва воситаҳои механиконии соҳаи кишоварзӣ, 05.20.03- технологияҳо ва воситаҳои хизматрасонии техникӣ дар соҳаи кишоварзӣ  фаъолият менамоянд.

Ҳадаф ва вазифаҳои раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ инҳо мебошанд:

 - муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятноки корҳои илмӣ- таҳқиқотии устодону омӯзгорон, докторантҳо аз рӯи ихтисос (аспирантон), докторантҳо, магистрҳо, унвонҷӯён ва донишҷӯёни донишгоҳ;
- ҳамоҳанг сохтани корҳои илмӣ, ки дар кафедраҳо бо мақсади иҷрои корҳои мукаммали бунёдӣ, иктишофӣ ва амалӣ сурат мегиранд;
- таҳияи лоиҳаи шартномаҳои хоҷагидорӣ оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва шартномаҳо оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ-техникӣ бо муассиса ва ташкилотҳо;
- тартиб ва танзими шартномаҳо оид ба ҳамкориҳои эҷодӣ;
 - таъмини сатҳи зарурии илмӣ-техникии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва самаранокии онҳо, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва раванди таълим;
 - назорати иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ, факултет, кафедра ва нақшаҳои инфиродии омӯзгорон дар қисмати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
- анҷом додани баҳогузории маҷмӯии ҳарсола ба фаъолияти илмӣтаҳқиқотии кафедраҳо ва устодону омӯзгорон тибқи тартиби муқарраргардида;
- ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
 - ташкили табъу нашри маҷмӯъаҳои мақола ва асарҳои илмии ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ ва таълимгирандагони донишгоҳ;
- ташкили корҳои ихтироотӣ, патентӣ, литсензионӣ;
- назорати фаъолияти парки технологӣ ва марказҳои инноватсионӣ, бюроҳои конструкторӣ, таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ, технологӣ ва иқтисодии донишҷӯён, гузаронидани озмуни олимони  ҷавони навовари беҳтарин, донишҷӯ ва рушди илмӣ-техникӣ, иштирок дар озмун барои ҷудо кардани грантҳои хурд барои донишҷӯён ва ғ.;
 - назорати иҷрои рисолаҳои хатми бакалавриат, мутахассис ва магистратура, корҳои (лоиҳаҳои) курсӣ;
- назорати фаъолияти Шӯроҳои диссертатсионӣ, ки дар назди донишгоҳ таъсис ёфтаанд;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти Шӯрои олимони ҷавон, Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён;
- назорат аз болои фаъолияти илмии магистрантон, докторантҳо аз рӯи ихтисос (аспирантон), докторантҳо ва унвонҷӯён;
 - танзим ва пешниҳод намудани мавод оид ба ҳавасмандкунии ҳайати устодону омӯзгорон ва таълимгирандагон барои бомуваффақият анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар кори конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ;
- ташкили намоишгоҳҳо, озмунҳо ва намоиши дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
- назорати фаъолияти китобхонаҳои анъанавӣ ва электронии донишгоҳ;
- омода кардани ҳисоботи илмӣ ва маълумотномаҳои донишгоҳ тибқи талаботи мақомоти дахлдор;
-дар якҷоягӣ бо раёсати донишгоҳ мусоидат намудан ба таъсиси заминаи муосири илмӣ ва озмоишӣ барои гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ аз тарафи ҳайати устодону омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон, докторантон РhD аз рӯи ихтисос ва унвонҷӯён доир ба мавзӯъҳои интихобкардаашон ва ба роҳ мондани намудҳои дигари фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ.
- сарфаҷуёна истифода бурдани маблағҳои пулӣ бо мақсади рушди заминаи моддӣ-техникии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
- санҷиши иҷрои амру фармоишҳо, дастуру супоришҳои роҳбарияти донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ;
- назорат аз болои манбаъҳои молиявии мавзуъҳои фармоишӣ аз тарафи факултет ва кафедраҳо ва риояи муҳлати иҷрои онҳо;
- танзими ҳуҷҷатнигорӣ ва назорати иҷрои саривақтии он;
- назорат аз болои ба нашр омода сохтани мақолаҳои илмӣ, монографияҳо ва нашри маҷмӯаи осори илмии устодону омӯзгорон;
 - ҳамоҳанг сохтани ширкати ҳайати устодону омӯзгорон, таълимгирандагон ва унвонҷӯён дар конференсияҳои илмӣ ва методии донишгоҳ, байнидонишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ.

