Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур

Озмоишгоҳҳо

Озмоишгоҳи кишоварз 27.12.2012 12:27
Соли 2007 таъсис дода шудааст. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш Саидов Ш. вазифаи мудирии онро ба ӯҳда дорад. Дар сохтораш ду бахш:агротехнология ва муҳандисӣ фаъолият доранд. Дар бахши агротехнологии озмоишгоҳ барномаҳо оид ба технологияи парвариши зироатҳои ғалладонагӣ,  сабзавот,  шолӣ ва ниҳолпарварии дарахтони мевадиҳанда, ороишӣ ба роҳ монда шудааст.
Озмоишгоҳи лимӯпарварӣ 27.12.2012 12:27
Соли 2010 кушода шуд. Равияи таҷҳизоти илмияш ба технологияи парвариши лимӯ дар шароити гармхонаҳои болои заминӣ, роҳу усулҳои афзоиши он ва пешгирии паҳншавии ҳашароти зараррасону касалиҳо ва муолиҷаи онҳо равона карда шудааст.
Озмоишгоҳи геоинформатсионӣ 27.12.2012 12:27
Маркази геоинформатсионӣ соли 2008 дар якҷоягӣ бо донишгоҳи технологии Шведсия, ки онро комиссияи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ кардааст, таъсис ёфта буд. Он дар аввал озмошгоҳ буд “GISLab” ва имрузҳо он дар шакли марказ кор карда истодааст. Барои таъсиси марказ саҳми омӯзгори калони кафедраи геодезия ва геоинформатика Қодирова З.А. калон аст.
Озмоишгоҳи микробиотехнология 27.12.2012 12:27
     Соли 2005 таъсис дода шудааст. Сарварии озмоишгоҳро доктори илмҳои ветеринарӣ, академики АИКТ  И. Сатторӣ  ба уҳда доранд. Дар пойгоҳи озмоишгоҳ истеҳсоли доруҳои ватанӣ ба роҳ монда шудааст.
Озмоишгоҳи сифати тухмӣ ва дон 27.12.2012 12:27
Соли 2006 бо дастгирии Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар То ҷикистон ,  ки  аз  тарафи  Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Шветсия (SIDA)  маблағгузорӣ мегардад, сохта ба истифода дода шуд.
Озмоишгоҳи умумидонишгоҳӣ 27.12.2012 12:27
Соли 1986 таъсис дода шудааст. Тамоми таҷҳизоти кафедраҳои тахассусии факултетҳои агрономӣ, зооинженерӣ ва кафедраҳои дигар факултетҳо дар он ба таври мутамарказ гирд оварда, мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Озмоишгоҳи фитопатология 27.12.2012 12:27
Аз калимаи мураккаби юнонии phyton  растанӣ (ҳиссаи аввали калимаҳои мураккаб, ки муносибати калимаҳои мазкурро ба растанӣ ифода мекунад), pathos  касалӣ ва logos мафҳум, таълимот гирифта шудааст.
Озмоишгоҳи харитасозии рақамӣ 27.12.2012 12:27
Соли 2009 бо дастгирии лоиҳаи "ТЕМПУС-2008" - и Комиссиони Аврупо кушода шуд ва яке аз аввалин озмоишгоҳҳо дар ҷумҳурӣ мебошад, ки бо чунин шакл сохта шудаасту дигар намунааш нест. Вазифаи мудириаш ба ӯҳдаи омӯзгори калони кафедраи "Танзими замин" Мирзоев О. гузошта шудааст.
Озмоишгоҳи ҳимояи наботот 27.12.2012 12:27
Соли 2009 бо дастгирии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди (ҶММ) "ФАВЗ" дар пойгоҳи факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ кушода шудааст. Аз рӯзи таъсисаш д.и.к. Қаҳхоров Қ. Ҳ. вазифаи мудириашро ба ӯҳда дорад.