Озмоишгоҳи кишоварз
Соли 2007 таъсис дода шудааст. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш Саидов Ш. вазифаи мудирии онро ба ӯҳда дорад. Дар сохтораш ду бахш:агротехнология ва муҳандисӣ фаъолият доранд. Дар бахши агротехнологии озмоишгоҳ барномаҳо оид ба технологияи парвариши зироатҳои ғалладонагӣ, сабзавот, шолӣ ва ниҳолпарварии дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар бахши муҳандисиаш машқгоҳ мавҷуд аст, ки дар он ҷо ба донишҷӯён касби ронандагиро меомӯзонанд ва онҳо дар як вақт ба масоили таъмири техникаю олотҳо, баҳодиҳӣ ба сифати коркарди асосӣ, пеш аз киштӣ, кишт, нигоҳубини растаниҳо шиносонида мешаванд.
Дар баробари омӯзиши технологияи парвариши зироатҳо дар масоҳати вобастакардашуда истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шудааст, ки он ба омӯзгорон ва кормандони ёрирасон пешниҳод карда мешавад. Дар пойгоҳи ин озмоишгоҳ барои истеҳсоли маводҳои фармасевтии пешгирии муолиҷаи чорво шароит фароҳам оварда шудааст. Дар машқгоҳ дар се вақт имкон аст, ки 25 донишҷӯ қабул карда шаванд, зеро шароити зист фароҳам оварда шудааст.