Олимони донишгоҳ айни замон дар донишгоҳ айни замон 45 профессор, аз ҷумла 6 академики АИКТ, 5 узви вобастаи АИКТ, 128 нафар номзади илм ва дотсент, 141 магистр, 34 аспиранту унвонҷӯ, 37 доктори PhD ба мавзӯъҳои корҳои илмию тадқиқотӣ вобаста карда шудаанд.

Мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои солҳои 2016-2020 ва дар асоси нақшаҳои тақвимии тасдиқшуда барои соли 2019 дар донишгоҳ аз рӯйи 10 мавзӯи фармоишӣ ва 16-мавзӯи сарборӣ тадқиқотҳои илмӣ гузаронида шуда истодаанд:

1.Тарҳрезии нақшаҳои нави киштгардонҳо бо назардошти хусусиятҳои биологӣ ва аҳамияти иқтисодии зироатҳои саҳроӣ дар шароити диверсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ. РҚД № 0116TJ00756. Роҳбари мавзӯъ: профессор Сардоров М.Н.

2.Таҳияи усулҳои баланд бардоштани ҳосилнокии чарогоҳҳои минтақаи хушкзамини Тоҷикистон. РҚД №0116TJ00760.  Роҳбари мавзӯъ: профессор Қодиров Қ.Ғ.

3.Коркарди маҷмӯи ҳимояи пахта ва харбузаю тарбуз аз сафедболакҳо дар шароити Тоҷикистон. РҚД № 0116TJ00755. Роҳбари мавзӯъ: д.и.к., профессор Тошпулотов М.

4.Коркарди ҳимояи интегратсионии помидор аз зараррасонҳо ва касалиҳо дар водии Ҳисор. РҚД № 0116TJ00754. Роҳбари мавзуъ: д.и.к., профессор Қаҳҳоров Қ.Ҳ.

5. Баланд бардоштани самаранокии истифодабарии чорвои ширии аҳолӣ» РҚД № 0116TJ00758. Роҳбари мавзӯъ: д.и.к., профессор Рӯзиев Т.Б.

6. Такмили усулҳои селексияи чорвои кишоварзӣ дар асоси баҳодиҳии компютерии сифати ҳуҷайратухмҳо ва ташхиси КДН РКД№ 0116TJ00757. Роҳбари мавзӯъ: д.и.б., профессор Амиршоев Ф.С.

7.Коркарди меъёрҳои самараноки истифодаи хӯрокҳои ғайрианъанавии маҳаллӣ дар ғизои бедонаҳо. РКД 0116TJ00638. Роҳбари мавзӯъ: д.и.к., профессор Комилзода Д.Қ.

8.Тарҳрезӣ ва такмилдиҳии сохти мошинҳо барои механи-конии маҷмӯи амалиётҳои технологии парвариши пахта, ҷуворимакка. РКД № 0116TJ00759. Роҳбари мавзӯъ: н.и.т., дотсент Аҳмадов Б.Р.

9.Коркарди усулҳои микроклоналии сабзондани ниҳолҳои сӯзанбарг» РКД № 0116ТJ00559. Роҳбари мавзӯъ: д.и.к., профессор Нимадҷонова К.Н.

10. Муайян намудани намунаҳои нави селексионии ояндадори картошка дар заминаи истифодаи пайвастаи парвариши бофтаҳо ва афзоиши генеративӣ, истеҳсоли нахусттухмии солими онҳо ва навъҳои парваришёбандаи ин зироат.РКД № 011ТJ00558. Роҳбарони мавзӯъ: д.и.к., профессор Салимов А.Ф., н.и.б. Анварова М.

-дар донишгоҳ аз тарафи раёсат барои фаъолияти инноватсионӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, фаъолияти ихтироъкорӣ ва корҳои патентиву литсензионӣ, ишғоли ҷойҳои намоён дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявии байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналхалқӣ   ҳамеша дастгирӣ ва  ҳавасмандгардонӣ карда мешаванд. Барои ишғоли ҷойи якум -3000 сомонӣ, ҷойи дуюм -2000 сомонӣ ва ҷойи сеюм – 1000 сомонӣ  муқаррар карда шудааст. Маблағи патентҳо пурра аз тарафи донишгоҳ ҳамасола пардохт карда мешавад.

Тавассути ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмиллалӣ, барномаҳо ва лоиҳаҳои инвеститсонӣ, муассисаҳои таълимию илмии хориҷи дуру наздик баҳри мустаҳкамсозии заминаи моддию техникии инфрасохтори моликияти зеҳнӣ “Бюрои конструкторӣ” дар факултетҳои механикунонии кишоварзӣ ва гидромелиоративӣ, 15 озмоишгоҳҳои илмии донишгоҳро таъсис ва бо таҷҳизотҳои муосири озмоишгоҳӣ, аз ҷумла озмоишгоҳҳои илмии “Баланд бардоштани иқтидори идоракунии чарогоҳҳо”, “Истеҳсоли хӯроки чорво”, “Агрохимия ва хокшиносӣ”, “Сифат ва бехатарии маҳсулоти ғизоӣ”, “Маркази логистикӣ”, “Таҳлили сифати гӯшт ва хӯроки чорво”, “Харитасозии рақамӣ” таъмин сохта шуданд, ки мавриди истифодаи олимон, магистрон, докторантон ва донишҷӯён мебошанд.   Дар хоҷагии таълимию таҷрибавии дар шаҳри Ҳисор будаи донишгоҳ, ҳамкориҳои илмӣ бо Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии пахтапарвари ҶХХ таъмин намудани хоҷагиҳои таълимӣ-таҷрибавии донишгоҳ  бо навъҳои пахта, гандум, ҷуворимака, гузаронидани корҳои илмӣ тадқиқотӣ дар соҳаи селексия, ташкилоти ЮСАИД оид ба технологияи парвариши қулфинай  ба роҳ монда шудааст.

Дар баробари ин ба Комиссияи навъсанҷии давлатӣ ва баҳодиҳии навъи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон картошкаҳои навъҳои “Амиршо”, “Баҳромӣ” ва “Ғончӣ”, пахтаи миёнанахи навъи ДАТ-1 барои санҷиши расмӣ пешниҳод карда шудааст.   

Дар соли 2018 дар донишгоҳ 9 конференсия, 3 мизи мудаввар ва 2 семинари илмӣ гузаронида шудааст:

  1. конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масоили муҳими таҳлил, баҳисобгирӣ ва истифодаи самараноки захираҳои молиявию қарзӣ дар КАС»;
  2. конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Терроризм - душмани инсоният» (16.04.2018);
  3. конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Идоракунии самараноки захираҳои об - кафолати рушди устувори кишоварзӣ» бахшида ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувори солҳои 2018-2028» (21.04.2018);
  4. конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Таъминоти инноватсионии рушди устувори соҳаи кишоварзӣ» (26.04.2018);
  5. конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Истифодаи самараноки омилҳои биоиқлимӣ дар парвариши зироатҳои кишоварзӣ» (02.05.2018);
  6. конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Терроризм ва экстремизм - вабои аср» (04.05.2018);
  7. конференсияи илмӣ-амалии донишҷуён дар мавзӯи «Нақши олимони ҷавон дар рушди тадқиқотҳои инноватсионии кишоварзӣ» (03.05.2018);
  8. конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ «Идоракунии интегралии захираҳои обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (03.05.2018);
  9. конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ «Ҳифз ва карантини растанӣ барои устувории экологии агробиосенезҳо» (28.09.2018);
  10. мизи мудаввар дар мавзӯит «Конститутсия-шаҳодатномаи миллат» (05.11.2018);
  11. семинари илмӣ-машваратӣ дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сохтмони НБО «Роғун» (13.11.2018);
  12. семинари илмӣ-амалии донишҷуён бахшида ба Рӯзи Президент ва ифтитоҳи агрегати аввалини НБО «Роғун» (13.11.2018);
  13. мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар таҳкими Истиқлолияти Тоҷикистон» бахшидаба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози фаъолияти НБО-и «Роғун» (14.11.2018);
  14. мизи мудаввар оид ба қабули ҳисоботҳои таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷуён  (27.11.2018).

Ҳамзамон аз тарафи олимони донишгоҳ 16 китоби дарсӣ, 160 дастури дарсӣ, 6 монография, 650  мақолаи илмӣ ба чоп расонданд ва соҳиби 2 патент шуданд. Дар маҳфилҳои илмӣ зиёда аз 500 нафар омӯзгор, аспирант ва унвонҷӯ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.

Дар донишгоҳ дар ҳамаи кафедраҳо маҳфилҳои илмӣ ва Ҷамъиятҳои илмии донишҷӯён, мактабҳои илмии профессорону дотсентони пуртаҷриба фаъолият менамоянд. Барои ҷавонони навовару ихтироъкор дар факултетҳои механиконии кишоварзӣ ва гидромелиоративӣ “Бюрои конструкторӣ” таъсис дода шудааст. Донишҷӯёни навовар дар ин маркази илмӣ дар доираи лоиҳаҳои “Тарҳрезӣ ва такмилдиҳии сохти мошинҳо барои механиконии маҷмӯи ама-лиётҳои технологии парвариши пахта, ҷуворимакка” ва “Баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳои обию заминии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тадқиқотҳои илмӣ мегузаронанд. Дар натиҷаи фаъолияти марказҳои мазкур дар соли 2018 устодону донишҷӯёни донишгоҳ ба чунин муваффақиятҳо ноил гардиданд. Култиватор-нуриандози КУБ-3.5 барои зироатҳои полезӣ аз тарафи олими ҷавони факултети механиконии кишоварзӣ Баҳруллои  Х. таҳти роҳбарии олимон Ахмадов Б. Р., Сафаров М., Ҳоҷиев Б., сохта шуда, дар Озмун-фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти унвони «Ҷавонон созандагони Ватан» дар бахши «Довталабон – ихтироъкорон, ихтироъҳо» соҳаи «Механика» сазовори ҷойи дуюм гардида, бо Дипломи дараҷаи II мукофотонида шудааст. Култиватори мазкур аз рамаи бо олотҳои корӣ васлшуда-белчаҳо ва чархҳои такяҳаракатдиҳанда иборат буда, олотҳои корӣ дар шакли теғҳо насб карда шудааст, ки теғҳои онҳо ба ҳамдигар муқобил равона карда шудаанд ва дар паҳлуҳои рама қуттиҳо бо аппаратҳои кишткунанда ва ғизодиҳанда мустаҳкам карда шудааст. Мошини муштарак дар як гашт се амалиёти технологиро иҷро менамояд.

Мошинаи муштараки «КМИС-1.8» бо олоти кории ротатсионӣ барои коркарди хоки қитьаҳои байниқаторӣ дар боғҳои интенсивӣ аз тарафи олими ҷавони факултети механиконии кишоварзӣ Шаҳобуддини Зувайдулло, таҳти роҳбарии олимон  Мироқилов Ҷ., Ясинов Ш., Эркинов М., Раҳимов Б., Абдуллоев Н. сохта шуда, дар Озмун-фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти унвони «Ҷавонон созандагони Ватан» дар бахши «Довталабон - ихтироъкорон» соҳаи «Механика» сазовори нишони МДММПИ гардид. Мошини мазкур дар як гашт 5 амалиётҳои технологиро ба монанди коркарди сатҳи болои хок дар чуқурии 12-15 см, майда кардани кулухҳо, ҳамвор кардани сатҳи болоии хок, кашидани ҷуякҳо бо ворид намудани нуриҳои менералӣ ва истифодаи заҳрҳои химиявиро иҷро намуда, барои боғҳои интенсивӣ муқаррар карда шудааст.

Дастгоҳ барои майда кардани ғалладонагиҳо бо роҳи маҷақ кардан. Дастгоҳи мазкур аз тарафи донишҷӯи курси 4-уми факултети механиконии кишоварзии донишгоҳ Абдураҳмонов Аҳтамбек Рустамович, таҳти роҳбарии омӯзгори калон Назаров Саидмурод Сангович сохта шуда, дар Озмун-фестивали ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» таҳти унвони  «Ҷавонон созандагони Ватан» дар бахши «Довталабони аз 15 то 30 сола» соҳаи «Механика» сазовори ҷойи якум гардида, бо Дипломи дараҷаи 1 мукофотонида шудааст. Ин дастгоҳи сохташуда барои майда ва маҷақ намудани ғалладонагиҳо таъин гардидааст, бо олоти кории устувонаҳои маҷақкунанда таҷҳизонида шудааст. Маҳсулнокии дастгоҳ дар як соат 0,5 тоннаро ташкил менамояд. Дастгоҳ бо тавононии муҳаррики барқӣ 4 кВт муҷаҳҳазинонида шудааст. Зудии даврзании навард -1500 давр/дақиқа ва вазни мошинолот – 85 кг буда, шумораи шахсони хизматрасон - 1нафарро ташкил медиҳад. Намнокии маҳсулот ҳангоми коркард бояд -20-30% бошад. Дастгоҳи ғалламайдакунак  барои маҷақ намудани ғалладонагиҳо дар фермаҳои парандапарварӣ то 1,5 мм ва барои фермаҳои чорводорӣ то 2,5 мм таъин гаштааст.